Наздик ба 30 дарсади масоҷиди амалкунандаи ноҳияи Исфара танҳо дар соли 2017 баста шудаанд. Дар ин бора бо ифтихор раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода гузориш дод.
Расулзода дар нишасти хабариаш, ки 24 январ баргузор шуд иттилоъ дод аз 158 масҷиди амалкунанда дар соли 2017 45 тои онҳо “бинобар мутобиқат накардан ба талаботи санитарӣ” ва ҳолати бади онҳо баста шудаанд.
Раиси шаҳри иддаъо кард, сокинони ноҳия пешниҳод кардаанд, ки ин масоҷид ба амокини иҷтимоъӣ, аз ҷумла боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра табдил дода шаванд. “Барои ин иҷозаи Кумитаи дин лозим аст. Ҳамчунин масҷидҳои басташуда бояд таъмир ва мутобиқ гардонида шаванд” — гуфт ӯ.
Соли 4-ум аст, ки нишасти матбуотии раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, мақомоти интизомию амниятӣ ва бархе аз вазоратҳо бештар ба гузориш аз бастани масоҷид ва баргардонидани донишҷӯёни донишгоҳҳои динӣ аз хориҷ бахшида мешавад.
Дилшод Расулзода ҳам ин анъанаро идома дод ва баъди гузоришаш аз бастани 45 масҷид гуфт, 154 донишҷӯи сокини ноҳияи Исфара аз хориҷ баргардонида шудаанд.
Раиси шаҳри Исфара гуфт, рӯйхати онҳоеро ҳам, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд ва дар хориҷ аз кишвар меҷанганд, дар даст дорад. Вале аз эълони номҳо ва шумори онҳо худдорӣ карда гуфт, ин арқом дар нишасти матбуотии додситонии вилояти Суғд, ки 26 январ баргузор мегардад, эълон хоҳанд шуд.