Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ато Муҳаммад Нур: бо Арг ба тавофуқ нарасидаем

$
0
0

Дар ҳоле, ки рӯзи душанбе Абдулло Абдулло дар суханрониаш таъкид карда буд, ки ихтилофоти Арг бо Ҷамъияти исломии Афғонистон дар ҳоли ҳал шудан аст, имрӯз Атомуҳаммад Нур дар саҳифаи фейсбукии худаш навиштааст, ки ҳеҷ тавофуқе сурат нагирифтааст.

Ба гузориши “Овопресс” Ато Муҳаммад Нур гуфтааст, то замоне, ки Арг ба хостаҳои Ҷамъияти исломӣ посухи равшан надиҳад мо ақибнишинӣ нахоҳем кард. Ӯ таъкид кардааст, ки намояндаи мо барои музокира бо Арг Салоҳиддин Раббонӣ аст ва ӯ салоҳият дорад аз тарафи Ҷамъияти тсломӣ вориди музокирот шавад. Салоҳиддин Раббонӣ вазири хориҷаи Афғонистон, ҳамзамон раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ва фарзанди Бурҳониддин Раббонӣ презинедти собиқи ин кишвар аст.

Чанде пештар расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки пас аз сафари вазири Амнияти Афғонистон ба Вилояти Балх ва музокира бо Ато Муҳаммад Нур тавофуқи аввалия ҳосил шудааст. Ихтилофот байни Ҷамъияти исломии Афғонистон ва Арги раёсатҷумҳурии ин кишвар аз ҳудуди 4 моҳи пеш оғоз шудааст ва бо вуҷуди беш аз 10 даври гуфтугӯҳо то ҳол ба натиҷа нарасидааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>