Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳушдори Бонки миллӣ аз мумомилот бо Биткоин

$
0
0

Бонки миллии Тоҷикистон бо интишори як матлаб сокинони кишварро аз муомилоти Биткоин барҳазар дошт.

16-уми январи соли ҷорӣ Бонки миллӣ аз тариқи сомонаи интернетиаш эълом кард: «Айни замон қурби Биткоин ноустувор буда ба лаппишҳои ниҳоят калон дучор гардида истодааст ва характери ҳаннотӣ (спекулятивный) дорад. Аз ин рӯ, дар арсаи байналмилалӣ коршиносони пуртаҷриба ҳангоми харидорӣ намудан ва додугирифти Биткоин эҳтиёткориро тавсия медиҳанд.»

Бонки миллӣ мегӯяд, дар асл Биткоин ҳамчун асъор-пул ба таври воқеӣ дар ягон давлат вуҷуд надорад ва онро ягон мақомот назорат намекунанд. «Танҳо рӯйхатҳои (реестрҳои) махсус вуҷуд доранд, ки дар онҳо Биткоинҳо ва амалиёт бо онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Чунин рӯйхатҳоро блокчейн низ меноманд.»

Бар ин асос, «тибқи моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” – пули миллии ба муомилот баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.»

Бонки миллӣ дар идома таъкид кардааст, ки «дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз ҷумла Биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оиди истифодаи он низ сухане дарҷ нагаштааст, вобаста ба ин дар қаламрави кишвар амалиётҳои молиявию бонкӣ бо истифодаи онҳо гузаронида намешаванд.

Чунон ки дар боло қайд гардид , Биткоин танҳо дар шабакаи Интернет барориш ва дар муомилот қарор дорад, аз ин рӯ бинобар ниҳонӣ будани он муайян намудани шахсияти дорандагони Биткоин дар ҳудуди кишвар ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.»

Дар охири ин матлаб Бонки миллӣ хотирнишон кардааст, ки «ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ иҷозат дода шудааст ва танҳо он воситаи қонунии пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.»

Низоми Биткоин дар асоси шабакаи пирингӣ (якранга) сохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи иштирокчиёни он ҳуқуқи баробарро соҳибанд. Низом ғайримутамарказ мебошад, яъне маркази ягонае, ки фаъолияти низом аз он вобаста бошад ё идора карда шавад вуҷуд надорад. Биткоинро ягон мақомот назорат ва танзим намекунад.

Айни замон дар фазои виртуалии Интернет зиёда аз 1200 адад крипто-асъорҳо дар муомилот мебошанд. Крипто-асъорҳое, ки бештар маъруфанд инҳоянд: Bitcoin, Ethereum, Ripple, Litecoin, NEM, Ethereum Classic ва ғайра.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles