Иззат Амон, раҳбари созмони «Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон» ва вакили дифоъ бо навиштани як номаи саркушода ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ӯ талаб кардааст, ки ба қавонини Тоҷикистон ва байналмиллалӣ пойбанд бошад ва ҳуқуқи инсонҳоро поймол накунад.
Ин нома ба мавзӯъи нопадидшавии тоҷикон дар Русия нигаронида шудааст, ки қисмате аз онҳоро мақомоти махсуси Тоҷикистон дуздида, ба кишвар мебаранд.
Матни пурраи нома ба шакли зер аст:
Ба таваҷҷӯҳи Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода
Мӯҳтарам Вазир!!!
Вақтҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки наздиконашонро дар Руссия гум кардаанд ба маротиб зиёд гаштаанд. Шаҳрвандон бо аксу паспорту телефони мобил ба дафтари мо муроҷиат намуда хоҳиш менамоянд то ба онҳо кӯмак намоем.
Қисмате аз беномунишонгаштаҳоро мо аз зиндонҳои Руссия, ва ё аз таҳхонаҳои мақомоти махсуси ин кишвар пайдо мекунем, вале пайдо кардани аксарият бароямон муяссар намегардад.
Ҳалимов Фаризҷон Розиқович, соли таваллуд 02 феврали 1988, зодаи ноҳияи Ҳамадониӣ, кучаи Умари Хаём, хонаи 4 яке дигар аз беномунишонгаштаҳо дар Руссия мебошад. Модар ва бародари Фаризҷон ба мо муроҷиат карда қиссаи боздошташон аз ҷониби кормандони ВКД-ро нақл карданд. Мо ба мақомоти Руссия расман муроҷиат намуда ҷавоби онҳоро гирифтем. Шаҳрванд Ҳалимов Ф.Р аз ҷониби мақомоти Руссия дастгир нагаштааст. Вале аз тариқи ғайрирасмӣ ба мо маълум гашт, ки Ҳалимовро кормандони мақомоти махсуси Тоҷикистон боздошт намуда ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Аз Шумо ҳамчун шахси масъули як ниҳоди калидии кишвар эҳтиромона хоҳиш менамоям пойбанди қавонини кишвар ва шартномаҳои байналмилаллие, ки Тоҷикистон зери онҳо имзо гузошта аст, бошед. Ҳуқуқи инсонҳоро дар дарёфти маълумот оиди пайвандонашон поймол нанамоед.
Зиёд мисол метавон зад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Руссия ғайб зада, баъд аз чанд моҳ дар боздоштгоҳи Тоҷикистон пайдо мегарданд. Мо зидди мубориза бар зидди ҷиноёти муташаккили байналмиллалӣ нестем ва агар лозим бошад саҳми худро низ мегузорем, вале дарёфти маълумот оиди боздоштшудаҳо, ки дар қавонини Тоҷикистон ҳимояи худро ёфтаанд, комилан чизи дигар аст.
Умедворам кумаки худро оиди пайдо кардани шаҳрванд Ҳалимов Ф.Р дареғ намедоред.
Бо эҳтиром, Иззат Амон
Раҳбари ташкилоти байналмиллалии «Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон»