Дар арсаи умумие, ки қаламрави миёни тӯдаҳои мардум ва ҳукумат аст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи сиёсӣ қарор доранд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ (civil society) шомили ниҳодҳо ва анҷуманҳое аст, ки довталабона аз сӯи шаҳрвандон таъсис мешавад. Ин ниҳодҳо худбунёд, яъне мустақил аз ҳукумат аст ва ба он такя надорад, аммо дар таомул бо ҳукумат ба сар мебарад ва талошҳои ҷамъии худро дар умури иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ дар ҷиҳати таъмиқ ва густариши демократия ба кор мебандад. Иттиҳодияҳои коргарӣ, анҷуманҳои занон, ниҳодҳои зистмуҳитӣ ва ҳуқуқи башарӣ, анҷуманҳои динӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ, намунаҳое аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меоянд.
Агарчи ниҳодҳои шаҳрвандӣ аз дербоз ба унвони маркази фаъолиятҳои дастаҷамъии мардум вуҷуд дошта, аммо ҷомеа шаҳрвандӣ ба маънои имрӯзии он, аз садаи ҳаҷдаҳуми мелодӣ дар фалсафаи сиёсии Ҷон Лок, Эмонуел Конт, Жон Жок Русо ва сипас Ҷон Створт Мейл дар садаи нуздаҳум бозтоб меёбад. Албатта файласуфе, ки адабиёти мудавван дар бораи арсаи умумӣ (public sphere) ба масобаи хостгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ падид овард, Юрген Ҳобермос, файласуфи бузурги қарни бистум аст.
Дар арсаи умумие, ки қаламрави миёни тӯдаҳои мардум ва ҳукумат аст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи сиёсӣ қарор доранд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чунон ки гуфта шуд, бештар ба умури иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ мепардозад, аммо ҷомеаи сиёсӣ дарбаргирандаи аҳзоб ва ташаккулҳои сиёсӣ дар ростои ба дастовардани саҳме аз қудрати сиёсӣ аст. Ду ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, метавонанд дар ҳамсоягии якдигар ҳамзистӣ кунанд ва мукаммали якдигар дар шаклгирии ҷомеаи демократӣ бошанд.
Тафаввуқи ақлоният бар ҳаяҷон ва эҳсос, нуқтаи азимат аз ҷомеаи тӯдавор ва раиятпарвар ба ҷомеае бо шаҳрвандони фаъол аст. Дар ҷомеаҳои бадавӣ ва ибтидоӣ мардум табаа ва раиятанд (subject) ва ҳанӯз ба мақоми шаҳрвандӣ (citizenship) нарасидаанд. Дар ин ҷомеъаҳо ҳокимон салоҳ ва фасод, улгуи хайр, сабки зиндагӣ, низоми ахлоқӣ ва навъи боварҳои сиёсӣ ва динии мардумро таъйин ва «дикта» мекунанд. Аммо дар ҷомеаҳое, ки ба озодӣ, баробарӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ расидаанд, қаймумият ботил мешавад ва мардум ба масобаи шаҳрвандони фаъол, сарнавишт ва сарриштаи умури иҷтимоӣ ва сиёсии худро дар даст мегиранд.
Ҷомеа шаҳрвандӣ намоди ҷомеаҳое аст, ки аз ноболиғӣ ва сиғорат берун омадаанд ва ба синни ақл расидаанд ва ба таъбири хирадмандонаи Конт, ҷуръати ба кор гирифтани фаҳми хешро доранд. Дар ин ҷомеъаҳо, мардум ба унвони ашхоси оқил, озод, баробар ва интихобгар ба расмият шинохта мешаванд. Касоне, ки аз каромати зотӣ бархӯрдоранд, дорои ҳуқуқи ло янфаки инсонӣ ҳастанд ва қудрати сиёсӣ аз иродаҳои баҳампайвастаи онон сарчашма мегирад ва шаҳрвандон, дар чорчӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бархурдор аз озодӣ, баробарӣ ва тасмимгирии дастаҷамъиро таҷриба мекунанд. Онон ба мафҳумҳои бунёдин ҳамонанди кишвар, қаламрав, сарзамин, миллат, ҳокимияти мардум, манофеъи миллӣ ва амнияти миллӣ бовар доранд. Онон дар амал авлавияти манофеъи миллӣ бар манофеъи шахсӣ ва гурӯҳиро пазируфтаанд ва қонуни асосиро зербинои назми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва танзими муносиботи миллӣ медонанд. Ин ҳама, нишон аз он дорад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бистари фарҳанг ва фалсафаи сиёсии демократӣ мутаваллид мешавад ва рушд мекунад. Кишварҳои истибдодзада дар баробари ҷомеаи шаҳрвандӣ муқовимат мекунанд ва тавони ҳамроҳӣ ва ҳамсозӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро надоранд. Ҳар чанд боландагии ҷомеа шаҳрвандӣ дар низомҳои худкома, коре ба ғоят душвор ва ҳамонанди пошидани базри гандум дар шӯразор аст, аммо пайгирии фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои истибдодӣ аз сӯи шаҳрвандони фаъол ва масъулиятшинос, мисли қатраҳои об аст, ки вақте ба таври мудовим бар санги хоро фурӯ мечакад, саранҷом рӯзе он санги сахт ва муқовимро сӯрох мекунад ва дарҳам мешиканад.
Фалсафаи шаклгирии ниҳодҳои шаҳрвандӣ
Чаро ба ҷомеаи мадание, ки ҳамонанди ҳалқаҳое аз шаҳрвандон дар арсаи умумӣ аст, ниёз дорем? Фалсафаи шаклгирии ниҳодҳои шаҳрвандӣ дар ҷомеаҳои инсонии имрӯза чист? Ба бовари ман, мавориди зер аз муҳимтарин далоили барпоии ниҳодҳои шаҳрвандӣ аст:
- Шаҳрвандон бо таъсиси ниҳодҳои шаҳрвандӣ, марҳалаи ҷомеаи бадавӣ ва тӯдавор ва фоқиди ҳувияти фардиро пушти сар мегузоранд ва вориди ҷомеаи шаҳрвандӣ мешаванд, ки қароргоҳи шаҳрвандони соҳибҳақ ва дорои ташаххуси инсонӣ ва шаҳрвандӣ аст. Онон дар ниҳодҳои шаҳрвандӣ, иттилоот, огоҳиҳо ва таҷрибаҳои хешро ба якдигар мунтақил мекунанд ва ба тадриҷ, дар партави ҳамандешӣ ва ҳамкунишӣ, ба қудрат ва маҳорати тасмимгирӣ даст меёбанд. Ниҳодҳои шаҳрвандӣ, зистгоҳи масъулиятшиносӣ, масъулиятпазирӣ, тасмимгирӣ ва кунишгарии дастаҷамъӣ аст.
- Шаҳрвандони фаъол дар ҷомеаи мадание, ки дар миёни мардум ва ҳокимияти сиёсӣ дар арсаи умумӣ ҷой гирифтаанд, дарки мустақим ва бевосита аз заъфҳо, қувватҳо, интиқодҳо ва хостаҳои мардум доранд. Онон метавонанд бо суратбандии вазъият ва матолиботи мардум, ҳокимони кишварро дар чорчӯби гуфтугӯ ва музокира, аз хостаҳои мардум огоҳ созанд ва ба пайгирии матолиботи иҷтимоӣ бипардозанд.
- Ниҳодҳои шаҳрвандӣ бо ифои нақши ахлоқӣ ва миллии худ дар арсаи умумӣ, роҳи тағйирот ва ислоҳоти тадриҷӣ ва мудовимро дар ҷомеа мекушоянд. Аз ин рӯ, кишвар бо мутароким шудани норизоятиҳо ва хостаҳо дар вазъияти гусаст миёни мардум ва ҳукумат, ба вартаи инфиҷор ва инқилоб фурӯ намеафтад ва шерозаи умур аз ҳам гусехта намешавад.
- Ниҳодҳои шаҳрвандӣ мададкори кишвар дар ҷиҳати тавсеа аз раҳгузари афзоиши суботи сиёсӣ ҳастанд. Ин ниҳодҳои довталабона ва мустақил, бо кунишгарӣ дар арсаҳои иҷтимоӣ ва ҳаллуфасли мушкилоти ҷомеа, аз сангинии бори масъулияти ҳукумат мекоҳанд то ҳукумат, фурсат ва имкони барномарезиҳои роҳбурдӣ ва назорат бар равандҳои мунтаҳӣ ба тавсеаи мутавозин, ҳамаҷониба ва пойдори кишварро ба даст овард. Афзун бар кӯмак ба таҳаққуқи ҳадафҳои миллӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ метавонанд дар роҳи баст ва иртиқоъи манофеъ ва амнияти миллӣ дар арсаи сиёсат ва равобити хориҷӣ, мададкори давлати миллӣ бошанд.
- Таомул миёни ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва ҳукумат, ба низоми сиёсӣ кумак мекунад, ки аз эътимод ва ризояти мардум бархӯрдор шавад. Тамоми ҳукуматҳои демократӣ, ба шиддат ба эътимод ва ризояти мардум ниёз доранд. Дар воқеъ, ҳамандешӣ ва ҳамкорӣ миёни ин ниҳодҳо ва ҳукумат, барои сохторҳои сиёсии кишвар, мавҳибате азим, мисолзаданӣ ва бебадал аст.
- Ниҳодҳои шаҳрвандӣ, омӯзишгоҳи тарбияти шаҳрвандон боангеза, масъул ва кунишгар аст. Афроде, ки дар сояи гуфтугӯ, табодули назар ва тасмимгирӣ, ором ором дар кори ҷамъе ва мушорикат ба тавофуқ ва ҳамёрӣ даст меёбанд. Афзун бар аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаи сиёсӣ, ки бо омӯзиш ва кори муштарак, ашхоси бо кифоят, мудир ва варзида дар амри кишвардорӣ ва сиёсатварзӣ тарбият мекунанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ метавонад хостгоҳе муносиб дар амри омӯзиш ва парвариши сармояи иҷтимоӣ барои тавсеаи кишвар бошад.
- Аз онҷо, ки фаъолиятҳои ниҳодҳои шаҳрвандӣ озодона ва довталабона аст, ин ниҳодҳо дар вазъияти буҳронӣ ҳамонанди вуқӯъи ҷанг, зилзила, сел, бемориҳои ҳамагир ва монанди инҳо, метавонанд бо созмондеҳии муносиб вориди амал шаванд ва ба мардуми осебдида кумак кунанд. Дар ингуна вазъиятҳои изтирорӣ низ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ бахшҳое аз бори масъулияти давлатро довталабона ба дӯш мегиранд.
Заминаҳо ва вижагиҳои ниҳодҳои шаҳрвандӣ
Ниҳодҳои шаҳрвандӣ дар сурате метавонанд дар ифои нақши бунёдини худ ба муваффақият даст ёбанд, ки вижагиҳои зерро доро бошанд:
- Чунон ки гузашт, ҷомеаи шаҳрвандӣ мураккаб аз ниҳодҳои шаҳрвандӣ, дар сурате дар як ҷомеа шакл мегирад, ки фалсафаи вуҷуд ва озодии фаъолиятҳои он аз сӯи ҳукумат пазируфта шавад. Фақат ҳукуматҳои қонунгаро, демократик ва боварманд ба ҳуқуқи башар , ки аз пойгоҳи мардумӣ ва эътимод ба нафси лозим бархӯрдоранд , метавонанд нақшофаринии ниҳодҳои шаҳрвандиро бипазиранд.
- Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳрвандон ба якдигар дасти дӯстӣ ва ҳамкорӣ медиҳанд, ки воҷиди сифоти ахлоқӣ, масъулиятпазирӣ ва тасмимгирии демократик бошанд. Бидуни эътиқод ба ин вижагиҳо, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, исмҳои бемусаммо ва ҷамъҳои мутафарриқ ҳастанд, ки ҳадди аксар маҳалли ҳарф ва ҳарф, иддаоҳои воҳӣ ва лофҳои хилоф хоҳанд буд. Бидуни ин ки хиште рӯи хишт бигузоранд ва чароғеро дар хонае торик барафурӯзанд.
- Бидуни бархӯрдорӣ аз истиқлол ва худбунёдӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, ҳалқаҳое мӯҳмал ва беҳосил хоҳанд буд. Ниҳодҳои шаҳрвандӣ дарбаргирандаи шаҳрвандони довталаб ва мустақил аз ҳукуматанд. Таъсиси ниҳодҳои шаҳрвандии ҳукуматӣ ва фармоишӣ, чизе ҷуз корикотури ниҳодҳои шаҳрвандӣ нест ва ҳеҷ самаре барои ҷомеаҳои инсонӣ надорад. Ниҳодҳои шаҳрвандӣ таъсис мешаванд, ки кунишгарони шаҳрвандӣ дар онҳо ба фаъолият бипардозанд, на инки «омил»-и (agent) ҳукуматҳо бошанд. Фарқ аст байни «ҷомеаи шаҳрвандии воқеӣ» , ки аз бистари ҷомеа бар мехезад, бо «ҷомеаи шаҳрвандии маснуъӣ» , ки сохтаву пардохтаи қудратҳои сиёсӣ аст. Аввали табиӣ, роҳгушо ва самарбахш аст. Дуввумӣ, маснуъӣ, намоишӣ ва беҳосил аст.
- Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахлоқӣ ва қонунмадор аст. Агар ангезаи хидматгузории миллӣ ва эҳтиром ниҳодан ба қонун, ҷои худро ба ангезаҳои шахсӣ ва зери по ниҳодани қонун бидиҳад, фурсатҳои инсониро нобуд ва табоҳ хоҳад кард. Дар ин сурат, ниҳодҳои шаҳрвандӣ асосан шакл намегиранд то маншаъи хидмат ва тавсеаи инсонӣ шаванд. Довталабони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бидонанд, ки дар халаъ даст ба таъсиси ниҳодҳои шаҳрвандӣ намезананд. Онон мебояд ба дурустӣ ҷомеаи худро бишносанд ва бо зарфиятҳо ва маҳдудиятҳои он ошно шаванд. Зарфиятҳоро мавриди истифода қарор бидиҳанд ва маҳдудиятҳоро ба тадриҷ аз миён бардоранд. Ақлоният ва худбунёдӣ ба кунишгарони ҷомеаи шаҳрвандӣ меомӯзад, ки бо тасмимгириҳои ормонӣ ва ғайри воқеӣ ва бо рафторҳое, ки баҳона ба дасти душманони ҷомеаи шаҳрвандӣ медиҳад, беҳуда арсаро бар худ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ танг накунанд.
Метавон ба ҳукуматҳо андарз дод, ки неъмати ниҳодҳои шаҳрвандиро дарк кунанд, ғанимат башуморанд ва ба ошёнаҳои шаҳрвандони шаҳрвандӣ, оташ наяфкананд то афроди боҳиммат, масъулиятшинос ва дилсӯз, корҳое ахлоқӣ ва худописандона барои мардуми худ анҷом диҳанд, захмеро марҳам бигузоранд, ятимеро бинавозанд, муҳити зистро аз олудагиҳо пок кунанд ва ҳуқуқи башарро далерона пос бидоранд. Ҳукуматҳо набояд ҷомеаи шаҳрвандиро бо тӯҳматҳое ҳамонанди ҷосусӣ ва экстремистӣ ва ихлолгарӣ бадном кунанд. Ин васоил муддатҳост, ки ба силоҳҳои зангзада ва нокоромад табдил шудаанд.
Ҳукуматҳо бояд инро бипазиранд ва дарк кунанд, ки ниҳодҳои шаҳрвандӣ ҳам метавонанд ва ҳақ доранд бо дигар ниҳодҳои байналмилалии расмӣ ҳамкорӣ кунанд. ҳамчуноне, ки худи ҳукуматҳо бо ниҳодҳои байналмилалии дигар ҳамкорӣ мекунанд. Бояд ба шаҳрвандони худ эътимод кунанд, ки онҳо низ Ватан ва мииллаташонро дӯст медоранду барои пешрафти кишварашон бо дигарон ҳамкорӣ мекунанд. Дар чеҳраи онҳо хоин ва ҷосус набинанд.
- Ҷомеаи шаҳрвандӣ фақат ҷамъ шудан, маҳфил ташкил додан ва баёния содир кардан нест. Мавзӯъи бисёр муҳим ва бунёдӣ он аст, ки афрод битавонанд бо ҳам будан, ҳамандешӣ, ҳамкунишӣ ва ҳамкориро дар ниҳодҳои шаҳрвандӣ таҷриба кунанд ва ба шакли маҳорат ва бӯъде аз абъоди шахсияти шаҳрвандии худ дароваранд. Агар дидед, ки панҷ нафар ба ин сурат бо ҳам ҷамъ шуданд ва ниҳоди шаҳрвандӣ ташкил доданд ва ба унвони намуна, гурӯҳи дарсӣ барои кӯдакони бебизоат доир карданд, ё веблог ва сайте таъсис карданд, ё дар маҳаллаи худ ҳамсоягонро ба покиза нигоҳдоштани муҳити зист фаро хонданд ва худ дар ин кор пешгом шуданд ва тавонистанд дар миёнмуддат ва дарозмуддат ба «кори дастаҷамъӣ» (ва на фардӣ) идома диҳанд, бидонед, ки ҳастаҳои зиндагисози ҷомеаи шаҳрвандӣ дар миёни мардум дар арсаи умумӣ бо муваффақият шакл гирифтааст. Бо ҳар ниҳоди мадание, ки бо муваффақият таъсис шавад, гоме дар роҳи сохтани ҷомеа ва низоми демократӣ бардошта шудааст.
Сайидалӣ Маҳмудӣ
Баргардон аз форсӣ