Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Равуо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо барои як моҳ бидуни раводид хоҳад шуд

$
0
0

Зимни сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба Душанбе, дар назар аст 27 созишномаи дуҷониба, ба имзо расад.

Аз ҳама муҳиммаш равуои шаҳрвандони ду кишвар бидуни раводид дар муддати як моҳ мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин шартномаеро дар бораи муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳадҳо ба имзо хоҳанд расонид, ки дар натиҷа талошҳо ва аз манастгӯиҳои минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар аз байн хоҳад рафт.

Ҳамчунин тибқи як созишномаи дигар ҷониби Ӯзбекистон барои  дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон, ба миқдори 100 миллион доллари амрикоӣ хоҳад дод.

Интизор меравад, як қатор созишномаҳои дигар дар соҳаҳои нақлиёт, алоқа, маблағгузорӣ барои сохтмони мактаб ва беморхона дар минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ба имзо хоҳанд расид.

Имрӯз дар Душанбе бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар кушодашавии намоишгоҳи молу колоҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар натиҷаи Анҷуман ва намоиши маҳсулоти саноатӣ, чуноне, ки интизор меравад, ба миқдори 140млн доллари амрикоӣ созишномаи иқтисодӣ ба имзо хоҳад расид.

Як манбаъ ба хабаргузории АзияПлюс аз ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки миқдори маблағгузорӣ шояд зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев зиёдтар шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>