Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Доналд трамп бо Ким Чин Ун мулоқот мекунад

$
0
0

Қасри сафеди Амрико аз мувофиқати Доналд Трамп, президенти ин кишвар бо даъвати Ким Чин Ун, президенти Кореяи шимолӣ хабар додааст.

Сара Сандерс, сухангӯи Қасри сафед аз омодагии Доналд Трамп барои вохӯрӣ бо Ким Чин Ун, президенти Кореяи шимолӣ хабар дода гуфтааст, Кореяи шимолӣ барои таваққуфи озмоишҳои ҳастаиву мушакӣ ва музокира дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ розӣ шудааст.

Аммо Сандерс дар бораи макону замони вохӯрии ин ду президенте, ки чандест алайҳи ҳам тавассути вокунишҳои виртуалӣ метозанд, чизе нагуфтааст.

Дар ин бора Оҷонсии иттилотии русии “Новости” хабар додааст.

Доналд Трамп дар саҳифаи твиттери худ  аз ин пешрафт истиқбол намудааст. Аммо гуфтааст, ки то натиҷаи гуфтугӯ, таҳримҳо алайҳи Кореяи шимолӣ барқарор хоҳанд буд

«То замони ба даст овардани тавофуқҳо барои халъи силоҳи ҳастаии Кореяи шимолӣ таҳримҳо боқӣ мемонанд. Дар ҳоли барномарезӣ барои дидор ҳастем.» — гуфтааст Доналд Трамп.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар соли гузаштаи 2017,  дар вокуниш ба озмоишҳои мушакии Кореяи шимолӣ бо судури қатъномае таҳримҳои тозаеро алайҳи ин кишвар ба тасвиб расонида буд.

Тибқи ин қатънома, воридоти нафти хом ба Кореяи шимолӣ ба шиддат коҳиш ёфта, даромади ин кишвар аз ҳисоби содироти нерӯи корӣ аз байн меравад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>