Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

4 ҳиҷрати сиёсии тоҷикон дар сад соли охир

$
0
0

Илҳомҷон Ёқубов: бар хилофи ҳукумат мо тоҷиконро мӯътадил, солимфикр ва қонунмеҳвар муаррифӣ мекунем

Дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва мизи гирде дар мавзӯъи “Муҳоҷирати (ғайри) қонунӣ аз Осиёи Марказӣ ба Иттиҳоди Аврупо (ИА)” баргузор шуд, ки бинобар ширкати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар он ва мактуби мақомоти тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷаи Литва, баҳси он дар расонаҳо доғ шуд. Яке аз ширкаткунандагон ва суханронони ин мизи гирд Илҳомҷон Ёқубов буд, ки дар бораи тафсилот ва ногуфтаҳои ин нишаст “Паём” бо ӯ мусоҳибае анҷом дод ва нахуст аз вай пурсид, ки ин ҳамоиш бо ибтикори кӣ барпо шуд, чӣ ҳадаф дошт ва мавзӯъи суханрониаш чӣ буд?

– Рӯзи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвари Литва нишасте бо ҷамъи  коршиносону муҳаққиқони  созмонҳои дохиливу  байналмилалии марбут ба муҳоҷират ва ҳуқуқи инсон, намояндагони сафоратхонаҳо ва мақомоти расмии кишвари Литва дар се мавзӯъи муҳим:

-мушкилоти ҳуқуқӣ ва интегратсионии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ (ОМ)

– зуҳуроти тундгарои дар ОМ ва таъсири он ба Итиҳоди Аврупо, сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он

– бӯҳрони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва таъсири он берун аз кишварҳои ОМ,

бо ибтикори ду донишгоҳи калонтарини ин кишвар баргузор шуд.

Ҳадаф аз ин нишаст муайян кардан ва ё ҳадди ақал донистани сабабҳои сарозер шудани муҳоҷирин аз ОМ ба Аврупо дар солҳои охир, мушкилоти ҳуқуқӣ ва ҳамгироии (интегратсия) муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо, бахусус дар кишвари Литва, зуҳуроти ифротгароиву тундгароӣ ва роҳҳои пешгирии он, вазъи минтақа ва ба хусус Точикистон оид ба ҳуқуқи инсон буд.

Банда дар мавзӯъи “мушкилоти ҳуқуқӣ ва интегратсионии муҳоҷирини ОМ” маъруза доштам.  Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби Институти муносибатҳои байналмиллалӣ ва илмҳои сиёсатшиносии донишгоҳи Вилнюс аз ман хоҳиш шуда буд, ки байни муҳоҷирини ОМ мониторинг баргузор кунам ва натиҷаи он ва хулосаҳои худро ба донишгоҳи мазкур супорам.  Суханронии ман ҳам баргирифта аз хулосаи ҳамин мониторинг буд.

– Оё метавонед аз хулосаҳои ин мониторингро барои хонандагон маълумот диҳед?

Ин таҳқиқот ва ё мониторинг чанд масъаларо барои мо равшан кард. Аввал ин ки тоҷикон, ба хусус қишри озодандеш, зиёиён ва тоҷирон дар сад соли охир чаҳор маротиба ҳиҷрат кардаанд.  Шояд кам миллате пайдо шавад, ки дар сад соли охир 4 маротиба ҳиҷрат дида бошад. Муҳимтар он, ки ин ҳар чаҳор мавҷи муҳоҷират бо сабабҳои сиёсӣ рух додаанд.

Мавҷи аввал замони шикасти  Аморати Бухоро дар солҳои 1918-1921 аз ҷониби артиши сурх ва мисли имрӯз содир кардани фармонҳои нав дар бораи  мусодираи молу мулк, бастани масҷидҳо ва мадрасаҳо, бесабаб таъқиб кардан, зиндон кардан, ва дигар факторҳо будааст. Дар  ин мавҷ аксарияти муҳоҷиринро  зиёиен ва озодандешони он замон ташкил медоданд, ки ба ҷониби Афгонистон, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Арабистон, Туркия ва ҳатто Аврупо ҳиҷрат кардаанд.

Мавҷи дуввуми муҳочират ин ба солҳои 1937, рост меояд. Замоне, ки  Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд ва ин солро ба хотири ҳабсу куштори шахсиятҳо  дар таърих ба унвони  “террори сурх” меноманд. Дар он солҳо хеле аз шахсиятҳои барҷастаи тоҷик кушта, ҳазорҳо нафар бадарға шуданд ва ҳазорҳои дигар тавонистанд аз хоки ИШ берун шаванд. Бояд зикр кард, ки дар он солҳо кишвари Литва низ дар хайати ИШ буд ва беш аз 131 ҳазор шаҳрвандони Литва низ аз кишвари худ бадарға ва беш аз ҳазор нафари он ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд, ки дар ин мусибатҳо ин ду кишвар шарик будаанд.

Мавҷи севвуми муҳоҷират ин пас аз ба истиқлолият расидани кишвар ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, соли 1992 ва пас аз 16 –умин иҷлосияи Шӯрои олӣ аст, ки беш аз 1 млн шаҳрвандони кишвар аз мардуми оддӣ то равшанфикрону зиёиен ба кишварҳои Афғонистону Покистон, Қиргизистон, Қазоқистон, Руссия, Ирон, Туркия, Амрикову Урупо ҳиҷрат карданд.

Мавҷи чоруми ҳиҷрат соли 2013 пас аз интихоботи раисҷумҳур ва саркӯбу таъқиби мухолифин дар кишвар оғоз шуд. Ин раванд пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 суръат гирифт ва пас аз баста шудани ҲНИТ ва эълони ин ҳизб ҳамчун ҳизби экстремистию террористӣ ба авҷи худ расид. Дар ду соли охир беш аз даҳ ҳазор танҳо бо сабабҳои сиёсӣ аз кишвар хориҷ ва ба кишварҳои Туркия, Ирон, Украина, Руссия, Гурҷистон, Молдава, Белоруссия, Канада ва Иттиҳоди Урупо паноҳ бурда, дархости паноҳандагии сиёсӣ кардаанд. Барои мақомоти Литвонӣ тааҷҷубовар  он буд, ки чӣ гуна як тоҷики муҳоҷири сиёсӣ аз як кишвари диктотурӣ фирор ва ба як кишвари дигари диктотурӣ ба монанди Белоруссия паноҳандаи сиёсӣ шудааст. Дар Белоруссия танҳо соли 2016 беш аз даҳ нафар тоҷикон дархости паноҳандагӣ кардаанд.

  • Чӣ мушкилоте дар Литва бештар пешорӯи муҳоҷирон, ба хусус муҳоҷирони тоҷик ҳастанд?

Яке аз мушкилоте, ки муҳоҷирин дар кишвари Литва доранд ин масъалаи омӯхтани забон аст, ки хеле забони душвор доранд. Аз ин сабаб интегратсия ва ё мутобиқшавии муҳоҷирин каме тӯл кашида, бо мушкил анҷом меёбад. Мушкили дигар ин масъалаи ёфтани ҷойи кор аст. Агар аз як тараф надонистани забон ба ёфтани ҷойи кор таъсири худро расонад, аз тарафи дигар маоши кам ва камбуди ҷои кор ҳам сабаби дертар сурат гирифтани интегратсия мешавад. Мушкили дигар ин заъиф будани пуштибонии иттилоъотӣ (слабая информационная подержка) аз муҳоҷирин аст. Дар ин кишвар ҳам мисли дигар кишварҳои Аврупо ба ҳуқуқи инсон ва озодии дин ва дигар озодиҳои фардӣ тақрибан ягон маҳдудияте набуда, касе ба риш, тарзи либоспушӣ, иду маъракаву ананаҳо кордор нест.

Масъалаи ҷолиби диққати дигари аз  мониторинг ба даст омада ин аст, ки 90% аз муҳоҷирони тоҷик таъкид кардаанд, ки агар ҳукумати диктаторӣ дар кишвар аз байн равад ва ба ҷои он як ҳукумати демократӣ рӯи кор биёяд, онҳо ба Ватани худ бар мегарданд.

  • Муҳоҷирин ҳама сиёсӣ ҳастанд ё муҳоҷирини иқтисодӣ ҳам ҳастанд?

Муҳоҷиронро аз рӯи дархосташон паноҳанда медиҳанд. Аксарияти муҳоҷирон аз департаменти муҳоҷирати кишвари Литва талаби паноҳандагии сиёсӣ кардаанд. Зеро Аврупо ба шаҳрвандони Тоҷикистон паноҳандагии иқтисодӣ намедиҳад. Бо вуҷуди яке аз заифтарин кишварҳо будани Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ, мардуми кишвари мо дар Аврупо паноҳандагии иқтисодӣ талаб намекунанд. Фарҳанги мардуми мо ба гунаест, ки чунин амалро намеписандад.

Ҳатто муҳоҷирони мавсимии мо ба хотири таъмини зиндагии худ ба Русия рафта, ба хотири таъмини зиндагии зану фарзанд ва падару модарашон заҳмат мекашанд. Ҳеҷ тоҷике ба хотири мушкили иқтисодӣ падару модару ёру бародарашро партофта ба ҷои дигар намеравад, зеро ин корро тибқи фарҳанги миллӣ ва ахлоқи динӣ дуруст мешуморад.

 

  • Мақомоти тоҷик бештари муҳоҷирони ба Аврупо рафтаро ифротгарову террорист муаррифӣ мекунанд. Оё ифрот ё даҳшатафкание аз тарафи онҳо дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст?

 

Афсус, ки баъзе аз мақомдорони кишвар ба хотири ҳифзи курсӣ ва манфиатҳои шахсӣ  як қисми миллати тоҷикро он ҳам озодандешон, равшанфикрон ва ислоҳотхоҳонро ифротгарову  тундгаро муаррифӣ мекунанд. Ёд дорам,   соли 2016  дар ҳамоиши солонаи Варшава оид ба ҳуқуқи инсон, ки солона Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо
баргузор мекунад,  ҳайати мақомдорони тоҷикистонӣ дигар иштирокчиёни
тоҷики ин ҳамоишро гунаҳкор ба экстремизму тероризм карда буданд.  Беҳтар аст, мақомоти тоҷик решаи ин падидаро дар зулму истибдод бар мардуми хеш аз ҷониби мақомот, фасоду зиндагии пасти мардум, беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон ва ғайра
ҷустуҷӯ кунанд.  Аз тарафи дигар, ҳар касе ба чизе  бештар ниёз дорад, аз
он бештар мегӯяд.  Масалан гурусна дар
ёди нон асту онро бештар ба забон меорад, ташна аз об мегӯяд, озодандеш дар бораи озодиву рифоҳи мардум сухан меронад ва  онҳое, ки ниёз ба экстремизм терроризму  радикализм доранд   ҳамеша забонашон бо ин мафҳум тар аст. Вагарна аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо то ҳол ягон амали даҳшатафканона сурат нагирифтааст ва баъид аст, ки сурат гирад. Бар хилофи ҳукумат, ки ҳамаро аз мардуми тоҷик метарсонаду миллатро террорист муаррифӣ мекунад, мо талош мекунем, ки тоҷиконро ҳамчун мардуми мӯътадил, солимфикр ва қонунмеҳвар муаррифӣ намоем ва барои ин талош ҳам мекунем, ки ҳамагон дар чорчӯби қонун кору фаъолият кунанд.

 

Оё дуруст аст, ки мақомоти тоҷик ба ВКХ Литва нома фиристодаанд то аз сафари раиси ҲНИТ  ҷилавгирӣ шавад?

 

Бале, чанд руз пештар аз нишасти мазкур намояндагони донишгоҳ, ки ташкилкунандагони ин мизи гирд буданд,  аз чунин нома хабар доданд. Ба ҳамин хотир  гуфтанд, ки барои таъмини амнияти иштирокчиён аз хадамоти муҳофизон низ истифода мебаранд.

Баъдан  гуфтанд, ба онҳо маълум шудааст, ки чунин нотаву  номаҳо ба хотири иштирок накардани  раҳбари ҲНИТ дар дигар нишасту конфронсҳо  аз ҷумла ба донишгоҳи Ҳайдалберги Олмон,  Малайзия, Эрон ва ба кишварҳои мухталифи дигар низ фиристода шуда будааст.  Номае, ки ба ВКХ  Литва фиристода шуд, на танҳо аз конфронс ҷилавгирӣ накард, балки сатҳи нишастро болотар бурд ва дар кори нишаст аз мақомоти мухталиф дар сатҳи баланд низ иштирок намуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>