Субиҳи имрӯз, 12-уми январ дар Шарқи Душанбе як заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манобеи расмӣ, ин заминҷунбӣ субҳи имрӯз соати 08:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар 34 километрии ҷануб-шарқи Роғун ба вуқӯъ пайвастааст.
Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон эълон кардааст, ки маркази ин заминҷунбӣ дар 125 километрии Шарқи Тоҷикистон сабт шудааст ва шиддати он 4.8 балл бар асоси ҷадвали Рихтер будааст.
Сокинони пойтахт, ки аксари онҳо дар биноҳои баландошиёна кору фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки ҳар чанд маркази ин зилила зиёда аз 120 километ дуртар аз шаҳри Душанбе буду тамоми минтақаҳои атрофро сахт такон дод, аммо шиддати он дар биноҳои баландошиёна бештар эҳсос мешуд.
Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ин ҳодисаи мудҳиш иттилоъ надодаанд.