Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Идомаи танишҳо бар сари тасмими Трамп

$
0
0

Аз замони тасмими Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил, танишҳо дар минтақа ва ҷаҳон бар сари он идома дорад.

Ба гузориши Садои Амрико дар тозатарин рӯхдод, фаластиниҳо бо санг ва исроилиҳо бо гази ашковар рӯ дар рӯи ҳам қарор гирифтаанд, ки боиси кушта, захмӣ шудан ва боздошти садҳо фаластинӣ шудааст.

Ҳамчунин баъд аз он ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид(СММ) бо аксарияти овоз ба Қатъномаи Созмони Милал оиди Байтулмуқаддас раъйи мусбат дод, Амрико пардохтҳои худ ба ин созмонро коҳиш дод, ки дар пайи он Созмони Милал барои ду соли оянда будҷаи худро кам кардааст.

Ба иттилоъи Дойче-Велле, сар аз соли 2018,  Созмони Милали Муттаҳид, корро бо коҳиши 5% будҷаи худ оғоз хоҳад кард. Дойче-Велле илова мекунад, ки ин тасмим бо истиқболи Амрико рӯ ба рӯ шудааст, зеро Амрико инро муваффақияти худ арзёбӣ намуда, муътақид аст, ки ин тасмим натанҳо сабаби сарфаҷӯӣ дар хароҷоти СММ мешавад, балки пуштибонӣ аз аҳдофи Амрико дар саросари ҷаҳонро тақвият менамояд.

Дар рӯйдоди дигар дар ҳамин қазия, хабаргузории Анадолу имрӯз 27 – уми декабр, хабар додааст, ки намояндагони Маҷлиси Эрон дар нишасти изтирории худ, бо 207 раъйи мувофиқ ва бидуни мухолиф, Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти абадии Фаластин эълон кардаанд.

Дар баробари мухолифати аксарияти кишварҳои узви СММ, бархе манобеи исроилӣ мегӯянд, ки якчанд кишвар аз ҷумла Ҳондурас, Филипин, Руминия ва Судони Ҷанубӣ омодагии худро барои интиқоли сафоратҳояшон аз Телавив ба Байтулмуқаддас изҳор кардаанд.

Ҳамчунин рӯзи 24 – уми декабр, ВВС хабар дода буд, ки раиси ҷумҳури Гуатемала, Ҷими Моралес гуфтааст, ки омодааст сафорати кишварашро ба Байтулмуқуддас интиқол бидиҳад. Дар пайи ин тасмим, Иво Моралес раиси ҷумҳури Боливия, ҳамсоякишвари Гуатемала, вокуниш нишон дода гуфт: “Гуатемала шарофат ва каромати худро ба Амрико фурӯхт”.

Танишҳо ҳанӯз идома дорад ва маълум нест, кадом кишварҳо мавриди ғазаби Трамп қарор гирифта аз кӯмакҳои молӣ маҳрум ва кадоме аз кишварҳо ба руйхати ба гуфтаи Иво Моралес “фурӯхташудаҳо” ҷой мегиранд?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>