Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Таърихи пурсаъодати Паёмбари ислом(с) Нахустин сокинони Макка ва сохтмони хонаи Каъба

$
0
0

Пеш аз он ки дар бораи чӣ гуна аввалин бор дар Маккаи мукаррама сукунат ихтиёр кардани мардум ҳарф занем, бояд дар бораи баъзе аз қавмҳое, ки ба сарзамини Ҳиҷоз ҳиҷрат намудаанд, маълумот дошта бошем, чун дар оянда донистани он ба мо кӯмак мекунад, ки баъзе аз аслу решаи қабилаҳоро ба осонӣ пай бибарем.

Мо дафъаи гузашта дар мавзӯъи қавмҳои араб, дар бораи дучори даргириҳо шуда, ҳиҷрат намудани қабилаи Каҳлон ишора карда будем.

Муҳоҷирони қабилаи Каҳлонро метавон ба чаҳор даста тақсим кард:

1- Бани Азд, ки ҳиҷраташон мутобиқи раъйи сарварашон Умрон ибни Амр буд. Онҳо дар сарзамини Яман аз ин сӯй ба он сӯй мекӯчиданд. Шарҳу тафсили маконҳое, ки дар ниҳояти пас аз кӯчидан дар он ҷойҳо сукунат мекарданд чунин аст:

* Умрон ибни Амр дар Уммон бор афканд ва бо фарзандонаш дар онҷо сукунат ихтиёр кард, ки инҳо «Азди Уммон» ном доранд.

* Бани Насас ибни Азд дар Таҳома иқомат карданд ва “Азди Шануъа» ном доранд.

* Саълаба ибни Амри Музайқиё ба самти Ҳиҷоз реҳлат намуда, дар наздикиҳои Зийқор сукунат мекунад. Вақте фарзандонаш бузург мешаванду қуввати сафар пайдо мекунад, роҳи Ясрибро  (Мадинаи Мунаввара) пеш гирифт ва дар онҷо иқомат ихтиёр намуда, Ясрибро ватан қарор дод, ки Авс ва Хазраҷ, писарони Ҳориса ибни Саълаба аз фарзандони ҳамин Саълабаанд. Баъдтар дар таърих қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ба миён меоянд, ки таърихи Ислом аз онҳо бештар ёд кардааст.

* Ҳориса ибни Амр, ки ҳамон Хузоъа будааст. Бо фарзандонаш ҳарамро фатҳ намуда, дар Маккаи Мукаррама сукунат ихтиёр карданд ва сокинони пешини он, Бани Ҷурҳумро овора гардониданд.

* Ҷафна ибни Амр аз Ҳиҷоз ба сӯи Шом роҳ гирифт, ва бо фарзандонаш дар онҷо иқомат ихтиёр кард. Падари Ҷафна аз подшоҳони Оли Ғассон аст. «Ғасосина» ин лақаби обкашҳо дар Ҳиҷоз будааст, ки  онҳо ба обкашӣ маъруф будаанд ва ба худ «ғассон» ном гирифтаанд. Қабилаҳои хурде низ, ба онҳо пайваста, ба атрофи Ҳиҷоз ва Шом ҳиҷрат карданд, монанди: Каъб ибни Амр, Ҳорис ибни Амр ва Авф ибни Амр.

2- Лахм ва Ҷузом, ба шарқу шимол кӯч бастанд. Назр ибни Рабеъ- падари Манозира, подшоҳони Ҳира, аз ҳамин лахмиён мебошанд.

3- Бани Тайӣ, бо кӯч кардани Азд ба самти шимол ба роҳи худ идома доданд то билохира дар доманакӯҳҳои  Аҷъо ва Салмо иқомат гузиданд ва ин ду кӯҳ низ дар оянда бо номи Тайӣ машҳур шудаанд.

4- Бани Кинда, дар Баҳрайн сукунат ихтиёр карданд. Аммо ногузир шуданд онҷоро тарк кунанд ва дар Ҳазармавт бор афканданд. Дар онҷо низ натавонистанд мӯҳлати зиёд биистанд ва ба Наҷд раҳсипор шуданд. Дар Наҷд фармонравоии бошукӯҳе тартиб доданд, аммо, хеле зуд табоҳ шуданд ва осорашон аз миён рафт.

Қабилаи  дигар Хузоъа аз Яман муҳоҷират ихтиёр карда, дар биёбони Самова, дар Ҳумаи Ироқ иқомат гузид. Баъзе аз авлодони онҳо низ дар атрофи Шом ва минтақаҳои шимоли Ҳиҷоз сукунат ихтиёр кардаанд.

Араби мустаъраба

Чуноне, ки дар боло гуфтем, араби мустаъраба касоне ҳастанд, ки худ дар асл араб набуданд. Асосан инҳо фарзандони Исмоил алайҳиссалом мебошанд…

Зодгоҳи ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом, падари ҳазрати Исмоил сарзамини Ироқ буд, шаҳре, ки онро Авр меномиданд. Ин шаҳр дар соҳили Фурот, дар наздикии шаҳри Куфа буд. Имрӯза ковишҳо ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносон маълумотҳои зиёдеро дар иртибот бо ин шаҳр, ҳамчунин хонадони ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом, аҳволи динӣ ва иҷтимоии ин сарзамин ба даст овардаанд.

Машҳур аст, ки Иброҳим алайҳиссалом аз ин шаҳри номбурда ба Ҳорон ё Ҳуррон муҳоҷират кард ва аз онҷо ба Фаластин раҳсипор гардид ва Фаластинро пойгоҳи даъвати хеш қарор дод. Сафарҳое низ ба гирду атрофи он сарзамин ва дигар сарзаминҳои дуру наздик дошт. Дар яке аз ҳамин сафарҳо буд, ки Иброҳим алайҳиссалом ба дарбори яке аз подшоҳони  ситамгар ворид шуд. Ҳамсараш Сора алайҳоссалом ҳамроҳаш буд. Сора яке аз зеботарин занони замони хеш буд. Подшоҳ хост ба Сора бо найранге наздикӣ кунад, аммо Сора ба даргоҳи Худованди мутаол дуо кард ва Худованди субҳон найранги подшоҳро бар синаи худи ӯ кӯбид. Подшоҳи ситамгар дарёфт, ки Сора зане солеҳа аст ва назди Худо мақоме воло дорад. Аз ин рӯ, ба поси фазилати Сора ё аз тарси Худо, подшоҳ Ҳоҷар ном як канизи зебову хушандом ва хушахлоқро ба канизӣ ба Сора бахшид. Сора низ Ҳоҷарро ба Иброҳим алайҳиссалом тақдим кард.

Иброҳим алайҳиссалом ба пойгоҳи даъвати хеш ба Фаластин бозгашт. Он гоҳ Худованди мутаол аз Ҳоҷар фарзанди писаре ба номи Исмоил ба ӯ рӯзӣ фармуд. Ин рӯйдод мӯҷиби ҳасодати Сора гардид ва кор ба ҷое расид, ки Иброҳимро Сора водор кард то Ҳоҷарро бо писари ширхорааш Исмоил ба ҷое дурдаст бибарад.

Иброҳим алайҳиссалом Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил алайҳиссаломро ба сарзамини Ҳиҷоз бурд. Дар биёбони беобу алафи атрофи Байтуллоҳ онҳоро монд. Дар он рӯзгор, ҳанӯз осоре аз Байтуллоҳ — Хонаи Каъба ба ҷуз қисмате баромада аз замин, ҳамонанди як теппа набуд. Селобҳо ба он теппа мерасиданд ва аз самти чапу рости он мегузаштанд. Ҳоҷар ва Исмоил зери сояи дарахте болои чашмаи замзами шариф, ки он вақт аз чашма асаре набуд, қарор гирифтанд.  Дар он рӯзгор дар Макка ягон нафар сокин набуд, дар Макка об ҳам набуд. Ҳазрати Иброҳим ҳамёни пур аз хурмо ва машки пур аз об назди онҳо ниҳод ва худ ба Фаластин бозгашт.

Чанд рӯзе беш нагузашт, ки обу озуқаи Ҳоҷару Исмоил тамом шуд.  Дар он вазъияти буҳронӣ чашмаи  замзам ба фазли Худованд шикофта шуд ва бар рӯи замин ҷушида баромад. Оби замзам то муддатҳое василаи таъмини қуввату ғизо ва рӯзгузаронии онҳо гардид, ки достони он машҳур ва тӯлонӣ аст.

Яке аз қабилаҳои аҳли Яман ба номи Ҷурҳум баъди онҳо ба Макка меоянд. Ба хотири вуҷуди об бо иҷозаи модари Исмоил сокини Макка мешаванд. Гуфта мешавад, онҳо пеш аз он дар биёбонҳои атрофи Макка сукунат доштанд. Ривояти имом Бухорӣ бар ин матлаб омадааст, ки қабилаи Ҷурҳум пас аз иқомат ихтиёр намудани Ҳоҷару писараш Исмоил дар Макка, «пеш аз он ки Исмоил ба синни ҷавонӣ бирасад дар Макка сокин шудаанд».

Иброҳим алайҳиссалом, гоҳ-гоҳ ба Макка сафар карда, аз ҳоли хонаводааш хабар мегирифт. Теъдоди ин сафарҳо маълум нест. Манбаъҳои мӯътабари таърихӣ ҷамъан чаҳор маротиба аз ин сафарҳоро барои мо сабт кардаанд:

Сафари якум:  Худованди мутаол дар Қуръони карим ёдовар шудааст, ки Иброҳим алайҳиссалом дар хобаш мебинад, ки машғули сар буридани Исмоил аст. Иброҳим алайҳиссалом хеле ҳазрати Исмоил алайҳиссаломро дӯст медошт. Аммо аз натиҷаи хобаш фармони илоҳиро таъбир мекунад ва раҳ сӯи Макка мегирад то фармони Худоро ба ҷо оварад:

فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ

Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид

وَنَادَيْنَاهُ أَن يَا إِبْرَاهِيمُ

Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим

قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا ۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ

Хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем.

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ الْبَلَاءُ الْمُبِينُ

Ин озмоише ошкор буд.

وَفَدَيْنَاهُ بِذِبْحٍ عَظِيمٍ

Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем

وَتَرَكْنَا عَلَيْهِ فِي الْآخِرِينَ

Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем.

(Қуръони карим, сураи Соффот, оятҳои 103-108)

Дар Сифри Таквини Таврот (Сифри Пайдоиш ва ё Таквин (книга Бытия), ки дар он дар бораи офариниши ҷаҳони ҳастӣ, халқи одам ва нахустин гуноҳи вай, тӯфони бузург ва саргузашти паёмбароне чун Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб гузориш дода шуда, бо зикри достони Юсуф ва муҳоҷирати хонадони Яъқуб ба Миср ба поён расидааст) омадааст, ки Исмоил сездаҳ сол бузургтар аз бародараш ҳазрати Исҳоқ буда, заминаи баёни достони забҳ бар он далолат дорад, ки пеш аз таваллуди Исҳоқ алайҳиссалом рӯй додааст. Зеро, муждаи таваллуди Исҳоқ пас аз он ки достон ба таври комил оварда мешавад, меояд.

Ин достон яке аз сафарҳои Иброҳим ба Маккаро пеш аз расидани Исмоил ба синни ҷавонӣ дар бар дорад.

Се сафари дигари ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом ба Маккаро имом Бухорӣ бо тӯли тафсил ба ривояти ибни Аббос (Аллоҳ аз у розӣ бошад)  аз ҳазрат Расули акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нақл кардааст. Хулосаи он ривоят чунин аст:

Сафари дуюм:  Исмоил алайҳиссалом ба синни ҷавонӣ расид ва забони арабиро аз қабилаи Ҷурҳум фаро гирифта, мавриди писанду қабули онҳо гардид. Бани Ҷурҳум зане аз қабилаи худро ба ҳамсарии Исмоил доданд. Модари Исмоил  вафот кард. Иброҳим тасмим мегирад, бори дигар ба дидори хонаводааш биравад. Вақте, ки ба Макка расид, Исмоилро наёфт. Аз ҳамсараш ҳоли ӯро пурсид ва авзоъи зиндагонии онҳоро ҷуё гардид. Ҳамсари Исмоил аз сахтии рӯзгор ва тангии аҳволи зиндагӣ гила кард. Ҳазрати Иброҳим  ба ӯ сипориш дод, ба Исмоил бигӯяд, ки остонаи хонаашро ҷо ба ҷо кунад!

Исмоил муроди падарашро дарёфт ва ҳамсарашро талоқ дод. Ҳамсари дигаре гирифт. Бештари таърихшиносон бар онанд, ки ин ҳамсари дувум, духтари Мизоз ибни Амр, бузургу раиси қабилаи Ҷурҳум будааст.

Сафари сеюм:  Бори дигар, Иброҳим ба Макка омад. Исмоил ҳамсари нав гирифта буд. Иброҳим дар ин сафар низ Исмоилро надид, аммо пеш аз бозгашт ба Фаластин аҳволи ӯро аз ҳамсараш пурсид ва вазъи зиндагонии ононро ҷӯё шуд. Ҳамсари Исмоил ҳамду санои илоҳӣ ба ҷой овард ва ибрози хурсандӣ кард. Ҳазрати Иброҳим низ тавассути ӯ барои ҳамсараш Исмоил паём дод ва фармуд, ки ба ҳамсараш бигӯяд, остонаи дари хонаашро устувор гардондааст.

Сафари чорум:  Як бори дигар низ, Иброҳим ба Макка омад. Ин бор Исмоилро дар ҳоле дид, ки зери сояи дарахте наздики чоҳи замзам машғули тарошидани тир барои худ буд. Ҳамин ки он ҳазратро дид, пеши пойи ӯ бархост ва падару писар якдигарро ба оғӯш кашиданд. Ин дидору мулоқоти онҳо пас аз фироқу ҷудоиҳои тӯлонӣ барояшон муяссар гашт. Ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом аллакай солхурда шуда буд.

Дар ҳамин сафар буд, ки Иброҳим ва Исмоил, падару писар хонаи Каъбаро бино ниҳоданд ва пояҳои онро барафроштанд. Иброҳим алайҳиссалом тибқи фармони Худованди субҳон мардумро барои адои ҳаҷ фаро хонд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>