Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муъин: Арг мехоҳад Ато Муҳаммад Нурро шӯришгар муаррифӣ кунад

$
0
0

Танишҳои мавҷуд миёни Ато Муҳаммад Нур бо Арги риёсатҷумҳурӣ  ҳамарӯза ҳарфҳои нав дорад. Пас аз онки идораи мустақили мақомоти маҳаллӣ эълом кард имзои Ато Муҳаммад Нур дигар қобили пазириш дар макотиби давлатӣ нест, Нур эълон кард, ки ин идора ҳаққи изҳори назар дар ин мавридро надорад ва агар маҷбӯр шуд аз гузинаи қатъи даромадҳои  бандари Ҳайратон ва иҷрои мустақими ҳуқуқи кормандони давлатӣ дар Балх истифода хоҳад кард.

Дар канори ин зоҳиран маълум мешавад, ки музокирот миёни Арг ва Ҷамъият натиҷаи қобили мулоҳизае надоштааст. Сарнавишти ин танишҳо ба куҷо хоҳад расид ва чӣ касе ақибнишинӣ хоҳад кард? Арг ё Ато Муҳаммад Нур?

Ба гузориши шабакаи иттилоърасонии Афғонистон (afghanpaper), Муин Муини  узви ҳайати раҳбарии меҳвармардуми Афғонистон, дар барномаи «бознигоҳ» гуфт: омил ва мутағайири аслии тамоми ин танишҳо ҳукумати ваҳдати миллӣ аст. Мунозиъоти ҳукумат дар ду бахш қобили тақсим аст. Яке мунозиъоти берунҳукуматӣ ва дигаре дарунҳукуматӣ. Яъне ҳукумат ҳам дар дарун бо аносир ва шахсиятҳо ва чеҳраҳои даруни ҳукумат мунозиъа ва ҷанҷол дорад ва ҳам бо ҷараёнҳои сиёсии берун аз ҳукумат ба маҳзи эҷод шудан ва ҷамъ шудан вокуниш нишон медиҳад ва мехоҳад ба наҳве саботож кунад.

Вай дар хусуси мунозиъоте, ки ҳукумат дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст мегӯяд:  “ибтидо дар ду соле, ки аз ҳукумат гузашт Арг бо сапедор даргир буд ва ҳамчунон ҳар ду тарафи қудрати ҳукумат дар баробари ҳам қарор доштанд ва бар сари таъйинот ва масоили сиёсӣ ихтилофи назарҳо бисёр шадид мешуд. То ҷое, ки бисёре аз кишварҳо иброз нигаронӣ карданд”.

Муин идома дод: “аз ин марҳала, ки бигзарем Арг ба табъиди муовини аввали риёсатҷумҳурӣ даст мезанад. Мунозиъа баъди бозиҳои Масъуд аст ва ҳукумат ба наҳве Аҳмад Зиё Масъудро аз бадана ва сохти давлат канор мезанад. Ва мунозиъаи ахир мунозиъаи дарунҳукуматӣ бо Ато Муҳаммад Нур аст. Ҳукумате, ки сар то сар бо мунозиъа ба сар бибарад, чӣ тавр метавонад барномаҳои стратегиро ба пеш бибарад ва чӣ тавр метавонад мардуми Афғонистонро ба рифоҳ бирасонад ва хадамот ироа кунад ва битавонад, ки аз як ҳувияти миллӣ дифоъ кунад? Ҳукумате, ки то имрӯз дар мунозиъа ба сар мебурд, ахиран ҳам дар баробари ҷараёнҳои сиёсӣ бетоб мешавад ва беқарор мешавад ва дасту пояшро гум мекунад ва ба ҳар таҷаммӯъи сиёсӣ як барчасби ғайри миллӣ мезанад. Нишасти Қандаҳор далели равшан  аст. Инҳо нишон медиҳад, ки ҳукумат омил аслӣ аст. Ҳукумат нигоҳи мустабидона дорад ва нигоҳи мутамаркиз ба қудрат дорад. Ҳеҷ алоқамандие надорад, ки инъитоф нишон диҳад ва ҳам дар даруни сохти сиёсӣ ва қудрати ҳукумат таомул бо афрод ва нерӯҳо кунад. Ҳукумате, ки мехоҳад кишварро ба пешрафт бирасонад яқинан бояд ҳам бо нируҳои дарунҳукуматӣ ва ҳам берун аз он созиш дошта бошад”.

Ин узви ҳайати раҳбармеҳвар, дар хусуси иллати мунозиъоти ҳукумат бо Ато Нур мегӯяд: “ҳукумат дар ҳоли ҳозир мехоҳад бо як тир ду нишон бизанд. Аввал ин ки мехоҳад ҷамъиятро мунзавӣ кунад ва ба пораҳои ҷудогона тақсим кунад ва ҳамчунин худи Аторо ҳам ба унвони як одаме, ки ошӯбгар аст, ба унвони касе, ки саркаш аст, ба унвони касе, ки созгор бо ҳукумат ва низом нест муаррифӣ кунад”.  

Муин, дар хусуси шоҳиди камкориҳои ҳукумат ва қасди муҳандисии интихобот мегӯяд: “дар матни мувофиқатнома ва дар мафоде, ки даруни матни мувофиқатнома аст, ислоҳоти асосӣ мутамаркиз бар комиссияи интихобот аст. То ҳоло ҳеҷ ислоҳоте ба миён наомадааст. Ислоҳоти саранволӣ ва қозиҳо ва инҳо ҳарфҳои муфт аст ва дақиқан сурат нагирифтааст. Он чӣ ҳукумат худаш дар матни мувофиқатнома гуфтааст чаро анҷом надодааст? Ҳар ду шахсияте, ки имрӯз дар ҳукумат Афғонистон ҳастанд тарс доранд, ки дигар раъйи мардуми Афғонистонро намегиранд ва ҳукумат дар паи ин аст, ки ба ҳар наҳви мумкин интихоботро муҳандисӣ кунад. Агар интихобот анҷом шавад муҳандисӣ мекунад ва агар интихобот баргузор нишуд дар ҳамин сурат боқӣ мемонданд. Чаро, ки медонад, ки агар интихоботи шаффоф  баргузор шавад,  ҳеҷ раъйе намегиранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>