Сарони Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо судури баёнияе ба нишасти изтирории худ дар Истамбули Туркия поён доданд.
Бино ба иттилоъи хабаргузории Анатолии Туркия дар баёния аз ҷумла омадааст: “Давлати Фаластин ба марказияти Қудси шарқиро ба расмият мешиносем. Ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳем Қудси шарқиро ба унвони пойтахти ишғолии давлати Фаластин ба расмият бишносад.”
Дар баёния ҳамчунин аз тасмими Амрико ба шиддат маҳкум шуда, таъкид шудааст, ки агар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид(СММ) дар баробари тасмими Амрико дар мавриди Қудс иқдоме накунад, ин парвандаро ба Маҷмаи умумии Созмони Милал хоҳанд бурд.
Дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки имрӯз дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуд, намояндагони 48 кишвар аз ҷумла 16 раиси ҷумҳур ва сарони аввали давлатҳо ширкат намуданд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории Форс иттилоъ додааст, ки дар як иқдоми камсобиқа ҷаҳордаҳ узви Шӯрои амнияти СММ аз ҷумла Англия, Фаронса ва Русия дар ҷаласае,ки рӯзи ҷумъа баргузор шудааст, бо интиқоди шадид аз тасмими Амрико, гуфтаанд, ки сафоратхонаҳояшонро аз Телавив интиқол намедиҳанд.