Дар натиҷаи бориши барфу борони шадид 16 замини наздиҳавлигии сокинони ноҳияи Рӯдакӣ зери об монда, ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангворро резиши санг ва роҳи Душанбе-Хуҷанд дар натиҷаи лағзиши тарма муваққатан баста шудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбирирасонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.
Тибқи манбаъ 26 феврали соли равон бар асари боришот дар километрҳои 17-18-уми роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор, дар наздикии деҳаи Посуни Ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид.
Дар километрҳои 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Инчунин 27 феврали соли равон соати 03:50-и субҳ дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 замини наздиҳавлигии сокинон зери об монд.
Дар айни замон оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шудаанд.