Баъди манъ шудани воридоти мошинҳои кӯҳна ба Тоҷикистон, нархи мошинҳои кӯҳна дар вилояти Суғд 15-20 дарсад боло рафтааст. Аммо нархи маводи зарурияти аввалия хӯрокворӣ арзонтар шудааст.
Маъруфтарин мошини бозорҳои Тоҷикистон Опел, ки аз 2 то 3,5 ҳазор доллар нарх дошт, баъди тасвиби қонуни мазкур 400-500 доллар гаронтар шудааст. Дар ҳамин ҳол шумори хуриду фурӯши мошинҳо тағйир наёфтааст.
Боло рафтани нархи мошинҳоро бо вуҷуди наафзудани талабот, коршиносон дар он мебинанд, ки талабот науфзада бошад ҳам, пешниҳод кам гардидааст. Яъне соҳибони мошин мекӯшанд то пеш омадани зарурати сахт мошинашонро нафурӯшанд, чун медонанд, ки пешниҳод дар бозор кам аст ва дигар бо он нарх ва ҳолат мошин харида наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол нархи маводи зарурияти аввалаи хурокворӣ — орд, биринҷ ва равған 10, 22 ва 30 дарсад мутаносибан арзон шудаанд. Давоми ду моҳи охир нархи орд аз 140-145 сомонӣ ба 125-130 сомонӣ поён рафтааст.
Биринҷи маҳаллӣ аз 6-6,5 ба 5 сомон фаромада, равғани пахта аз 11-12 сомонӣ ба 8 сомонӣ расидааст.
Омилҳои асосиро инҷо коршиносон бештар шудани пешниҳод ва кам шудани қудрати харидории мардум медонанд. Баҳорон, ки замони баргаштани муҳоҷирони корӣ ба Русия аст, хонаводаҳои онҳо ба бӯҳрони пулӣ дучор мешаванд. Бархе гову гӯсфанд ва ҳатто ашёи хонаашонро мефурӯшанд, то билет харанд.
Дар ҳамин ҳорл нархи гӯшт тағйир наёфтааст. Раиси навтаъини Суғд бо фармони аввалинаш нархи гӯштро 2 сомонӣ поён бурд, вали нархи нав ҳамагӣ ду рӯз умр дид.