Сабаби худкушии ин шоҳзодаи Саудӣ талоши мақомҳои Англис барои ихроҷи вай аз ин кишвар унвон шудааст. Видеои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ӯ худро аз балкони як сохтмон ба берун партоб мекунад.
Расонаҳо аз худкушии як шоҳзодаи Саудӣ ба номи Бандар ибни Холид ибни Абдулазиз Оли Сауд дар фурӯдгоҳи Лондон хабар доданд.
Видеои кӯтоҳ аз ин худкушӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуда, ки нишон медиҳад вай худро аз балкони як сохтмон ба берун партоб мекунад.
Гузориш шудааст, ки дар Арабистони Саудӣ марги шоҳзода Бандар, бидуни ишора ба худкушӣ эълом шуд.
Ба рағми он ки падари Бандар ибни Холид ба муддати ҳафт сол подшоҳ буд, вай бар хилофи дигар шоҳзодагони Саудӣ аз ҷумла бародаронаш, ки дар замони зимомдори падарашон ба мақомҳои боло даст ёфтанд, ҳеҷ гуна фаъолияти сиёсӣ надошт ва вақти худро сарфи тиҷорат ва зиндагии шахсии худ мекард.