Вохӯрии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо дастаи миллии Туркия бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.
Бино ба иттилои сомонаи “Федератсияи Футболи Тоҷикистон”, тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Туркия мулоқот кард, ки натиҷаи ин мусобиқа бо ҳисоби мусовӣ — як бар як ба анҷом расид.
Дар ин бозӣ капитани тими милли Тоҷикистон Некрӯз Алимаҳмадов дар дақиқаи 13 тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон кард ва аз тими миллии Туркия Муҳаммад Олтуной дар дақиқаи 27-ум тавонист, ки ҳисобро баробар кунад.
Дар назар аст имрӯз байни дастаҳои миллии Тоҷикистон Туркия вохӯрии дигаре анҷом дода шавад.
Ин мусобиқа ба хотири омодагӣ ба финал дар чемпионати Осиё оид ба футболи 2018 дар шаҳри Душанбе дар толори варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.