Дирӯз дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” муроҷиати гурӯҳӣ ба раисҷумҳур бо талаби боз кардани NGN нашр шуд.
Қаблан, замоне ки раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурӣ дастур дод ин шабака баста шавад, сару садои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ афтода буд. Аммо зери ин нома дар 24 соат ҳамагӣ каме бештар аз 100 нафар имзо кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо аз ин шабака аз 500 ҳазор то 1 миллион нафар истифода мебаранд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро истифодабарандагон зери нома ба расиҷумҳур имзо намегузоранд. Ба иҷро нашудани дархосташон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бовар надоранд, ё метарсанд?
Ба ҳамин суол Паём ба коршиносон муроҷиъат кард.
Алим Шерзамонов: Банда худам ягон бор дар чунин номаҳо имзо нагузоштаам ва намегузорам, чун ин иқдоми хеле ғайримантиқӣ аст. Наход муаллифони ин нома бовар доранд, ки вазире ба монанди Бег Зуҳуров аз пеши худ ба чунин иқдоми муҳими сатҳи давлатӣ даст занад? Чунин қарорҳои калидӣ дар сатҳи хеле баландтар аз Бег Зуҳуров қабул мешаванд ва аз нигоҳи банда мо мехоҳем ба худи ташаббускор аз шахси худаш шикоят барем. Бо ин иқдомот мо поп Гаппони русиро мемонем, ки аз шоҳ ба худи шоҳ дод бурданӣ буд.
Аммо дар мавриди имзо, кам нестанд нафароне, ки мисли ман фикр мекунанд. Сонӣ, аъзои фаъоли фейсбуки тоҷик аз ҳазор беш нест ва табиист, ки ҳамаи ин ҳазор нафар дар ҳамбастагӣ ба як карор намеоянд. Дар гурӯҳи дигаре блогер Саид Сафаров ба ҷонибдории истеъфои вазири алоқа зиёда аз 600 имзо ҷамъ кард ва мутмаинам, ки аз ин зиёд имзоро наметавонем ҷамъ кунем.
Иззат Амон: гумон мекунам ҳар ду ҳолат ин ҷо ҷой дорад: ҳам тарс, ҳам нобоварӣ. Тӯли наздик ба 30 соли истиқлолият кадом як муроҷиати шаҳрвандон ба ҳукумат ба назар гирифта шуда буду қарори ҳукумат бо дархости сокинони кишвар тағйир гашта буд, ки ин дуюм бор бошад? Албатта мардум метарсанд, зеро ба хотири як лайк мардумонро ба маҳбас равона карда истодаанд.
Темур Варқӣ: Якум, иштирокчиёни ин гурӯҳ шояд аз 6 ҳазор нафар зиед набошад. Бисёриҳо, аз ононе, ки дар муҳоҷират зиндагияшонро ба сар мебаранд, аз ин нома бехабаранд. Дуввум, мардуми мо хеле эҳтиёткоранд ва худашонро аз номаҳои саркушод канор мегиранд. Ва севвум, албатта боварӣ ба сафсатаҳои хукумат, ки тамоми корҳояшон гӯё ба нафъи миллат ва мардуми меҳнаткаши оддӣ аст дурӯғе беш нест.
Равшан Темуриён: Аслан инро дар юнонӣ ва инглисӣ «Apatheia» мегӯянд. Дар порсӣ «бетафовутӣ». Маълум аст, ки ҷомеъаи тоҷикро бетафовутӣ фаро гирифтааст, ҳатто дар як мавзӯъи иҷтимоъии ҷомеъа, ки аксарияташ даст ба муҳоҷирати корӣ задааст ва аз ин расонаи мухобиротӣ истифода мебаранд, омода нест назари хешро баён кунад. Аз ҳама аввал, ба назари мо, бояд муайян шавад, ки хидматрасонии NGN вақте ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол шуд, таҳти кадом шарту шароит то ин замон амал мекард. Дар қарордоди миёни ин ширкат («Вавилон») ва ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба қимати хидматрасонӣ ва молиёти давлатӣ чӣ омадааст. Оё тасмими барқосои вазорати мухобироти кишвар дар бораи мамнӯъи фаъолияти ин хидматрасонии мухобиротӣ тибқи қонун ва қарордоди миёни ду тараф сурат гирифтааст?
Матни номаи дастаҷамъӣ ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба шакли зер аст:
Ҷаноби Президент!
Мо як гуруҳ муҳоҷирон ва онҳое, ки берун аз кишвар таҳсилу фаъолият дорем, ахиран маҷбур шудем ба Шумо муроҷиат намоем. Сабаби ин муроҷиати мо як тасмими номаълуму аз мантиқ беруни бархе мақомоти ҳукумат аст. Кӯтоҳи гап, дар ибтидо фарзияҳое ба вуҷуд омаданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехоҳад зангҳои NGN- ро, ки барои ҳар кадоми мо баҳри тамос бо пайвандонамон дар Ватан хеле арзону дастрас буд, барҳам диҳанд.
Сабаби ин тасмими мақомот дар аввал ба омилҳои амниятӣ нисбат дода шуд, ки гӯё аз ин воситаҳо гуруҳҳои ифротӣ бо ҳадафҳои нопоки худ суистифода мекунанд. Бояд гуфт, агар мақомот ҳоло ҳам маҳз бо ин “сабаб” мехоҳанд ба тамосгириҳои арзон монеа гузоранд, як иқдоми аз мантиқ берун аст. Зеро мо дар асри 21 қарор дорем ва бидуни фановариҳои ҷадид тасаввур намудани зиндагии имрӯз ғайриимкон мебошад. Аз ҷониби дигар, ҳоло тақрибан василаву фановарие вуҷуд надорад, ки одамон, ки мутаассифона дар байнашон ашхоси ғаразолудаву нобакор ҳам ҳаст, истифода накунанд. Зимнан, пешгирӣ аз ҳолатҳои таҳдидкунандаи амният вазифаву рисолати мақомоти махсус аст. Ин хос ба тамоми дунёи мутамаддин мебошад, аммо дар ягон кишвари мутамаддин бо баҳонаи “тадбирҳои амниятӣ” шаҳрвандони худро аз имконоти фановариҳои ҷадид ва ҳамин тавр пешрафтҳои технологӣ маҳрум намесозанд.
Аз ин ҳам бигзарем ва пайовардҳои молии ин иқдоми бемантиқро ҳисоб намоем. Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа берун аз кишвар 200 ҳазор муштарии NGN фаъол буд. Сарчашмаҳои дигар ин теъдодро ба 500 ҳазор нафар нисбат медиҳанд. Тасаввур намоед, ки ба фарзияи хабаргузории “Азия плюс”, агар ҳар муштарӣ дар як моҳ танҳо 60 дақиқаи ин навъи мухобиротро истифода намояд, харҷи якмоҳааш ба 720 ҳазор сомонӣ (82 ҳазор доллар) мерасад. Дар сурати кор гирифтан аз тамоси байналмилалӣ, хароҷоти ҳар муштарӣ 19 маротиба меафзояд. Яъне 1 миллиону 560 ҳазор доллар масраф мешавад!
Ин ҳисобҳо танҳо аз рӯи нархномаи тамос бо Русия – 13 сент барои як дақиқа гирифта шудаанд. Таври маълум, арзиши тамос бо кишварҳои хориҷаи дур бамаротиб гаронтар аст. Пас ин ҳама ба манфиати кист?
Танҳо манфиати Хадамоти алоқа, ки ба эҳтимоли қавӣ аз сабаби мудирияти нодуруст гуфта мешавад ба буҳрони ҷиддӣ гирифтор шудааст?
Аммо ин роҳи ҳал аст?
Омӯзиши вазъ дар кишварҳои дигари мутамаддин нишон медиҳад, ки ширкату идораҳои ҳамто бо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин пешрафтҳои технологӣ худро гум накарданд, балки ба ҳар василаи мудирият ва менеҷменти кории хуб мавқеи худро устувортар намуданд. Агар масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз уҳдаи ин кор набаромаданд, набояд “гуноҳ” –ро ба пешрафтҳои технологӣ нисбат диҳанд. Тавре мегӯянд, “бо дидани чеҳраи нохуб оинаро намешикананд”. Ин ҳам дар садсолаи 21, ки дур кардани мардум аз пешрафтҳои технологӣ маънии ба бунбаст бурдани мардум ва кишварро хоҳад дошт.
Ахиран “далелҳои” Хадамоти алоқа ба назар гирифта шуд ва хизматрасонии NGN дар Тоҷикистон қатъ гардид. Сару садо ва мавриди хандахариш қарор гирифтани кишвар дар расонаҳои ҷаҳон фикр намекунем, ки ба имиҷи кишвар халал ворид накард. Ин як мавзӯи хеле ҷиддист.
Бар илова, боз ҳам паҳлӯҳои молии ин иқдомро барои муштариён бояд ҳисоб кард. Масалан аз ҳамин 200 ҳазор муштарии расмӣ, бовар дорем дар суратҳисоби хелеҳо маблағҳои зиёд, аз 50 то 100 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар ҳифз шуда буд. Ҳоло мо донистан мехоҳем, ки тақдири ин маболиғ, ки дар умум арқоми бузургро ташкил медиҳанд, чӣ хоҳанд шуд? Ба кисаи кӣ хоҳад рафт? Чаро муҳоҷири соҳибватан, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ новобаста аз шароити душвор феълан дар хориҷи кишвар қарор доранд, бояд мавриди ғорат қарор бигиранд? Аз ин хотир, мо талаб менамоем, ки маблағҳои бо меҳнати ҳалол ҷамъовардаамон ба соҳибонашон баргардонида шаванд!
Бигзор як комиссияи беғаразе таъсис ёбад ва ҳақ ба ҳақдор расад.
Ҷаноби Президент!
Хабари қатъи NGN дур нашуда, хабари дигаре расид, ки Кумитаи андози Тоҷикистон бо нашри як нома ба унвонии Шумо сабаби кам шудани даромад аз андоз ба буҷаи давлатиро ба арзон будани нархи зангҳои NGN, истифодаи зиёди мардум аз мессенҷерҳое, чун Viber, WhatsApp, IMO рабт дода, пешниҳод кардааст, ки ҳукумат сомонаҳои бузурге, чун Google, Alibaba ва Amazon-ро бояд андоз бандад.
Ин пешниҳоди Кумитаи андоз дарак аз он медиҳад, ки ҷанобон дар асри 21 зиндагӣ карда, мехоҳанд бо усули асри 19 андоз ситонанд! Тибқи мантиқи онҳо, тавре расонаҳо навиштанд, агар пешравии технология боиси камшавии даромади андоз шавад (ки дар асл чунин нест), бояд аз технология даст кашид! Бо ҳамин мантиқ мешавад истифодаи масалан тракторҳо дар хоҷагии деҳқонӣ ё крану бетоншӯрҳоро дар сохтмон манъ кард. Чун дар сурати истифода накардан аз техника лозим мешавад одамони зиёде ба кор ҷалб шаванд ва на танҳо ҷойҳои кории зиёде пайдо мешаванд, балки ҳади ақал аз як намуди андоз — андоз аз даромад воридот ба Кумитаи андоз бештар шавад. Ё мешавад истифодаи компютерро, ки кори чанд нафарро анҷом медиҳад, манъ кард?
Ин далелҳо барои андеша, вале агар бо баҳонаҳое дигар ин василаҳои осону арзони тамосро ҳам қатъ карданӣ шаванд (мутаассифона воқеиятҳо нишон медиҳад, ки новобаста аз хандахариш кардани кишвар онҳо муваффақ мешаванд), дар он сурат ҳолати иҷтимоии моро кӣ ба назар хоҳад гирифт?
Фикр намекунед, ки бо ин “роҳҳои осон” –и андозҷамънамоиву беҳбуд бахшидани фаъолияти як гуруҳ, мо аз ҳама паҳлӯи муҳим – эҳсоси ватанпарварии мардумро аз даст хоҳем дод? Зеро муҳоҷирони кории тоҷик, ба ҳар сурат, аз тариқи ин василаҳои дастраси иртиботӣ аз ахбори Тоҷикистон, ҳолу аҳволи пайвандони дурмондаашон бохабар мешаванд. Дар ҳолати дур шудан аз ин василаҳои технологӣ, оё мушкилоти равониву иҷтимоии мардуми кишвар афзоиш намеёбад?
Мо бовар дорем, Шумо ҳамаи инро ба назар гирифта, бархе иқдомоти аз мантиқ дури мақомоти масъулро ҷонибдорӣ нахоҳед намуд.