Тоҷикон дар 3- моҳаи сеюми соли ҷорӣ аз Руссия ба Тоҷикистон 742 миллион доллар фиристоданд.
15-уми декабри соли 2017, Бонки марказии Руссия бо нашри оморе итилоъ дод, ки дар 3-моҳаи сеюми соли ҷорӣ тавассути бонкҳо ва дигар муассисаҳои молӣ аз Русия ба Тоҷикистон 742 миллион доллар интиқол дада шуд.
Ба итттилои манбаъ, интиқоли пул дар ин семоҳа нисбат ба соли қаблӣ 16 дарсад зиёд ба қайд гирифта шудааст ва тахмин зада мешавад, ки дар маҷмӯъ то охири соли ҷорӣ ҳаҷми интиқол пули тоҷикистониён аз Русия беш аз 2- миллиард долларро ташкил диҳад.
Гуфта мешавад, муҳоҷирони корӣ ва дигар тоҷикони муқими Русия дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиарду 929 миллион доллар пул ирсол карда буданд. Пеш аз он дар соли 2015 интиқоли пули муҳоҷирон ба андозаи 1,3 миллиард доллар ва дар охири соли 2014 ба андозаи 3,3 миллиард доллар коҳиш ёфта буд.
Коршиносон омили асосии ин коҳишёбии интқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистонро домангир шудани Русия ба буҳрони молӣ ва ҳамзамон барҳам хӯрдани тарҳҳои зиёди иқтисодӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.
Пеш аз ин то оғози соли 2014 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард долларро дар бар мегирифт, аммо бо шурӯъи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия ин кишвар ба буҳрони молӣ гирифтор шуд ва то кунун ин буҳрон идома дорад.