Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вазифа барои фурӯш: мансаб дар Тоҷикистон чӣ қадар нарх дорад?

$
0
0

Дар рутбабандии навбатии Transparency International Тоҷикистон бо қарор гирифтан дар ҷои 161-ум ба 20-гонаи фасодзадатарин кишварҳо ворид шуд.

Каме поёнтар аз Тоҷикистон кишварҳое мисли Чад, Эритрея, Ироқ, Туркманистон, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ қарор доранд.

Фасод сахтарин мушкил ва ҷиддитраин монеъа дар роҳи пешрафти кишвар боқӣ мемонад. Ба кор даромадан, бахусус дар сохторҳои давлатӣ бештар ба афсона наздик аст, ки ба ҳақиқат.

Яке аз парвандаҳои пурсарусадои фасод, ки ҷомеъа шоҳидаш буд, боздошти бародари раҳбари собиқи Хадамоти андоз Фаттоҳ Ғоиб — Наҷмиддин аст, ки 600 000 ришва талаб карда буд. Ин маблағ пардохкунандаи онро бояд ба раҳбарияти Хадамоти андоз дар Суғд мерасонд.

Паём тасими гирифт шохиси фасод дар кишварро тартиб диҳад ва ба кӯмаки шумо ниёз дорад.

Аз Шумо барои ба кор қабул шудан ё мансаберо соҳиб шудан чӣ қадар ришва талаб кардаанд?

Посухатонро метавонед дар назарпурсӣ илова кунед. Система асноди шуморо сабт намекунад ва маҳрамона мондани ному насаб ва дигар маълумотатон кафолат дода мешавад


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>