Каромат Шарипов, фаъоли тоҷик баъд ихроҷаш аз Русия дар бемористоне дар пойтахти Тоҷикистон бистарӣ шудааст.
Наздикони Каромат Шарипов ба расонаҳои иттилоъ додаанд, раҳбари Созмони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ду рӯз пеш ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, айни замон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бистарӣ шуда, сутунмӯҳраашро табобат мекунад.
Гуфта мешавад, бомдоди рӯзи 13-уми декабр Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ тавассути ҳавопаймои ширкати «Сибир», аз фурӯдгоҳе дар Маскав ба фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб фиристода шуд.
Пеш аз ин масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб эълом карда буданд, ки Каромат Шарипов, фаъоли сиёсӣ ва раҳбари Созмони муҳоҷирини тоҷик ҳудуди соати 03:00 ба вақти маҳаллӣ дар байни мусофирони хатсайри Маскав-Кӯлоб дида шуд.
Қаблан сару садоҳое ҳам буданд, ки Каромат Шарипов дар Русия баъд аз интиқол ёфтанаш боздошт ва ба самти номаълуме бурда шудааст, аммо наздиконаш дар сӯҳбат бо расонаҳо ин ҳама сару садоҳоро овозае беш надониста, гуфтаанд, ки вай ҳеч мушкиле бо мақомоти Тоҷикистон надорад.
12-уми декабри соли ҷорӣ, додгоҳи вилояти Маскав ҳукми додгоҳи шаҳри Люберетскийро бе тағйир боқӣ гузошт ва фармон дод, ки судиҷрочиён ҳукми судро фавран иҷро кунанд.
Пеш аз ин, 30-уми ноябри соли 2017, додгоҳи ноҳияи Люберетскийи шаҳри Маскав Каромат Шариповро ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани шаҳрвандии Русия муттаҳам карда, ӯро 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима ва фармони ихроҷашро аз Русия содир карда буд.
Додгоҳи вилояти Маскав дар ҳоле ҳукми додгоҳи Люберетскийи Русияро дар робита ба дарёфти шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт, ки вай ҳанӯз 24 сол қабл дар соли 1993 замоне, ки дар Пойгоҳи низомии Русия (дивизияи 201) хидмат мекард, шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда буд. Ба иборати дигар, Русия баъд аз 24 сол шаҳрвандии Каромат Шариповро ғайриқонунӣ хонда, ин шаҳрванди тоҷиктаборашро ба Тоҷикистон истирдод кард.
Ба гуфтаи наздикони Каромат Шарипов, чанде пеш ӯ гирифтори бемории сутунмӯҳра шуда буд ва як ҷарроҳие ҳам пушти сар гузошт ва то ҳол аз он беморӣ ранҷ мебарад. Интизор меравад баъди сиҳат ёфтанаш бо расонаҳо сӯҳбат кунад.