Кумитаи байналмилалии олимпӣ расман эълом кард, ки маҳрумияти Русия аз иштирок дар бозиҳои олимпӣ лағв шуд.
Александр Жуков, раиси Кумитаи олимпии Русия, дар ин бора ба расонаҳо хабар додааст.
168 варзишгари рус ба унвони варзишгари бетараф дар Олимпиадаи замистонаи 2018, дар Пхёнчхани Кореяи ҷанубӣ ширкат карданд, ки ду нафари онҳо ба истифодаи допинг муттаҳам шуданд. Ба ҳамин хотир варзишгарони рус бино ба дастури рӯзи якшанбеи гузаштаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ иҷоза наёфтанд, ки дар маросими хотимавӣ бо парчами кишвари худ ширкат кунанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ҳамон замон эълом кард, ки агар собит шавад, ки варзишгари дигаре аз Русия дар бозиҳо допинг истифода накарда бошад, маҳрумияти онҳо бардошта мешавад.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи чоршанбе эълом кард, ки натиҷаи ташхиси допингии бақияи варзишгарони рус манфӣ будааст ва ба ин тартиб маҳрумияти Русия аз иштирок дар бозиҳои олимпӣ лағв мешавад.
Ин кумита пештар ба хотири истифодаи допинг ва бетаваҷҷӯҳӣ ё ҳатто ҳимояти ниҳодҳои варзишии Русия дар ин маврид, Русияро аз ҳаққи ширкат дар олимпиадаи замистонии 2018 маҳрум кард. Фақат ба варзишгарон русӣ, ки ба допинг муттаҳам нашуда буданд иҷоза дод, ки ба таври инфиродӣ дар ин мусобиқот ширкат бикунанд.
Бо ин ҳол, дар ҷараёни рақобатҳои Пхёнчхан ду варзишгари рус ба истифодаи допинг муттаҳам шуданд, ки яке аз онҳо медали биринҷии худро аз даст дод.
Иттиҳоми истифода аз маводи мамнуъа борҳо алайҳи варзишгарони Русия матраҳ шуда буд. Дар декабри соли гузашта, Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар пайи мушаххас шудани натиҷаи таҳқиқот перомуни иттиҳом, ҳимояти ниҳодҳои давлатии Русия аз истифодаи допинги варзишгарони ин кишвар дар ҷараёни олимпиадаи замистони соли 2014 дар Сочӣ, ин кишварро аз ширкат дар бозиҳои олимпии замистони соли 2018 маҳрум карда буд.