Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боз чанд ширкат аз пардохти боҷи гумрук пурра ё қисман озод мешаванд

$
0
0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо карда ба парлумони кишвар фиристодааст, ки тибқи он чанд ширкати дигар зимни ворид кардани таҷҳизот ва маҳсулот аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андози нархи иловашуда қисман ва ё пурра озод мегарданд.

Ин ширкатҳо иборатанд аз: ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон “Тоҷикэйр”, зимни ворид кардани тайёраҳо ва ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон зимни ворид кардани вагону локомотивҳои замонавӣ.

Ба назар мерасад ҳукумат тасмим гирифтааст соли ҷорӣ барои ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан техникаи нав ворид созад.

Ҳамчунин Раисҷумҳур аз парлумон хостааст ба чанд ширкат, ки рӯйхаташро давлат муайян мекунад, зимни ворид кардани тугмаворӣ барои дӯхтани либосҳои мактабӣ, таҷҳизот барои бахши аграрӣ, технологияи нав барои истеҳсолоти доруворӣ ва ташхиси тиббӣ, техникаи истеҳсоли хӯроки чорво 50 дарсад сабукӣ дода шавад.

Тибқи иттилои дардастдоштаи Паём аксари ширкатҳое, ки то имрӯз аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз озод шудаанд, ба аъзои хонаводаи раисҷумҳур ё мансабдорони баландпояи хеле наздик ба раисҷумҳур тааллуқ доранд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо кардааст, ки тибқи он тафтиши корхонаҳои истеҳсолии кишвар манъ мешавад. Албатта ба ҷуз аз тафтишҳои нақшавии мақомоти андоз, Додситонии кулл, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ва Бонки миллӣ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles