Амрико ҳаҷми кӯмакҳои худ ба Созмони Милали Муттаҳид(СММ)-ро кам кардааст.
Ба гузориши бахши форсии ВВС, Никки Ҳейлӣ, намояндаи Амрико дар СММ эълон кард, ки кишвараш ҳаҷми пардохтҳои худ дар соли 2018-2019 ба СММ- ро ба миқдори 285 миллион доллар, коҳиш додааст.
Хонум Ҳейли далели коҳиши пардохтҳои Амрико ба СММ-ро нотавонии ин созмон эълон карда афзудааст, ки кишвараш иҷозат нахоҳад дод саховати мардуми Амрико бидуни назорат боқӣ бимонад. Вай гуфтааст: “Нокоромадӣ ва хароҷоти беш аз ҳадди Созмони Милал ба хубӣ ошкор аст. Мо дигар иҷозат нахоҳем дод, саховати мардуми Амрико мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад ва ё беназорат боқӣ бимонад.”
Коҳиши кӯмаки молии Амрико ба СММ дар ҳолест, ки рӯзи 21 – уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милал бо аксарияти раъйҳо, бар зидди тасмими раисҷумҳури Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил раъй дода буд.
Ҳамчунин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амкрико таҳдид карда буд, агар кишварҳо ба Қатъномаи СММ оиди Байтулмуқаддас раъйи мусбат бидиҳанд, кӯмаки молӣ ба онҳоро қатъ мекунад.
Амрико қабл аз коҳиши кӯмакаш ба СММ, солона 3,3 миллиард доллар, яъне баробар ба 22% будҷаи солонаи СММ-ро таъмин мекард.