Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Адолат ва риъояи хуқуқи инсон дар Қуръон

$
0
0

( .وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا  ﴿  ۵۸.  النساء

 Худованд дар ин бахши ояти 58-и сураи Нисо, мефармояд: “Ва чун байни мардум ҳукм кардед, ба адолат доварӣ кунед! Ҳамоно Худованд шуморо панди некӯ медиҳад. Бе шак Худованд шунаво ва биност.”

Агар ҳар инсон ҳуқуқҳо ва масулиятҳое, ки бар дӯшаш гузошта шудаанд анҷом бидиҳад ва дар нигоҳдорӣ ва расонидани амонатҳо кӯтоҳӣ накунад, дар ҷомеъа худ аз худ адолат ҷорӣ хоҳад шуд. Аммо аз он ҷо ки Офаридгор ва Мураббии мавҷудот хуб медонад, ки инсонҳо дар ин маврид ба ғафлат дода шуда, гоҳу ногоҳ ҳақу ҳуқуқҳои якдигарро зери пой мекунанд ва дар адои амонатҳо бетаваҷҷӯҳӣ намуда, нисбати якдигар зулму ситам хоҳанд кард, барои онҳо дастури дигаре содир мекунад, ки дар сурати сар задани чунин нофаҳмиҳо ва ихтилофоту муноқишаҳо, ҳокимон ва роҳбарон бояд  ҳангоми доварӣ адолатро ба иҷро дароваранд ва нагузоранд ҳақу ҳуқуқҳои мардум бе ҷиҳат зери пой шаванд.

Адолат ҳаққи фитрии ҳар инсон аст

Аз назари Қуръонӣ тамоми инсонҳо, новобаста аз ҷинсият, дину мазҳаб, рангу пӯст, забон ва ҷойгоҳи иҷтимоъияшон дар назди қонун баробаранд, зеро ҳамаи башар зодаи як падар — ҳазрати Одам(а) ва як модар — ҳазрати Ҳавво ҳастанд. Расули Худо мефармояд: “Мардум ба мисли донаҳои шона бо ҳам баробаранд. Огоҳ бошед ҳеҷ фазлу бартарие на арабӣ бар аҷамӣ дорад ва на аҷамӣ бар арабӣ, на сурхпуст бар сиёҳпуст ва на сиёҳпуст бар сурхпуст. Меъёри бартарӣ дар байни инсонҳо, танҳо тақво ва Худотарсии онҳост”. Дар  ояти боло низ Худованд бо овардани калимаи “А-н-нос”, яъне “мардум” ишора ба ин ҳақиқат дорад.  

Ҳокимон ва роҳбарон, ҳомиёни адолат бошед!

Мухотаби ин бахши оят: “Ва чун байни мардум ҳукм кардед, ба адолат доварӣ кунед!” роҳбарон ва ҳокимон ҳастанд.  Дар Қуръон оятҳои зиёде бар ин мазмун ворид гашта, ки ҳокимон ва роҳбаронро ба барпо доштани адолат ҳангоми доварӣ ва риъояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амр менамояд. Дар сурати бетаваҷҷӯҳи карданашон ба ин дастуроти Илоҳӣ, ҳатман дар пешгоҳи Худованд посух хоҳанд гуфт.  “Ҳар ҳокиме, ки умури мардум бар ӯ вогузор гардида бошад ва дар ҳоле аз дунё гузарад, ки бар мардум ва шаҳрвандон хиёнат карда бошад, Худованд ҷаннатро бар ӯ ҳаром мегардонад.” Мафҳуми ҳадис ( Ривояти Бухорӣ)

Ҳоким ва роҳбар дар Ислом ҳукми вакилро дорад, яъне аз ҷониби мардум интихоб мешавад, то дар ҷомеъа ва миёни мардум адолатро ҷорӣ намояд. Агар ин масълуияти ба дӯшаш гузоштаро натавонад ба иҷро дароварад, мардум ҳақи ислоҳ ва барканор кардани ӯро доранд.

Аммо ҳокиме, ки ҳамеша дар ғами мардум шарик аст ва барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои шаҳрвандонаш шабу рӯз саъю талош мекунад ва шиъору амалаш адолату адолатхоҳист, аз маҳбубтарин дӯстони Худо маҳсуб мешавад.” Ҳамоно касоне, ки одил ва адолатхоҳ ҳастанд дар рӯзи қиёмат бар минбарҳое аз нур назди Худованд нишастаанд…” Мафҳуми ҳадис (Ривояти Муслим)

Дар ривояти дигаре омадааст: “Дар рӯзи маҳшар, он рӯзе, ки ҷуз сояи арши Худо сояи дигаре вуҷуд надорад, ҳафт нафар дар зери сояи он қарор мегиранд. Яке аз онҳо имом ва роҳбари одил аст.”

Шаҳрвандон ҳам набояд бетараф бошанд

Агарчӣ мухотаби аслӣ дар ин оят ҳокимон ва роҳбарон ҳастанд, вале мардум ҳам аз он истисно нестанд, балки хитоб мутаваҷҷеҳи онҳо ҳам мешавад. Пас вазифа ва масъулияти шахси мусалмон танҳо ҳифозат ва ҳимоят аз ҳуқуқҳои шахсии худ набуда, балки аз нигоҳи шаръ вазифадор аст, ки аз ҳуқуқҳои дигарон низ пуштибонӣ намояд ва  дар муқобили ноадолатиҳо ва зулму ситами ситампешагон биистад. Аз Абубакри Сиддиқ (р) ривоят шуда , ки фармуданд: “ Эй мардум! Шумо ин оятро мехонед ва онро тафсири нодуруст мекунед! “ (Эй касоне, ки имон овардаед ба худатон бипардозед, ҳаргоҳ шумо ҳидоят ёфтед он кас, ки гумроҳ шудааст ба шумо зиёне намерасонад) “ Сураи Моида ояти 105. Ҳамоно ман аз Расули Худо шунидаам, ки мегуфтанд: “ Ҳаргоҳ мардум золимеро бибинанд, вале пеши роҳи ӯро нагиранд, дар остонаи азоби Худо қарор хоҳанд гирифт.” Ривояти Тирмизӣ

Худованд шуморо панди некӯ медиҳад

Бо назар кардан дар таълимоти исломӣ ба ин ҳақиқат пай хоҳем бурд, ки Ислом ҷорӣ кардани адолат дар миёни мардум ва риояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳарвандро, унсурҳои асосӣ дар низоми роҳбарӣ медонад ва амонатдорӣ бо тамоми анвоъашро, асоси пойдории ҷомеъа ва муҳимтарин қонуни зиндагӣ ба шумор меоварад.  Аз ин хотир Худованд дар ин қисмати оят мефармояд: ”Ҳамоно Худованд шуморо панди некӯ (ки амонатҳоро ба соҳибонашон бирасонед ва дар миёни мардум адолатро ҷорӣ намоед) медиҳад.”  Худованд дар ин ҷо дастуроти дар боло додашударо бо “панду ваъз” таъбир мекунад, зеро ин тарзи баён зудтар вориди қалб мегардад ва дар зеҳн ҷой мегирад ва мухотаб бо шавқу рағбат дар фикри анҷоми он мешавад, то ризоияти Худоро ба даст оварад.

Ҳушдор

Худованд боз ҳам барои бештар аҳаммият пайдо кардани ин дастурот, дар хотимаи оят мардумро аз мухолифати он барҳазар дошта мефармояд: “Бе шак Худованд Шунаво ва Биност.” Яъне  Худованд ҳама гуфторҳои шуморо мешунавад ва ҳама аъмоли шуморо мебинад. Пас мувозиби гуфтору рафторатон бошед ва дар адои амонатҳо ва иҷрои адолат бетаваҷҷӯҳӣ накунед ва ба саҳлангорӣ роҳ надиҳед.

Исломҷони Сайид


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>