Олимони донишгоҳи иёлати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алмоси ғайриоддиеро пайдо намуданд. Бостоншиносон ин алмосро аз зери замин берун кашидаанд, ки он ба ях шабоҳат доштааст.
Дар ин бора расонаҳои машҳури амрикоӣ хабар медиҳанд.
Мутахассисон мегӯянд, ки алмоси мазкур нодир буда, қаблан чунин намуди ашёи гаронбаҳоро дар рӯи Замин вонахӯрдаанд. Алмосро дар умқи 650 метри замин пайдо намуда, муайян карданд, ки он аз алмоси муқаррарӣ ду маротиба қавитар аст.
Олимон мегӯянд, ки алмоси дарёфтгардидаро танҳо дар шароити лабароторӣ коркард кардан мумкин аст.