Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳадаф аз даъвати баргашти мухолифон чист?

$
0
0

Аслан ин масъала хеле пештар оғоз шуда буд. Пеш аз он ки Саидиброҳими Назар ба Тоҷикистон баргардад. Амният бо гурӯҳе аз мухолифони ҳукумат вориди гуфтугӯҳои алоҳида шуд. Баъзеҳоро ваъда карданд, ки баргардед ба кору фаъолияти худ идома диҳед, касе бо шумо кор надорад. Бар асоси ин ваъда чандин нафар аз Русия баргаштанд, вале дар фурӯдгоҳ боздошт шуданд ва шиносномаҳояшон мусодира шуд. Ба онҳо дастур дода шуд, ки бо касе дар ин бора сӯҳбат накунед. Дар акси ҳол парвандаҳоятон дар дасти мо омода аст.

Гурӯҳеро ҳатто баъди баргашт баъзе аз кормандони амният ба манбаи даромади худ табдил додаанд. Дар ҳар чанд моҳ онҳоро даъват намуда, бо баҳонаи дигар шудани раис ё масъуле ва дубора рӯи об баромадани парвандаашон таҳдид мекунанд ва маблағе аз онҳо меситонанд. Нафареро медонам, ки танҳо парвандаи ду ҳамсар доштанашро баҳона карда, ҳар чанд моҳ бо таҳдиду фишор аз ӯ пул меситонанд ва дигар ба ӯ иҷозати хориҷ шудан аз Ватанро намедиҳанд. Шиносномаашро мусодира кардаанд. Ҳатто барои кор ба Русия рафтан иҷозат надорад.

Аммо биёед бо ҳам ба чунин ваъдаҳо нигоҳ кунем.

Аз замони оғоз шудани мухолифатҳо дар кишвар, чунин ваъдаҳову хиёнатҳо борҳо такрор шудаанд. Аввалин чунин хиёнат ҳангоми дастгир шудани Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим аз сӯи мардуми майдони “Шаҳидон” буд. Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим ваъда доданд, ки ҳама чизро фаҳмиданд ва рафта мардуми Кӯлобро ором мекунанд. Бинобар ин, бо талоши зиёд собиқ раиси Ҳизби Наҳзати Ислом дар вилояти Кӯлоб марҳум Муҳаммадлоиқ Фозилов онҳоро бо мошини шахсии худаш ба Кӯлоб бурд. Аммо ба Кӯлоб расидан замон Сангак ва Рустам қасаму ваъдаҳояшонро фаромӯш карданд. Онҳо аз мошин фаромада Муҳаммадлоиқро зиндонӣ карданд. Баъди чанд муддат ӯро ба шаҳодат расониданд. Яъне онҳо ба ягон ваъда пойбанд набуданд.

Дуввумин хиёнат  ба ваъда ҳангоме буд, ки Қадриддин Аслонов барои ором кардани вазъият ба Қурғонтеппа сафар кард. Ӯ ба ин тоифа бовар кард ва рафт то ҳамроҳашон сӯҳбат кунаду вазъро ором кунад. Аммо боз ҳам хиёнат аз тарафи ҳамин гурӯҳ анҷом шуд ва ҷони худро аз даст дод.

Дар ноҳияи Восеъ дар ҷанозаи яке аз ҷавонони саршиноси ин ноҳия ҳам чунин як хиёнат сурат гирифт. Намояндагони Фронти халқӣ бо намояндагони ҳукумати муросои миллӣ дар чойхонаи Сайёд дар роҳи байни Данғара ва Норак музокира анҷом доданд. Қарор шуд тарафҳо ба фикри оташбас ва сулҳ шаванд. Дар ҳамон шабу рӯз ҷавоне ба номи Рустам дар Восеъ аз дунё гузашта буд. Чун ӯ яке аз ҷавонони саршиноси минтақа буд, як гурӯҳ ҷавонон аз тарафдорони Ҳукумати Муросои Миллӣ мехостанд дар ҷанозааш ширкат кунанд. Намояндагони Фронти Халқӣ ба онҳо ваъда доданд, ки дар ҷаноза ширкат кунед, касе ба шумо кор надорад. Мо ба шумо кафолат медиҳем. Аммо дар ҳамон ҷаноза ба сари ин ҷавонон ҳамла карданд ва дар онҷо чандин нафарро шаҳид карданд. Аз ҷумла Қурбонназар, Шодӣ, Ҳасан, Шариф ва дигарон шаҳид шуданд ва чанд нафаре ҳам ҷони солим ба дар бурданд, аз ҷумла Исмоил, маъруф бо лақаби Исмоили босс ва Хӯҷа. Инҳо ҳам ба ваъдаи онҳо бовар карда буданд ва бидуни силоҳ ба ҷаноза рафтанд, аммо боз ҳам хиёнат диданд.

Масъалаи дигар ин ваъдаи шахси Раҳмон ба Ғафор Мирзоев буд. Ӯ ба Ғафор ваъда дода буд, ки ӯро пас аз барканор шуданаш аз раёсати Агентии мубориза бо маводи мухаддир ба мансаби дигар таъин хоҳанд кард. Аммо Ғафори бехабар аз сиёсат чашмашро дар зиндон боз кард ва дигар кораш тамом шуд.

Домулло Абдураҳим Каримов ҳам яке аз ин намунаҳо аст. Агарчӣ имрӯз дар дохили кишвар бошад ҳам, он чи аз аввал ба ӯ ваъда карда буданд ба даст наовард. Сарвати калони ба даст овардаашро бо роҳҳои мухталиф гирифтанд ва худашро ҳар гунае, ки хостанд таҳқир карданд. Ӯ ҳамсари дуввумашро ба Аврупо фиристод ва мехост худаш ҳам бо ягон роҳ аз кишвар хориҷ шавад ва ба онҳо бипайвандад. Вале натавонист. Ба ӯ ҳам ваъда карданду хиёнат дид.

Чунин ваъдахилофиҳо дар корномаи ҳукумати Фронти халқӣ кам нестанд. Ба хусус пас аз имзои созишномаи сулҳ метавон намунаҳои фаровоне аз ин ваъдахилофиро мисол овард. Барои мисол як масъалаи муҳим дар ҳамин замина ҳамон 30%-и ҳукумат буд, ки бояд ба нерӯҳои мухолифин вогузор мешуд. Аз ин танҳо чанд дар сад иҷро шуд. Аммо ҳамеша мухолифонро ба мансабхоҳиву мансабталошӣ муттаҳам мекунад.

Охиринаш ҳам ҳамин санади ҳамдигарбахшӣ буд. Вақте як нафар дар зери як санад имзо мегузорад ва лаънати Худо ва ғазаби халқро нисори касоне мекунад, ки аз паси таъқиб ва интиқомҷӯӣ мешаванд, вале боз худи ҳамон имзо кунанда ва зердастонаш баъди чанде аз паси интиқом мешаванд, магар дигар метавон ба ваъдаҳои ӯ бовар кард?

Масъалаи дигар тафаккур ва андешаи ҳоким бар раҳбарони аввали кишвар аст. Яъне агар касе мақолаҳои раиси КДАМ ва баъзе дигар аз кормандони радаи болои ҳукуматро бихонад, ба ин натиҷа мерасад, ки сиёсати онҳо танҳо маҳдуд ва саркӯб кардан хоҳад буд. Вақте раиси КДАМ дар навиштаи худ ошкоро мегӯяд: “Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо асосан таърихи зиддиятҳост. Таърихи ҷангҳост. Таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷеа набояд сохт….” (Илм ва амният: С. Ятимов сомонаи ҷумҳурият). Маълум мешавад, ки ӯ ҳозир аст ниме аз мардумро бикушад то қудратро нигаҳ дорад. Ӯ саркӯбро фоҷиа намедонад. Ҳар қадар лозим бошад қатлу куштор хоҳад кард, то қудратро ҳифз кунад.  Оё ба ваъдаи чунин шахсоне бо ин тафаккур метавон бовар кард?

Аз тарафи дигар ӯ ба ягон навъи ахлоқ пойбанд нест. Ӯ пайрави мактаби Мокёвели дар сиёсат аст. Дурӯғ, фиреб найранг ва тазвир ҷузъи эътиқодоти ӯст. Зеро Макёвели барои ҳифзи қудрат ин корҳоро ҷоиз медонад. Яъне бар асоси андеша ва эътиқоди раиси КДАМ ва ҳатто худи Раҳмон тазвиру найранг ҳам василаи ҳифз ва нигаҳдошти қудрат ҳастанд. Бо тӯҳмату бӯҳтону дурӯғ ба зиндон афкандани як қишри зиёди мардум ҳам аз ҳамин андеша об мехурад.

Ба ҳамин хотир КДАМ тамоми фаъолиятҳои мухолифинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо мавриди омӯзиш қарор додааст ва ҳатто касонеро, ки дар мухолифат бо амалҳои онҳо ҷумлае навиштаанд ба унвони хоину ватанфуруш муаррифӣ кардаанд. Чуноне, ки раиси КДАМ менависад: “Таҳлили “нутқи хаттӣ ва даҳонӣ”-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити элекронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе “доди ватанхоҳӣ” мезананд, мисоли ҳамин тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд”.  

Бар ҳамин асос барои ҳар як мухолиф парвандае сохтаанд ва ҳамчун хоин ба мухолиф нигоҳ мекунанд на ҳамчун мухолиф. Пас куҷост кафолат ки баъди баргаштан ва ба ҳадаф расидан ин парвандаҳо дубора ба кор андохта намешаванд? Чуноне, ки ҳоло тамоми иштирокчиёни нооромиҳои даврони ҷанги шаҳрвандиро шикор карда истодаанд.  

Аз тарафи дигар ин даъват як даъват ба ҳамкорӣ ё ҳамдигарфаҳмӣ нест. Онҳо мегӯянд мо медонем шумо хато кардаед ва ҳозирем шуморо бибахшем. Яъне он чи мо кардаем ва ҳоло анҷом дода истодаем дуруст аст. Шумо биёед инро аз наздик бинед ва қабул кунед. Чуноне, ки сомонаи “Ахбор” аз қавли яке аз онҳо навиштааст: “Онҳо низ фарзандани ҳамин сарзаминанд ва албатта, дили онҳо ҳам ба ин кишвар месӯзад. Вале аз баҳсҳои ин нафарон дар Интернет бармеояд, ки онҳо аз тағйироти бузурге, ки солҳои охир дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, хабар надоранд. Хабар надоранд, ки барои мисол, Душанбе чӣ қадар обод шуд, чӣ қадар биноҳои наву мӯҳташам дар пойтахт қомат афрохтанд, чӣ қадар корхонаҳову роҳҳо ва купруку нақбҳои нав сохта шуд. Мо фикр мекунем, ки агар ин намояндагони мухолифин ин пешрафтҳоро ба чашми худ бубинанд, назарашон дар бораи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон хеле дигар ва албатта, нармтар хоҳад шуд”.

Яъне онҳо бо ин даъват мехоҳанд тамоми зиндон кардану саркӯб кардани фаъолони сиёсиро дуруст унвон кунанд. Исбот кардан мехоҳанд, ки ҳамаи амалҳояшон дуруст будааст.

Аз тарафи дигар, онҳо пешрафтро дар бинову сохтмонҳое мебинанд, ки моли як гурӯҳи хоссе аз худи мансабдорон аст. Тақрибан аксарияти сохтмону биноҳову корхонаву бозорҳо ба як хонавода тааллуқ доранд. Вале касе набояд инро зикр кунад.

Каромати инсонӣ, ҳуқуқи башар, озодии баёну ақида ва хеле масоили дигарро мехоҳанд дар сояи ҳамин биноҳои сохтаи худашон пинҳон кунанд.

Агар масъала чунин аст, чаро мардуми муҳоҷирро бо ҷои кор таъмин карда наметавонанд?

Чаро дар ҳамин чанд моҳи охир чандин соҳибкорро зиндонӣ карданду имкониятҳои онҳоро аз худ карданд?

Чаро ҳадди ақал намегӯянд, ки мо ҳам иштибоҳ кардем, биёед бо ҳам ояндаро дуруст кунем?

Зеро онҳо ҳоло ҳам бо мухолифин ҳамкориву сулҳу оштӣ кардани нестанд. Ба қавли шоир ва мутафаккири тоҷик устоди бузургвор Мӯъмин Қаноат дар Тоҷикистон ҳоло ҷанг бе силоҳ идома дорад. Ҳукуматдорон аз афкори ҷангталабонаашон нагузаштаанд, танҳо шеваи ҷангашонро иваз кардаанд. Ҳоло ҷангро бидуни силоҳ ва бо тазвиру найранг идома додан мехоҳанд   

Аммо чаро ҳукумат ҳоло ба фикри даъвати мухолифон афтодааст?

Пас аз фишорҳои зиёд болои хонаводаҳои мухолифон ҳукумат бенатиҷа будани ин амалҳои худро эҳсос кард. Касоне дар ҳукумат пайдо шуданд, ки ин амалҳои ғайриинсониро дигар қабул карда натавонистанд. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ҳам дигар ба ин амалҳо бетафовут буда наметавонистанд. Дар чандин созмонҳои бонуфуз ҳукумат ҷойгоҳашро аз даст дод. Аллакай аксарияти кишварҳои дунё ба ҳукумати Тоҷикистон ба унвони як ҳукумати диктатории авлодӣ нигоҳ мекунанд. Ҳукумат эътиборашро дар саҳнаи ҷаҳонӣ аз даст додааст.

Ба хусус пас аз сафари Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех ва эътирози чанд ҷавони боҷасорат дар муқобили ӯ, аллакай дарк кард, ки дигар ҷаҳон барои ӯ тангтар мешавад. Аз ин пас Раҳмон наметавонад ба ягон кишвари Аврупоӣ оромона сафар кунад. Агар он вақт ҷавонон камтар ширкат карданд ба хотири он буд, ки хеле аз тоҷикони Аврупо ҳақи ҳаракатро пайдо накарда буданд. Аммо ҳоло аксарияти онҳо паноҳандагӣ дарёфт кардаанд. Ҳоло агар Раҳмон ба ҳар кишвари Аврупоӣ сафар кунад, ҳадди ақал 50 нафар метавонад дар тазоҳурот бар зидди ӯ ширкат кунад ва садояшро ба ӯ ва кишвари мизбонаш бирасонад. Ин як амри воқеист. Бо гузашти замон чунин ҷавонҳо бештар ҳам мешаванд. Раҳмон маҷбур мешавад ё ба Аврупо сафар накунад ё агар сафар мекунад чунин вазъиятро интизор бошад.

Масъалаи дигар ба руйхати Магнитский ворид кардани Саимӯъмин Ятимов мебошад. Масъала ин аст, ки мухолифини Раҳмон пештар аз шеваҳои муборизаи сиёсӣ аз хориҷи кишвар чандон огоҳӣ ва таҷриба надоштанд. Ҳоло онҳо пухтатар шудаанд ва таҷриба касб кардаанд.  Ҳоло мухолифон дар хориҷ ба фикри ба додгоҳ кашидани мақомот ҳастанд. Барои ин кор роҳҳои мухталиферо омӯхта истодаанд. Вазъияти дохилии худро ҳам сару сомон дода истодаанд.

Мутмаиннан онҳо ба фикри роҳҳои дигаре ҳам хоҳанд буд, ки ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ ба чолиш бикашанд ва ҳатман хоҳанд кашид. Зеро аз таҷрибаи дигарон дарс мегиранду ҳамаи инро меомӯзанд.

Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки аксарияти онҳое, ки ба Аврупо паноҳанда шудаанд дар Тоҷикистон тоҷирони муваффақ ҳам буданд. Ҳоло бо дарёфти паноҳандагӣ роҳи онҳо барои кору фаъолияти иқтисодӣ ҳам бозтар мешавад. Вақте ин нерӯҳо аз нигоҳи иқтисодӣ қавӣ шуданд ҳатман фаъолияти онҳо ҳам бештар хоҳад шуд. Пас ҳамаи инро дар назар гирифта, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад байни мухолифин фитнаву ихтилоф бикорад ва то ҷое метавонад бо баъзе аз онҳо забон як кунад. То пеши роҳи шаклгирии як опозитсияи қавиро бигирад. Аммо бо ингуна пешниҳодҳои яктарафаи мутакаббирона шахсиятҳои алоҳидаи мухолифон чӣ посух хоҳанд дод мунтазир хоҳем монд.

Коваи Хатлонӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>