Бӯҳрони давомдори иқтисодӣ дар Русия, ки мантиқан ба бӯҳрони шадидтаре дар Тоҷикистон боис шуд, мақомоти кишварро маҷбур кард ба ҷустуҷӯи роҳҳои иловагии пур кардани буҷа пардозанд.
Ҳарчанд дар ҳисоботе, ки ҳукумат, бахусус бахши молиявии он ироа мекунад ҳама чиз хуб ва ҳатто олист, мушкили даромади буҷа сол то сол амиқтар мешавад. Давлат маҷбур аст барои бовар кунонидани мардум ва созмонҳои молиявӣ, ки рушди иқтисодӣ ҷараён дорад, ММД-ро дар ҳоли афзоиш нишон диҳад ва мантиқан буҷаро зиёд кунад. Вале соли чаҳорум аст, ки буҷа бо сомонӣ зиёд мешавад, вале бо доллар дар ҳоли камшавист. Касри буҷаи соли 2018-ро ҳам мақомот 0,5 дарсад тахмин задаанд, ки дар сурати надонистани вазъи воқеъӣ метавонад боиси ҳасади аксари кишварҳои дунё шавад. Вале мушкили иҷрои нақшаи буҷа дар соли ҷорӣ ҳатто барои онҳое, ки аз иҷтисод дуранд, ин паёмро медиҳад, ки касри буҷаро дар ин ҳад ҳатто орзу кардан ҳам дуруст нест.
То ду соли пеш мақомот қасри буҷаро аз ҳисоби кӯмакҳои хориҷӣ пур мекарданд, вале ду соли охир бинобар кундии ислоҳот ва истифодаи нодурусти маблағҳо, созмону кишварҳои кӯмакрасон ҳам аз ироаи кӯмак ё худдорӣ мекунанд ва ё ҳаҷми онро ба шиддат поён бурдаанд. Дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ ҳам ба ин нукта ишора шудааст: “Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Иттиҳоди Аврупо пардохти маблағ ба буҷаи Тоҷикистонро баъди дур шудани ин кишвар аз ҳадафҳои ислоҳоти сиёсӣ ва дуруст баррасӣ нашудани мушкилоти молиявӣ қатъ карданд”.
Зери мафҳуми истифодаи нодурусти маблағҳо амалиёти зиёде нуҳуфта аст ва яке аз онҳо метавонад ин бошад, ки давлати Тоҷикистон қарзҳои инвеститсиониро ҳам дар бартараф кардани касри буҷа истифода кунад. Барои соли 2018 ҳам барои кӯмак ба буҷа 45 миллион доллар кӯмаки хориҷӣ ба назар гирифта шудааст вале ин маблағи ночиз дар асл шояд 20 дарсади касри буҷаро пӯшонад. Аз ин ҷост, имкон дорад қисмате аз 365 миллион доллар маблағи инвеститсонии барои соли оянда дар назар гирифташуда, ба буҷа равон шавад. Албатта ин аз назари маблағгузорон пинҳон нахоҳад монд ва дарёфти қарзҳои инвеститсиониро ҳам барои минбаъд мушкил хоҳад кард, вале давлати Тоҷикистон айни ҳол ҷуз ин кор чораи дигаре надорад.
Мутаассифона ҳатто истифодаи 50 дарсади маблағҳои инвеститсионӣ ҳам касри буҷаро пӯшонида наметавонанд. Ин боис шудааст мақомот ҷуз дастдарозӣ ба кисаи бе ин ҳам тиҳии мардум роҳи дигареро набинанд. Ва ин дастдарозӣ “ҷарима” номгузорӣ шудааст.
Қаблан ҳам ҷарима чун ҷузъи даромади буҷа ҳузур дошт ва истифода мешуд. Вале ду соли охир ин намуди боҷситонӣ аз мардум ба нуқтаи аълои худ расидааст. То ҳаде, ки онро мешавад ба солҳои охири Аморати Бухоро қиёс кард. Намудҳои ҷарима ҳам то ҳаде гуногунанд, ки бархе аз онҳоро таърихи башарият ёд надорад. Барои мисол пешниҳоди нашрияи парлумони кишвар “Садои мардум”-ро ном гирифт, ки дар он омадааст пиёдагардоне, ки аз телефонҳои дастӣ истифода мебаранд, ҷарима шаванд. Ҳоло агар ин пешниҳод аст, ҳолатҳои ҷаримаситонии аҷибу ғариб низ зиёданд. Масалан дар мактаби рақами 16-и ҷамоати деҳоти Даҳанаи Кӯлоб тамоми ҳалқаву ангуштарӣ, дастпонаву гарданбанд ва дигар ороишоти духтаронро ҷамъ карда, гуфтаанд барои ҳар воҳиди ороишоти тилло 65 сомонӣ ва ғайри тилло 55 сомонӣ бояд ҷарима супоранд. Ё як нафар устои таъмири телефон дар Душанбе бинобар надоштани шаҳодатномаи устогӣ муодили 2000 доллари ИМА ҷарима шудааст
“Қонуншиканиҳо”-еро, ки дастандаркоронашон ҷаримабандӣ мешаванд танҳо аз матбуот мешавад садҳо намуд ҳисоб кард. Сар аз ҷаримабандии додгоҳи сайёр дар ноҳияи Рашт барои беназорат гузоштани кӯдакон, то ҷаримаситонии ширкатҳои бузург. Намудҳои гуногуни ҷарима, аз ҷумла барои сатри аврат, моҳигирӣ, забҳи чорво, даъвати меҳмонон, ҳоҷиошӣ, ивази асъор, занозанӣ, ҷашни зодрӯз, маросими азодорӣ ва ғайраро мешавад аз матбуот пайдо кард.
Ҳаҷми ҷаримаҳо ҳам мисли намудҳояш гуногун буда, аз 60-70 сомонӣ то 155 миллион сомонӣ аст, ки Кумитаи андоз се ширкати мобилии бузургро ба ҳамин миқдор ва дар умум беш аз 460 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ кардааст.
Ҳоло ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар буҷаи имсолаи кишвар чӣ қадар аст, ҳатто тахмин задан ғайриимкон аст, вале аз ин ки танҳо се ширкати мобилӣ қариб ним миллиард сомонӣ ё ба ҳаҷми 2 дарсади буҷаи кишвар(!) ҷаримабандӣ шудаанд, мешавад бо итминон гуфт, ки ҷарима ба яке аз воҳидҳои аслии пур кардани даромади буҷа табдил шудааст.
Қаблан ҳам ҷарима чун намуди ҷазо дар қонунгузории Тоҷикистон вуҷуд дошт, вале он чун олати рӯёнидани пора аз корхонаву соҳибкорон истифода мешуд. Вале чӣ боис шуд, ки ҳаҷми ҷаримаҳои воридшаванда ба буҷа ба маротиб афзоиш ёбад?
Ба андешаи ин ҷониб, агар аз як тараф нақшабандӣ шудани ҳар мақоми тафтишотӣ аз тарафи давлат ба ин боис шуда бошад, аз тарафи дигар таҳрики молии ин ниҳодҳо таъсири худро доштааст. Тибқи қонун Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук дар сурати ошкор кардани андози пинҳонкардашуда ё бори дар декларатсия зикрнашуда қисмате аз ин маблағро чун тӯҳфа мегирифтанд ва сар аз 1 январи соли оянда ҳақ доранд 30 дарсади онро дар ихтиёри худ гузоранд:
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 1 январи соли 2018 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фоизи маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 фоизи маблағҳои хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намуди андоз ворид карда шуда, ҳиссаи он мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои муқарраргардида истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба мақомоти мазкур татбиқ намегардад.
Аз як тараф ин қонун агар боис шавад андозу борҳои пинҳонкардашуда бештар кашф шаванд, аз тарафи дигар имкони сӯистифодаи он аз ҷонибаи Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук пайдо мешавад ва метавонад оқибатҳои фоҷеъаборе дошта бошад. Бе ин ҳам тафтишу рейдҳои зиёд ва ҷаримаҳои ҳангуфт боис шудааст бизнес аз кишвар бо суръат фирор кунад. Тибқи эътирофи худи Кумитаи андоз, соли ҷорӣ ҳудуи 200 000 соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд. Бештари соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёна танҳо ба он хотир қатъи фаъолият накардаанд, ки ҳанӯз гузинае барои худ пайдо накардаанд ва агарчӣ бидуни фоида аст, ба кори худ идома медиҳанд. Чӣ миқдор сармоягузорони хориҷӣ фирор кардаанд ё сармоя тарки кишвар кардааст ҳанӯз эълон нашудааст ва дар гумон аст, ки рӯзе эълон шавад.
Имкониятҳои ҷаримабандӣ ҳам рӯз то рӯз камтар мешавад. Барои мисол дигар дар гумон аст, ки Кумитаи андоз ё ниҳоди дигаре ширкатҳои мобилиро тавонанд ҷаримаи бузург банданд. Ё вақте як сарроф барои ивази 36 ҳазор 40 ҳазор ҷарима мешавад, дигар ҳеҷ касе даст ба саррофӣ нахоҳад зад. Ё вақте ронандаи маст 15000 ҷарима шуд, ин кор ҳамаи ронандагони арақнӯшро аз нӯшидани он пеш аз нишастан сари чамбарак боз медорад. Албатта ин аз як тараф ба камшавии ҷиноят меорад ва барои пулис хуб аст, ки дар ҳисоботаш аз камшавии ҷиноятҳо хоҳад гуфт, вале заминаҳои ҷаримабандиро ҳам кам мекунад.
Ду сол баъд мақомот аз кӣ андоз ва аз кӣ ҷарима хоҳанд ситонд?
Рустам Вализода