Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чаро 8 март рӯзи ҷаҳонии зан номида шудааст?

$
0
0

Дар бораи Рӯзи ҷаҳонии зан дар ҷомеаи мо назарҳои мухталифе вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро ба оташ задани чодар ва бардоштани русарии занон рабт медиҳанд. Аммо воқеияти ин рӯз чист ва аз куҷо пайдо шудааст?

Дар рӯзи 8 марти 1857, занони коргари коргоҳҳои порчабофӣ ва либосдузӣ дар Нию-йорки Амрико ба хиёбонҳо баромада, хоҳони афзоиши маош, коҳиши соати кор ва беҳбуди шароити  номуносиби кориашон шуданд. Ин тазоҳурот бо ҳамлаи полис ва латукӯб занон барҳам хӯрд.

Соли 1907 дар даврае, ки муборизоти занон барои таъмини ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ авҷ гирифта буд, ба муносибати панҷоҳумин солгарди тазоҳуроти Нию-йорк дар ҳаштуми март, занон даст ба тазоҳурот заданд.

Андешаи  интихоби рӯзе аз рӯзҳои сол ба унвони «рӯзи зан» нахустин бор дар ҷараёни муборизаи занони Нию-йорк бо шиори “ҳақи раъй барои занон” матраҳ шуд. Ду ҳазор зани тазоҳуроткунанда дар 23 феврали 1909 пешниҳод карданд, ки ҳар сол дар рӯзи якшанбеи охири феврал, як тазоҳуроти саросарӣ дар Амрико ба муносибати «рӯзи зан» баргузор шавад.

Дар соли 1910, дуввумин “конфронси занони сотсиалист”, ки Клара Тсеткина аз раҳбарони он буд, ба масъалаи таъйини “рузи байналамилалии зан” пардохт. Занони сотсиалисти Утриш қаблан рӯзи аввали моҳи майро пешниҳод карда буданд. Аммо аввали моҳи май, ҷойгоҳ ва мафҳуме дошт, ки метавонист аҳамият ва ҷойгоҳи муборизаи мушаххас бар сари масъалаи занро камранг кунад. Занони сотсиалисти Олмон, рӯзи 19 мартро пешниҳод карданд. Муносибати ин рӯз, муборизоти инқилобӣ дар соли 1848 алайҳи режими подшоҳии Прус буд, ки ба ақибнишинии лафзии ҳукумат дар 19 марти ҳамон сол  анҷомид. Дуввумин конфронси занони сотсиалист таърихи баргузории нахустин маросими «рӯзи зан» ро 19 март 1911 таъйин кард. Тасмимгирии қатъӣ барои таъйини «рӯзи ҷаҳонии зан» ба баъд гузошта шуд.

19 марти 1911 хиёбонҳои Олмон, Утриш, Швейтсария ва Дания бо марши занон ба ларза даромад. Шумори занони тазоҳуроткунанда дар Утриш ба 30 ҳазор нафар мерасид. Неруҳои полис ба тазоҳурот ҳамла бурданд ва ба задани занон пардохтанд ва гурӯҳеро дастгир карданд.

Сол 1913 “Дабирхонаи байналамилалии занон” ҳаштуми мартро бо хотираи муборизаи занони коргар дар Амрико, ба унвони «рӯзи ҷаҳонии зан» интихоб кард. Дар ҳамон сол, занони заҳматкаш ва занони равшанфикри инқилобӣ дар Русияи тазорӣ ва дар саросари Аврупо, маросими 8 мартро ба шакли тазоҳурот ва митинг баргузор карданд.

Дар соли 1914 ҷанги ҷаҳонии аввал даргирифт. Дар Аврупо, ки маркази ҷанг буд, занони инқилобӣ талош карданд тазоҳуроти 8 март 1915 ва 1916-ро таҳти шиори марказии “алайҳи ҷанги империалистӣ” баргузор кунанд. Дар кишварҳои даргири ҷанг, табақоти мухталиф ба мувофиқон ва мухолифони ҷанг тақсим шуда буданд ва ҷудоӣ дар сафҳои ҷунбиши занон, монеъ аз баргузории саросарӣ ва густурдаи «рӯзи ҷаҳонии зан» шуд.

Дар соли 1917 тазоҳуроти занони коргар дар Петроград алайҳи гуруснагӣ, ҷанг ва тазоризм, бонги оғозини инқилоби Русия буд. Коргарони шаҳр дар пуштибонӣ аз ин тазоҳурот эътисоби умумӣ эълон карданд. 8 марти 1917 ба як рӯзи фаромӯшнашуданӣ дар таърихи инқилоби Русия табдил шуд.

Соли 1921 конфронси занони интернатсионали севвуми коммунистӣ дар Москва баргузор шуд. Дар он конфронс, рӯзи 8 март ба унвони «рӯзи ҷаҳонии зан» ба тасвиб расид. Конфронс, занони саросари дунёро ба густариши мубориза алайҳи назми мавҷуд ва барои таҳаққуқи хостаҳояшон фаро хонд.

Дар миёнаҳои даҳаи 30 дунё як бори дигар ба суи ҷанги ҷаҳонии ҷадид равон шуд. Баргузории тазоҳуроти «рӯзи ҷаҳонии зан» дар кишварҳое, ки таҳти султаи фашизм буданд, ғайри қонунӣ эълон шуд. Бо вуҷуди  ин мамнуъият дар ҳаштуми марти 1936 занон дар Берлин тазоҳурот карданд. Дар ҳамон рӯз Испанияи фашистӣ шоҳиди тазоҳуроти ҳаштуми март дар Мадарид буд. 30 ҳазор зани коммунист ва ҷумҳурихоҳ шиори “озодӣ ва сулҳ” сар доданд.

Дар паи ҷанги ҷаҳонии дувум инқилоб ва ҷунбишҳои раҳоибахш дар чандин кишвари дигар  ба вуҷуд омад. Чин бо шумори зиёди занон ва мардонаш дар муддати кӯтоҳе дар ҷиҳати раҳоии занон  гомҳои бузурге бардошт. Дар он солҳо маъмулан давлатҳо ва ташкилотҳои мутараққӣ ва инқилобӣ дар барпоии «рӯзи ҷаҳонии зан» талош мекарданд.

Дар даҳаи 60 дар кишварҳои Осиё ва Африқо ва Амрикои лотин ҷунбишҳои раҳоибахш ба по хеста буд. Дар кишварҳои сармоядории пешрафта низ ҷунбишҳо ва муборизоти инқилобӣ ва тараққихоҳона боло гирифта буд ва ҷунбиши раҳоии зан низ  густариши чашмгир ёфт.

Дар Амрико ва Аврупо, занон алайҳи расму одатҳо ва қавонини мардсолорона ва аҳкоми асоратбори калисо ба по хестанд. Дар ҷунбиши занон мавзӯъҳое монанди ҳаққи талоқ, ҳаққи сиқти ҷанин, таъмини шуғл, манъи озори ҷинсӣ, зиддият бо ҳарзанигорӣ, коҳиши соати кори рӯзона ва ғайра матраҳ шуд. Ин ҷунбиш муваффақ шуд дар бархе аз ин заминаҳо пешравӣ кунад. Дар тазоҳуроти ҳаштуми марти 1969 занон дар доншгоҳи Беркли дар Амрико ҷамъ омаданд ва алайҳи ҷанг дар Ветнам тазоҳурот карданд.

Дар соли 1975 дар Амрико 8 уми март “Рӯзи ҷаҳонии зан” эълон шуд.

Баъд аз хотимаи ҷанги ҷаҳонии дувум ва ба хусус аз охирҳои даҳаи 70 бо тавсеаи сармоядорӣ ба кишварҳои ақибмонда, бахшҳои бузургтаре аз занон даргири кор ва таҳсил гаштанд. Дар айни ҳол, занон ҳамчунон дар ҷомеа мавқеияти дараҷаи дувум дошта ва асири низоми мардсолор буданд. Ин таноқуз масъалаи занро ҷиддитар ва инфиҷоритар кард ва фаъолияти созмонҳои занон густариши бештар ёфт. Билохира дар соли 1977 Созмони Милал 8 уми мартро “Рӯзи ҷаҳонии зан” эълон кард.

Мебинем, ки бар хилофи бовари роиҷ дар ҷомеаи мо 8 уми март ҳеҷ робитае бо оташ задани чодар ё бардоштани русарӣ аз сари занон надорад. Балки ин рӯз ба хостаҳои воқеӣ ва ҳуқуқҳои инсонии занон марбут мешавад. Занон дар ин рӯз барои расидан ба ҳуқуқ ва ҷойгоҳи хеш талош кардаанд.

Ба хотири баста будан ва фазои суннатии ҷомеаи мо таҳаввулоти ҷаҳонӣ дер ва гоҳе таҳрифшуда ба мо мерасид. Аз тарафи дигар аксари ҳокимон дар ҷомеаҳои ҷаҳони севвум дар ин мақтаъи замонӣ аз ин таҳаввулот ҳароси шадиде доштанд ва намехостанд, ки мардум ба хусус занон аз ҳуқуқҳои худашон огоҳӣ дошта бошанд, бинобарин тамоми талошашонро мекарданд, то ин таҳаввулот ба кишварҳояшон нарасад. Бинобарин гоҳе ба номи дин занонро дар асорат нигоҳ медоштанду ҳуқуқҳояшонро поймол мекарданд ва гоҳе ҳам бо баҳонаи баробарии ҳуқуқи зану мард аз занон суистифода мекарданд. Аммо ҳамеша талошашон ин буда, ки аз ба вуҷуд омадани ҳаракати занон дар ҷомеаҳои худ пешгирӣ кунанд.

Агар як гурӯҳ ба номи дин занонро аз таҳсил дур нигоҳ доштан мехоҳанд, гурӯҳи дигар бо номи дунявият занони мусалмонро аз мактабу донишгоҳ маҳрум сохтаанд. Пас бояд ин нигариш ислоҳ шавад ва занон дар ҷомеаи мо битавонанд ҳам аз зери хурофотҳое, ки ба номи дин бар онҳо таҳмил мешавад раҳо шаванд ва ҳам аз ноадолатиҳое ба номи дунявият наҷот пайдо кунанд.

 Рӯзи ҷаҳонии зан ба ҳамаи бонувони сабуру заҳматкаши кишвари азизамон муборак бод!

Бобоҷон Қаюмзод


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>