Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Аз ҷойивазкунии кадрҳо ба ҷойивазкунии номҳо

$
0
0

Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи тағйири ном додани чандин деҳаву шаҳракҳоро ба имзо расонидааст. Ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба Зарриндашт иваз карда шуданд.

Тағйири аксарияти номҳоро метавон тавҷеҳ кард, ки ё тоҷикӣ набуданд ва ё ба хотири мероси таърихии Ҳулбукро зинда кардан сурат гирифтаанд. Аммо Қурбоншаҳид ба кадом хотир тағйир дода шудааст, тавзеҳе пайдо нашуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>