Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо порахӯрии кормандонаш тавассути насби камераҳои назоратӣ мубориза барад.
Ин вазорат тасмим гирифтааст дар ҳамаи утоқҳои вазоратхона камераҳои видеоию садоии сабт насб кунад. Дар ин бора Завқӣ Завқизода, муовини вазири иқтисод дар нишасти хабарӣ иттило дод.
Дар посух ба суоли хабарнигорон оиди порагирии Аскар Нурализода, як корманди ин ниҳод, ки ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар пора дастгир шуда, барои 11 сол равонаи зиндон гардид, Завқизода гуфт вазорати иқтисод як қатор чораандешиҳо барои пешгирии фасод дар ин ниҳодро роҳандозӣ кардааст.
Ҷуз насби камераҳои назоратӣ, Вазорати иқтисод аз ҳукумат хостааст тасмимгирӣ дар бораи шомил сохтани сохторҳои барномаҳои давлатӣ аз салоҳияти масъулони ин ниҳод гирифта шавад. Тибқи гуфтаи Завқизода, ҳукумат ҳам ин пешниҳодро пазируфтааст.
Аскар Нурализода, сардори Раёсати барномарезии сармоягузорӣ ва рушди маҳали вазорати иқтисод охир моҳи сентябр ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дарҳол баъди дастгиршавиаш Нурализодаро аз сафаш ихроҷ кард.