Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳод намудани ахбор оид ба ҷиноят дар миёни шаҳрвандон озмун эълон кард. Ин ниҳод ваъда додааст, махфияти шахси хабарфиристода кафолат дода мешавад.
Тавре дар эълон омадааст, дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд ҳамчун “хабарнигори фаврӣ” фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ба ВКД хабар диҳанд.
Ба ғолибони фаъоли озмун қадрдонӣ бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ваъда шудааст.
Муддати озмун дар эълон нишон дода нашудааст. Танҳо муроҷиат ин аст, ки дар ҳолати мушоҳидаи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) истифода намуда, хабарҳои худро ба таври фаврӣ бо рақами телефони мобилии + 992-939-222-111 ва почтаҳои электронии somona@vkd.tj, vkd.tj@mail.ru ба ВКД ҶТ ирсол намоянд.
Аммо ваъдаи ВКД дар бораи махфӣ мондани номи “хабарнигори фаврӣ” бовар нокарданист. Зеро қаблан чанд маротиба нафарҳое, ки ба ин ниҳод дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканӣ хабар ирсол карда буданд, баъди чанде номашон аз ҷониби кормандони ин вазорат ифшо шуда буд.
Ба таври мисол, Муртазо Зубайдов, сокини 47-солаи деҳаи Фороби Панҷакент, ба Радиои Озодӣ соли 2017 гуфта буд, ки соле пеш ба мақомот бо шарти махфӣ мондани исмаш дар бораи ду кочоқбари маводи мухаддир хабар расонд. Бар асоси хабари ӯ дар пайи як амалиёт чаҳор нафар боздошт шуд. Шарт ин буд, ки исмаш махфӣ мемонад. Аммо Зубайдов мегӯяд, пас аз чанд моҳи тафтиш маълум шуд, ки исми ӯ дар парванда ҷой шудааст ва гумонбарон аз ин бохабар гардиданд.
“Баъди ин рӯзам дар деҳа сиёҳ шуд. Гуфта буданд, ки мо номи туро ба ҳеч кас намегӯем. Аммо вақте парвандаро дар додгоҳ хонданд, номи ман дар ҳафт ҷо навишта шудааст. Ҳама “буз” гуфта, аз ман рӯй гардонданд. Касе ҳамроҳам гап намезанад. Ариза навиштам, ки нафаре номи маро фош кардааст, ҷазо дода шавад, то ба ҳол ҳеч амале нест. Ман қарзи шаҳрвандиамро анҷом додам, аммо дар бало мондам”, — нақл карда буд Зубайдов.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандонро барои ҳамкорӣ, ҷиҳати ифшои ҷинояткорӣ даъват мекунад.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, рӯзи 4-уми феврали соли ҷорӣ бо нашри як баёния аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки дар амри мубориза бо ришвахориву фасод ба онҳо кӯмак кунанд. Дар баёния омада буд: «Оҷонсӣ тасмим гирифт, ҷиҳати ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ, муайян кардани хатарҳои коррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандонро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Viber» ва «Whats App» ба роҳ монад.»