Ба гузориши агентии иттилоотии Фаронса гурӯҳи теруристии ДОИШ дар як паёми видеоӣ аз мусалмонони ҷаҳон даъват кардааст, ки агар наметавонанд ба Ироқ ва Сурия бираванд ба минтақаи шимолу шарқи Афғонистон сафар кунанд.
Ин агентӣ навиштааст, ки ДОИШ дар як видеои 25 дақиқаӣ ба тарафдоронаш гуфтааст, ки ба ин минтақа сафар кунанд, зеро онҷо макони муносибе барои таҷаммуъ ва идомаи мебориза аст-менависад “Орёнонюз”.
Талош барои ҷуброни шикаст
Коршиносон бар ин боваранд, ки ин фарохони ДОИШ барои ҷуброни шикастҳои сангини ин гурӯҳ дар Ироқ ва Сурия аст. Замоне дар Сурия ҳам ДОИШ мардумро ба ҳиҷрат ба ин кишвар даъват мекард. Наворҳо нашр мекард, ки мардуми диндор ҳама чиз доранду озод ҳастанд. Аммо амалҳои ин гурӯҳи ифротӣ боис шуд, ки як эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи ин гурӯҳ шакл бигирад ва тамоми сарзаминҳои таҳти назорати ин гурӯҳ ба хок яксон шаванд. Дар ин миён теъдоди зиёде аз ҷавонони эҳсосие, ки аз зулми диктаторҳо дар кишварҳои худ ба дод омада буданд, фирефтаи таблиғоти ДОИШ шуданд. Аммо пайвастани командири неруҳри вижаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон палковник Гулмурод Ҳалимов фарзияҳои дигареро низ ба вуҷуд овард.
Чаро Афғонистон?
Коршиносони масоили сиёсӣ ва низомӣ бар ин бовар ҳастанд, ки интиқоли ДОИШ ба шимоли Афғонистон ҳадафмандона сурат мегирад. Чанде пештар намояндагони Русия аз ҳукумати Афғонистон ва неруҳои хориҷии мавҷуд дар Афғонистон ба хусус Амрико хоста буданд, ки дар бораи чархболҳои ношиносе, ки машғули интиқоли неруҳои ДОИШ ба шимоли Афғонистон ҳастанд, маълумот бидиҳанд. Аммо ин иддао танҳо аз тарафи ҳукумати Афғонистон рад шуд ва дигар аз ҳеҷ ҷониб рад ё таъйид нашудааст. Аммо неруҳои хориҷии мавҷуд дар Афғонистон ҳам ба хотири овардани сабот дар ин кишвар талош мекунанд. Зеро адами муваффақияти ин неруҳо дар Афғонистон боиси коҳиши эътибори онҳо дар ҷаҳон хоҳад шуд. Афғонистон кишваре аст, ки дар он ҳам Толибон ва ҳам ДОИШ ҳузур доранд. Чанде пештар хабарҳо аз даргирии ин ду гурӯҳ бо ҳам низ нашр шуда буд. Аммо муддатест, ки зоҳиран ҳарду гурӯҳ бо ҳам канор омадаанд. Зеро дигар хабаре аз даргирии байни онҳо нест. Ба назар мерасад талоши ҳукумати Афғонистон барои сулҳ бо Толибон ҳам ба хотири мубориза бо ДОИШ роҳандозӣ шудааст. Пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия ҳузури ин неруҳо дар Афғонистон густариши бештар пайдо кард. Зеро онҳо мехоҳанд аз фазои куҳистонии Афғонистон ва вазъияти нобасомони ин кишвар истифода намуда, пойгоҳи худро дар ин кишвар мустаҳкамтар намоянд.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дирӯз дар сафараш ба Покистон таъкид кардааст, ки Амрико неруҳои ДОИШро аз вилояти Нангарҳор ба самти номаълуме интиқол медиҳад. Пештар ҳам баъзе мақомоти Ирон ва Русия Амрикоро бо ҳамкорӣ бо ДОИШ муттаҳам карда буданд.