Зимни сафари Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон зиёда аз 25 қарордод ба имзо хоҳад расид.
Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Ӯзбекистон хабар дода гуфтааст, ин сафар тибқи нақша бояд санаҳои 9-10 уми март сурат гирад.
Бино ба маълумотҳое, ки то ба ҳол расонаӣ шудаанд, дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба Душанбе, қарор аст, созишномаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои густарда имзо шавад, ки яке аз асоситарини онҳо сабукӣ дар низоми раводид ва сафарҳои бемаҳдудият ба қаламрави якдигар мебошад.
Муллоумед, як сокини рустои Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон тавассути Вотсап дар сӯҳбат ба хабарнигори Паём гуфт, ки агар низоми раводид байни кишварҳо ба таври умум бардошта нашавад, дарак аз он хоҳад дод, ки ин ҳайёҳуйҳо барои пешвози Шавкат Мирзиёев як худнамоии тамалуқкорона буда,интизорие, ки аз ин сафари президенти Ӯзбекистон шаҳрвандони Тоҷикистон доранд, амалӣ нашудааст.
“Мо хурсандем, сарҳад кушода шуд, ба бозорҳои якдигар бемамониъат рафта омада истодем, сафарҳо бемалол. Аммо ҳоло ҳам низоми раводид вуҷуд дорад. Бидуни раводид аз 30 км дуртар рафта наметавонем. Айни ҳол барои пешвози Шавкат Мирзиёев, ҳайёҳуйи бесобиқа суръат мегирад. Омодагиҳоро бинед, 100 сарояндаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад. Боз ин қадар сарояндаҳои Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд, Ҳазорҳо донишҷӯ аз дарсҳо монда, барои пешвоз машқ мегузаронанд. Ҳарчанд сарҳадҳо боз шуда, мардум як каме гӯё ба рӯи об баромад, вале агар президентҳои ду кишвар ҳамин низоми раводидро аз байн бурда натавонанд, ин ҳама ҳайёҳуйро беҳуда ва сафари президенти Ӯзбекистонро бебарор гӯем ҳам мешавад.” — изҳор намуд Муллоумед.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, то омадани Мирзиёев тибқи қарордодҳои пештара аллакай сарҳадҳо боз гардиданд, муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд, аммо агар дар ин сафари Мирзиёев раводид байни ин ду кишвар тамоман аз байн наравад, аз он дарак медиҳад, ки ҳоло ҳам муносибатҳо байни ду кишвар ба таври дилхоҳ сайқал наёфтаанд.