Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Саидамир Зуҳуров ҳанӯз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад

$
0
0

Раҳбари собиқи Кумитаи амнияти миллӣ Саидамир Зуҳуров, ки шоми 22 январ бинобар сактаи қалбӣ ба беморхонаи интиқол ёфта буд, то ҳанӯз дар бахши эҳёгарӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол табибон вазъи саломатии ъро мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Ҷенерол Саиданвар Камолов, ҳамкори собиқ ва яке аз дӯстони наздики Саидамир Зуҳуров ҳам, ки аз ҳоли ӯ дар бемористон хабар гирифтааст, ба Радиои Озодӣ вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардааст.

Озодӣ ҳамчунин бо истинод ба манбаъи огоҳ аз вазъи Саидамир Зуҳуров, ки аз бурадни номаш худдорӣ кардааст, иттилоъ медиҳад дар ин ду рӯз дар бемористон дар баробари Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, чанд мақоми дигари ҳукумат, аз ҷумла раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳоли ӯ хабар гирифтааст.

Саидамир Зуҳуров аз мутахассисони ҳирфаӣ ва саршиноси кишвар аст, ки дар сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам саҳми босазое гузоштааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>