Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Роҳкиро дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон қимат шуд

$
0
0

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ронандаҳои таксиҳои ба истилоҳ “3-сомана” қимати роҳкироро аз 75 то 100 дарсад боло бурдаанд.

Манобеи Паём аз Тоҷикистон мегӯянд, ки бо боло рафтани нархи гази моеъ, сӯзишвории аслие, ки дар Тоҷикистон аксари нақлиёти мусофиркашонӣ аз он истифода мекунанд, боис шудааст дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ нархи роҳкиро боло бурда шавад.

Ба гуфтаи сокинони пойтахт, то қимат шудани нархи гази моеъ ронандаҳои таксиҳои “се-сомона” барои интиқоли мусофирон аз як гӯша ба дигар гӯшаи шаҳр 3 сомонӣ мегирифтанд, вале айни замон  аз 5 то 6 сомонӣ талаб мекунанд.

Ҳамзамон баъзе аз сокинони шаҳри Кӯлоб низ дар робита ба ин масъала гуфтаанд, ки нархи роҳкиро дар ин шаҳр низ иттифоқан 100 дарсад қимат шуда, аз як 1 сомонӣ то ба 2 сомонӣ боло бурда шудааст. Болоравии қимати роҳкиро дар шаҳри Қурғонтеппа низ амалан ба мисли шаҳри Кӯлоб мушоҳида шудааст.

Гуфта мешавад, то чанд рӯзе пеш қимати як литр гази моеъ дар шаҳри Кӯлоб 3 сомонию 40 дирҳам буд, аммо дар ҳоли ҳозир ин навъи сӯзишворӣ 80 дирҳам гаронтар шуда, як литри он 4 сомонию 20 дирҳам нархгузорӣ шудааст. Қимати як литри ин намуди сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе низ аз 3 сомонию 60 дирҳам то 4 сомонию 10-20 дирҳам боло бурда шудааст.

Пеш аз ин ҳам дар зимистонҳои солҳои гузашта қимати роҳкиро ба таври сунъӣ ва ё табиъӣ тавассути воридкунандаҳои фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон боло мебурданд. Таъминкунандаҳои фаровардаҳои нафтӣ ба хусус, ширкатҳои “Фароз”, “Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Умед-88” ва дигарон гоҳо ба таври сунъӣ ва гоҳе ҳам ба таври табиъӣ маҷбур мешуданд, ки нархи фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистонро дар фасли замистон боло баранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>