Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст дубора барои раҳоӣ аз бӯҳрони бонкӣ даст ба кор шавад. Барои ин кор комиссиюни давлатие бо роҳбарии Шариф Раҳимзода, раҳбари Кумита оид ба молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон таъсис гардидааст.
Қарор аст ин комиссиюн, ки бештар барои наҷоти ду бонки бузург, вале алъон бӯҳронии Тоҷикистон – “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” машғул хоҳад буд, рӯзҳои наздик ба кор оғоз кунад.
Ҳанӯз барномаи кории ин комиссиюн расонаӣ нашудааст ва маълум нест ҳукумат бо чӣ роҳе мехоҳад бонкҳоро наҷот диҳад. Қаблан барои раҳонидани бонкҳо аз бӯҳрон,, давлати Тоҷикистон ба ҳаҷми се миллиард доллар қоғазҳои қиматнок ба фурӯш бароварда буд, аммо вазъи бонкҳо беҳбуд наёфт. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар оғози бӯҳрони бонкӣ ба мардум ваъда кард маблағҳои дармондаашон дар бонкҳоро то охирин дирам дарёфт хоҳанд кард, вале то ҳол аксари муштариёни бонкҳо маблағҳояшонро барнагардондаанд.
Тибқи иттилое, ки Паём дар даст дорад, аксари он се милларди ҷудошуда барои пардохти қарзи бонкҳо аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ масраф шудааст ва танҳо қисми кӯчакаш барои бозгардонидани амонатҳои мардум сафарбар гаштааст. Ҳамон қисми кӯчаки ба муштариён расида ҳам бештар ба муштариёни мансабдору наздикони онҳо пардохт шудааст.
Моҳе қабл, аниқтараш 29 ноябр раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфта буд барои наҷоти бонкҳо боз 2,1 миллиард сомонӣ зарур аст, вале то имрӯз ҳеҷ шарҳе аз ҷониби ҳукумат дар ин масъала садо надодааст. Коршиносон ҳам ба ин назаранд дар ҳоли ҳозир давлат имкони ҷудо кардани маблағро надорад. Ва ҳатто дар сурати ёфт шудани маблағ ҳам, баргардонидани боварии мардум ба ин бонкҳо мушкил хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ВАО ҳанӯз моҳи октябр иттило дода буданд, ки “Агроинвестбонк” 75 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст. Шумори коргаронро то 1 октябр аз 2044 нафар ба 524 нафар расонидааст.
Дар аввали соли 2017 Вазорати молия, Бонки миллӣ ва “Агроинветсбонк” “Нақшаи ҷорабиниҳо тибқи стротежии беҳбудбахшии вазъи молии “Агроинвестбонк” барои солҳои 2017-2019”-ро тасдиқ карданд. Нақшаи қаблӣ солҳои 2014-2016-ро дар бар мегирифт.
Ҳамон вақт ВАО хабар дода буданд, ки фаъолияти 103 маркази хизматрасонии бонкӣ, панҷ шӯъба ва як департаменти амалиётӣ боз дошта шудааст. Дар ҳоли ҳозир “Агроинвестбонк” танҳо дар интиқоли маблағ, ивази асъор, нигаҳдории пулу ашёи қиматбаҳо дар сейфҳо хизмат мерасонад. Ҳамчунин амалиёти вобаста ба пардохти қарзҳо ва пардохти депозитҳо гузаронида мешаванд.
Эълон шудааст, ки муштариёни бонк метавонанд дар як рӯз бо корти бонкӣ 500 сомонӣ (57 доллар) аз суратҳисобашон бигиранд, вале на ҳама вақт ба онҳо ин кор муяссар мешавад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ҳамон ҷаласаи парлумонии моҳи қабл гуфта буд “Тоҷиксодиротбонк” ба муштариёнаш 54 миллион сомонӣ (6.1 миллион доллар) ва “Агроинвестбонк” 61 миллион сомонӣ (6,9 миллион доллар) баргардонидаанд.
Тибқи гуфтаи ӯ дар охири моҳи ноябр ба муштариёнаш “Агроинвестбонк” 700 миллион сомонӣ (79,5 миллион доллар) ва “Тоҷиксодиротбонк” 904 миллион сомонӣ (102 млн доллар) қарздор боқӣ мемонанд.
Баъди маблағгузории Бонки миллӣ ба ин ду бонк 87,3 дарсади саҳмияҳои “Агроинветсбонк” ва 85,9 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба ихтиёри вазорати молияи Тоҷикистон гузаштанд.