Шарофиддин Гадоев, фаъоли сиёсии тоҷик дар як баромади видеоӣ паёми як сарҳанги Вазорати корҳои дохиларо ба вазири он Рамазан Раҳимзода қироат кард, ки дар он сарҳанг аз вазир даъват мекунад ба шармандакунии миллат ва душмансозии кормандони ВКД ба мардум хотима диҳад.
Шарофиддин Гадоев мегӯяд, як сарҳанги Вазорати корҳои дохида бо ӯ тамос гирифта хоҳиш кардааст нигаронии шадиди кормандони ин ниҳодро аз пахши навори гӯё дастгиршавии ду мард бо либоси занона, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири корҳои дохила расонад. Тибқи гуфтаи сарҳанг, системаи вазоратро ба ҳаде расонидаанд, ки кормандони он наметавонанд мустақиман бо вазир ё раҳбарият дар тамос шаванд.
Дирӯз шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон навореро пахш кард, ки дар он кормандони ВКД гӯё ду ҷавонро,бар асоси моддаҳои 32 ва 401, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне сӯиқасд ба ҷиноят ва ҷалбу иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар таҳти кофтуков қарор доштанд, дастгир мекунанд:
Сарҳанги ВКД бо таҷрибаи бистсолаи корӣ, ки аз Шарофиддин Гадоев хостааст паёмашро ба вазири корҳои дохила расонад, мегӯяд ки мо ҳеҷ гоҳ ба ин ватану миллат хиёнат накардаем ва ҳама амру фармонҳои вазоратро бе каму кост иҷро мекардем, вале вақтҳои охир баъзе аз онҳоро сарфи назар мекунем, чун ба манфиъати миллат ва худи вазорат нест.
“Ҳукуматҳо иваз мешаванд, вазирҳо иваз мешаванд, вале мардум ва давлат боқӣ мемонад. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки аз истифодаи ҷавононе, ки амру фармонҳои шуморо иҷро мекунанд, дар корҳои ғайриқонунӣ даст кашед” — гуфтааст сарҳанги ВКД.
Ин сарҳанг гуфтааст якчунин масхарбозиро дар таърихи Тоҷикистон надида буд ва шарм медорад, ки кормнади ин вазорат аст. “Ин боиси шармандагист, ки чунин як наворҳои масхараомезро сабт мекунанд ва тавассути телевизиони давлатӣ пахш мекунанд”, — изҳор кардааст ӯ.
Сарҳанг сабт ва пахши ин гуна наворҳоро супориши хоҷагони хориҷии вазири корҳои дохилӣ номида гуфтааст, ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд ҳам фармони хоҷагонашонро, ки ба онҳо супориш медиҳанд алайҳи дин мубориза баранд, иҷро мекунанд ва ҳам ҷиноятҳои худашонро мехоҳанд рӯйпӯш кунанд.
Ин корманди ВКД аз вазираш талаб кардааст, ки ҳанӯз ҳам, ки дер нашудааст аз ин масхарабозиаш даст кашад: “Рӯзе мерасад, ки шумо аз вазифа барканор мешавед, рӯзе мерасад, ки ҳам раҳбари кишвар ва ҳам шумо аз кишвар фирор мекунед. Ҷавонони ин вазорати корҳои дохила бо мардум мемонанд. Мардумро бо ҷавонони ВКД дастбагиребон накунед. Мо медонем, ки шумо дар аввалин фурсат ҳамроҳ бо хонаводаатон Тоҷикистонро тарк мекунед. Вале на ҳама кормандони ВКД дорои душаҳрвандӣ ҳастанд. На ҳамаи онҳо имкону тавони зиндагӣ дар хориҷро доранд. Онҳо бо ин миллат мемонанд ва фардо онҳоро миллат аз гиребонашон мегирад.”
Ӯ гуфтааст: “Миллатро дубора ба хоку хун накашед. Мо як маротиба ҷанги шаҳрвандӣ ва мудохилагаронро дидем. Ва шумо низ яке аз мудохилагарон ҳастед, ки фармони хоҷагони хориҷии худро иҷро мекунед.”
Навори муроҷиати сарҳанги ВКД тавассути тавассути Шарофиддин Гадоевро инҷо бубинед: