Ихтироъкори ҷавони тоҷик, ки гуфта мешавад маълумоти техникӣ ҳам надоштааст, асбобҳое сохтааст, ки аз пешрафтатарин ихтироъҳои ҷаҳон камӣ надорад. Ягона фарқи ин ихтироъкор аз ҷопониву амрикоиву аврупоиҳо ин аст, ки онҳо дар ташхисгоҳҳои муҷаҳҳаз ихтироъ мекунанду ӯ дар як дӯкони хурдакакаш.
Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ихтироъкоре бо номи Анӯшервон Комилов дар дӯкони таъмири асбобҳои электрикиаш ба ихтироъи пешрафтатарин асбобҳо машғул аст. Ӯ гармкунаки барқии камхарҷеро сохтааст, ки ду маротиба камтар аз аналогҳои хориҷиаш барқ масраф мекунад, аммо гармии бештар медиҳад. Гармкунаки барқии ихтироъкардаи Анӯшервон Комилов дар як соат ҳамагӣ 800 ватт ва гармкунаки барқии дар бозор ба фурӯш гузошташуда 1,6 киловат/соат нерӯи барқро сарф мекунад.
Ин содатарин ихтироъи Анӯшервон аст. Ӯ домофоне сохтааст, ки тавассути занги телефонӣ дари хонаро боз мекунад. Аз ин ихтироъи ӯ аллакай як пойгоҳи обкашӣ дар Панҷакент истифода мекунад, ки обкашро тавассути занги телефонӣ фаъол ва ғайрифаъон мекунад. Ин асбоби ӯ ҳатто замоне ҳам, ки барқ нест метавонад то бист рӯз бидуни барқ дарро боз ва баста кунад.
Ихтироъи дигари ихтироъкори ҷавони тоҷик дастгоҳи барқии оҳангудозӣ аст, ки бидуни заҳмате ва бо камтарин масрафи барқ оҳан мегудозад.
Ӯ мегӯяд ин асбобҳоро барои ба худаш собит кардан, ки метавонад, ихтироъ кардааст.
Гузориши видеоии телевизиони СМ-1-и Хуҷандро дар бораи Анӯшервон инҷо бубинед: