Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шамсиддин Саид: Ифтихори мубориза алайҳи режими Шӯравиро дорам

$
0
0

Шамсиддин Саид, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва аз собиқадорони ин ҳизб, ба суолҳои “Паём” вобаста ба ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон, ки ӯро ғоибона  ба понздаҳ соли зиндон маҳкум кардааст ва на танҳо он, посух гуфт.

Ин узви аршад ва яке аз раҳбарони феълии ҲНИТ ки ҳанӯз авоили солҳои 80-и асри гузашта ва дар шонздаҳсолагӣ ба наҳзати исломӣ пайвастааст, дар мусоҳибаи садоӣ бо Паём гуфт, ҳукми додгоҳро бо ханда истиқбол кардааст.

Мо чанд намунае аз гуфтаҳои Шамсиддини Саидро инҷо мекорем. Хонандагони гиромӣ метавонанд шакли пурраи мусоҳибаи садоии ӯро дар зер, бо пахш кардани тугмаи баладгӯяк гӯш кунанд:

  • Вақте бо хонавода ин ҳукмро мехондем бо ҳам механдидем.
  • Вақте касонеро, ки ҷонашонро дар хатар монда онҳоро муҳофизат карда буданд ба зиндон андохтанд, дигар чӣ мешавад аз ин ҳукумат мунтазир шуд?
  • Албатта ман дар соли 1986 зиндон шудам, вале он зиндон шудан ба хотири мубориза бар зидди ҳукумати шуравӣ ва талош барои истиқлолият буд. Дар онҷо ҳам барои ман ҳукми 15 сол зиндон талаб карда буданд, вале бо рафтори ҷавонмардонаи яке аз афсарони онҷо, ки ҳамчун вакили дифоъи ман амал мекард, ин ҳукм эълон нашуд ва ман озод шудам.  Имрӯз ҳама ва ҳатто Русия муборизони он замонашонро қаҳрамон медонанду бо онҳо ифтихор мекунанд. Аммо инҳо он қадар номусу ҳайсияту ғуруру ҷавонмардиашонро аз даст додаанд, ки ин амалро ҷинояткорӣ медонанд.
  • Бо ифтихор мегӯям, ки ҲНИТ аз аввалин гурӯҳҳое буд, ки алайҳи режими шуравӣ мубориза мекард ва ва ман ҳам яке аз пайравони ин ҳизб ин ифтихорро дорам, ки дар он замон ба хотири озодихоҳӣ ба зиндон рафтам ва дар соли 1989 боз ба Ватан баргаштам.
  • Имрӯз терроризм ба як мода табдил шудааст. Ҳукумат мехоҳад аз ин фурсат истифода бурда мухолифонашро террорист ва худашро дар ҳоли мубориза бо терроризм нишон диҳад. Чун ин калима имрӯз харидор дорад мехоҳанд ба хотири умри ҳукумати золими худро дарозтар кардан як қишри зиёди миллатро зери ин калима қарор диҳанд.
  • ҲНИТ вақте дар дохил ба Созмони Милал ва кишварҳои кафили сулҳ шикоят кард, онҳо гуфтанд ҲНИТ ба хориҷиҳо шикоят мекунаду обрӯи кишварро мерезонад.
  • Тӯҳматҳое, ки мекунанд хеле кӯдакона ва дур ҳақиқат аст ва лоиқи посух гуфтан нест. Вале мебинем, ки аз хомӯшии мо сӯистифода мекунанд. Аз ин пас бояд ҲНИТ ба ҳама ин тӯҳматҳо посух гуяд ва хоҳад гуфт.
  • Аз соли 2010, баъд аз он интихоботи бошукӯҳ аз кишвар хориҷ шудам, бо устод Кабирӣ дар алоқа будам ва ҳамчун мушовир дар машваратҳо шарик будем. Ҳоло ҳам ман узви Раёсати Олии ҲНИТ ҳастам ва ҳар чизе аз дастамон биёяд анҷом медиҳем.
  • Расман эълон мекунам, ки дар Наҳзат фаъол ҳастам ва ҳар чизе ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон анҷом медиҳад, ман шарик ҳастам.

Мусоҳибаи Паём бо Шамсиддин Саид:

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>