Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тоҷикистон дар сатҳи фасод ба кишварҳои африқоӣ наздик шуд.

$
0
0

Феҳрасти Transparency International сатҳи дарки фасод дар соҳаҳои давлатии кишварҳои гуногунро чен мекунад. Ин раддабандӣ 180 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад.

Дар рутбабандии навбатии Transparency International Тоҷикистон дар ҷои 161-ум қарор дорад, ки нисбати соли гузашта 10 зина поён рафтааст. Аммо дар соли 2015 Тоҷикистон дар мақоми 136-ум қарор дошт. Поёнтар аз Тоҷикистон кишварҳое мисли Чад, Эритрея, Ироқ, Туркманистон, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ қарор доранд.

Намои раддабандӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба сатҳи пасазҷангии худ бармегардад. Рутбабандии соли 2017 дар асоси маълумот аз 13 манбаъ, ки 12 созмони мустақил давоми ду сол (2016-2017) дар натиҷаи назаргирӣ аз таҳлилгарон ва соҳибкорон ҷамъоварӣ кардаанд омода шудааст. Кишварҳо аз 0 то 100 бал холгузорӣ шудаанд. 0 бал кишварҳое мегиранд, ки онҷо сатҳи дарки фасод аз ҳама болост, 100 бал — аз ҳама поён. Тоҷикистон ҳамагӣ 25 бал гирифтааст.

Аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ каме поинтар аз Тоҷикистон Туркманистон қарор дорад, ки ҷои 167-умро ишғол мекунад. Дар ин раддабандӣ Ӯзбекистон дар мақоми 157-ум, Қазоқистон 122 ва Қирғизистон 135 қарор гирифтаанд.

Дар садри раддабандӣ Зеландияи Нав, Донморк ва Финландия қарор доранд. Дар охири он Сурия, Сомали ва Судони Ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Тартибдиҳандагони раддабандӣ ба ин назаранд, ки дар ин кишварҳо сатҳи фасод баландтарин аст.

Transparency раддабандии худро бо истифода аз таҳқиқоти пайваста нашршавандаи созмонҳои байналмиллалие мисли Бонки ҷаҳонӣ, Freedom House, бунёди Bertelsmann ва ғайра тартиб медиҳад. Ҳар як аз ин таҳқиқот бахши ҷудогонаеро аз қабили риски сармоягузорӣ, озодии сухан, сатҳи зиндагӣ, мушкили бурдани бизнес ва ғайра дарбар мегиранд, вале бо роҳе ба масъалаи фасод бармехӯранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>