Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вакили парлумони Бритониё вазорати хориҷаи ин кишварро ба таблиғи ислом айбдор кард

$
0
0

Вакили парлумони Бритониё Эндрю Бриджин вазорати корҳои хориҷаи кишварашро бинобар баргузории рӯзи ҳиҷоб ба таблиғи ислом айбдор карда, ин иқдоми вазоратро масхара хондааст.

“Ман бовар надорам, ки Вазорати корҳои хориҷа дар таблиғи дини масеҳӣ ё тақсими ҳиҷоб ин гуна саҳмгузор бошад” — гуфтааст ин вакили парлумон.

Тибқи гузориши сомонаи «International business  time» вазорати хориҷаи Бритониё дар рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб, ки 6-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, кормандони худро ба пӯшидани ҳиҷоб даъват кардааст. “Вазорат ҳиҷобро рамзи амн, озодӣ ва эҳтиром мешуморад” — омадааст дар яке аз овезаҳои он.

Дар қароргоҳи вазорати хориҷа дар Вайтҳул, чорабиние бо шиори «Оё мехоҳӣ ҳиҷобро таҷриба кунӣ, ё ин ки бидонӣ барои чӣ занҳои мусалмон ҳиҷоб мепӯшанд?” баргузор шудааст. “Ҳар касе, ки имрӯз мехоҳад ҳиҷоб ба сар кунад, сарбандҳо ройгон мебошад» — навишта шудааст дар овезаи дигар.

Шиорҳои дигаре дар ин чорабинӣ дида мешуданд: «Занҳои мусалмон, дасти ба даст дар паҳлӯи пайравони дигар динҳо ҳиҷобро ихтиёр мекунанд. Аксари онҳо худро бо сатр пӯшидан озод, мӯҳтарама, ором ва амн ҳис мекунанд», «Шахси қавиирода ҳиҷоб ба бар мекунад», «Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб» ва ғайра.

Масъулини ВКХ дар хиёбонҳои атрофи вазорат дар ин рӯз ройгон ҳиҷоб тақсим мекарданд.

Тибқи иттилои International business  time, ки дирӯз 9 феврал нашр гардид, Вазорати хориҷаи Бритониё ба дунболи ин кораш, аз баъзе ниҳодҳо интиқодҳо шунидааст. Далелҳои нафарони интиқод кунанда ҳам ин будааст, ки ҳиҷоб «саркӯбии занон» аст. Яке аз далоили мунтақидон ин буда, ки рӯзи 2 феврал дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, пулиси ин кишвар занҳоеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ҳиҷоб будаанд дастгир кардааст.

Аз он ҷумла Моҷид Навоз раиси маркази таҳқиқоти Вилём гуфтааст: «Аммо занҳо дар Эрон, ки ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мешаванд, бо ҳама роҳ муборизаи беамон барои халос шудан аз истибдоди ҳиҷоб доранд».

Дар идомаи интиқодҳо ба вазорати хориҷа, вакили порлумони ин кишвар Эндрю Бриджин гуфтааст, «мехоҳам бидонам, ки мубтакири ин кори оқилона кӣ буд? Ин кор масхарае беш нест, илова бар ин аз ҳисоби андоз маблағ масраф намудааст».

Ин вакил дар илова мегӯяд: “ман бовар надорам, ки Вазорати корҳои хориҷа дар таблиғи дини масеҳӣ ё тақсими ҳиҷоб ин гуна саҳмгузор бошад”.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>