Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тоҷикистон аз моҳи апрел ба Ӯзбекистон барқ содир мекунад

$
0
0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ содироти барқи ин кишвар ба хориҷ, аз ҷумла ба Афғонистон афзоиш ёфта, интиқоли барқ ба Ӯзбекистон барқарор хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳар шабонарӯз 543 ҳазор киловатт соат барқ ба Афғонистон содир мекунад, ки аз моҳи апрел ин мизон афзоиш хоҳад ёфт.

Тоҷикистон дар соли 2017 ба Афғонистон 1 миллиарду 304 миллион киловатт соат барқ содир кард, ки қарор аст дар соли ҷорӣ ин шохис ба 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат бирасад.

Тавре хабаргузории Авесто иттилоъ додааст, пас аз барқарории дубораи хатҳои интиқоли барқи ин кишвар ба Ӯзбекистон аз моҳи апрели соли ҷорӣ, Тоҷикистон барқи бештаре ба ин кишвар содир хоҳад кард.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон акнун заминаи содироти 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ аз ин кишвар ба Ӯзбакистон фароҳам шудааст.

Дар остонаи нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 ва 10-уми марти соли ҷорӣ давлати Тошканд аз таъмиру тармими дубораи хатҳои интиқоли барқ миёни ин ду кишвар хабар дод, ки дар соли 2009 ба дастури Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон тахриб шуда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>