Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Идомаи кашмакаш бар сари тақсими паноҳҷуён дар Иттиҳодия Аврупо

$
0
0

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бори дигар дар бораи тақсими масъулият дар қиболи паноҳҷуён ба тавофуқ нарасиданд. Нахуствазири Нидерланд ҳушдор дод, ки Иттиҳодияи Аврупо набояд ба “дуконе” табдил шавад, ки ҳар кас бар мабнои ниёзаш аз он харид мекунад.

Шомгоҳи панҷшанбе, 14 декабр музокира бар сари тақсими одилонаи паноҳҷуён миёни кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо бидуни натиҷаи чашмгире поён ёфт. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон пас аз поёни нишаст бо ҳамтоёни аврупоии худ эълом кард, ки мавозеъи аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи пазириши паноҳҷӯён тағйир накардааст.

Ба ин тартиб Чехия, Полша ва Венгрия аз пазириши саҳмиябандии паноҳҷӯён дар сатҳи Иттиҳодия Аврупо худдорӣ кардаанд.

Пазируфта нашудани паноҳҷӯён аз ҷониби ин се кишвари шарқи Аврупо боис ба таъвиқ афтодани ислоҳоти системаи паноҳчӯпазирӣ дар Иттиҳодияи Аврупо шудааст. Бар асоси пешнависи тарҳе, ки барои эҷоди ислоҳот дар ин система таҳия шуда, шеваи тақсими паноҳҷӯён дар Иттиҳодия бояд тавре бошад, ки фишор бар кишварҳое мисли Италия ва Юнон, ки ду маркази аслии вуруди паноҳҷуён ҳастанд, коҳиш ёбад.

Дар остонаи нишасти шомгоҳи 14 декабр Доналд Туск, нахуствазири собиқи Полша ва раиси давраии Шӯрои Иттиҳодия Аврупо дар баёнияе таъкид карда буд, ки тақсими иҷбории паноҳҷӯён байни кишварҳои узв метавонад боиси ихтилоф дар ин Иттиҳодия шавад.

Садри аъзами Олмон аз изҳороти Туск ба шиддат интиқод кард ва гуфт, аъзои Иттиҳодияи Аврупо бояд дар моҳҳои оянда барои ҳали ин мушкил “хеле кор кунанд”.

Себастян Куртс, садри аъзами Утриш низ зимни интиқод аз мавозеъи се кишвари Аврупои шарқӣ изҳор дошт, иттиҳодия Аврупо набояд таслими фишори се кишвари шарқи Аврупо шавад.

Марк Рютте,, нахуствазири Нидерланд нохушнудии худро аз сарпечии Чехия, Полша ва Венгрия аз пазириши саҳмиябандии паноҳҷӯён иброз кард ва ҳушдор дод: «агар чунин иттифоқе бияфтад, Иттиҳодияи Аврупо ба дӯконе табдил хоҳад шуд, ки ҳар кас ҳар чӣ дилаш хост аз он харид мекунад».

Ӯ дар ин росто гуфт: «ончӣ, ки Орбан (нахуствазири Венгрия) анҷом медиҳад, нанговар аст».

Давлати Виктор Орбан пас аз бастани марзҳои худ бо девори симхордор, дар моҳи октябр як ҳамапурсӣ дар робита бо пазириши паноҳҷуён дар Венгрия баргузор кард. Албатта, чун танҳо 45 дарсади воҷидони шароит дар ҳамапурсӣ ширкат карда буданд, натоиҷи он лағв шуд, аммо нозирони сиёсӣ ин иқдомро нажодпарастона ва дар муғоират бо мавозини ҳуқуқи башари Иттиҳодия Аврупо арзёбӣ карданд.

Садри аъзами Утриш иқдомоти давлати Орбан дар робита бо паноҳҷӯёнро бо сиёсатҳои нажодпарастонаи ҳукумати фашистҳо дар Олмон муқоиса кард.

Аъзои Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтаанд, то июни 2018 системаи паноҳҷӯпазирии худро якдаст кунанд. То он мавқеъ бояд бар сари саҳмиябандии паноҳҷӯён ба тавофуқ расида бошанд.

Дар ин росто тағйири “муқаррароти Дублин” низ баррасӣ мешавад. Тибқи “муқаррароти Дублин”, нахустин кишваре, ки паноҳҷӯ ба он ворид мешавад, муваззаф аст ба дархости паноҳандагии ӯ расидагӣ кунад.

Бознашр аз “Дойче-Велле”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>