Вақте дар бораи кушта шудани як нафар дар пеши чашмони фарзандонаш қисса мекунанд, дар тасаввури шунаванда пораҳое аз филми ҳиндӣ ё наворҳои Афғонистону Сурияву Ироқ зуҳур мекунанд.
Вале Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари раҳбар ва поягузори ҳаракати мухолифи “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов шоҳиди қатли шавҳараш шуд. Ва ба мушкилоти печидаву гарони пешомада нигоҳ накарда, ба по хест, то ба тарбияи фарзандонаш идома диҳад. Дар бораи таҳдидҳо, зиндагӣ ва нақшаҳояш Ҳафизова дар мусоҳиба бо “Паём” қисса кард. Дар зинда будани Умар, ман танҳо вазифаи зан ва модарро доштам, баъди марги Умар вазифаи ҳам модар ва ҳам падарро иҷро мекунам. Зиндагӣ баъди Умар зиёд мушкил аст. Зиндагии моро метавон ба ду марҳала ҷудо сохт. Яке пеш бо Умар ва дигаре баъди марги Умар.. Замоне Умар зинда буд, бисёр лаҳзаҳои ширини зиндагии мо буд, баъди маргаш хама чӣ иваз шуд. Ман ҳам бо рафтани Умар фикр мекунам, дигар гаштам. Мисли солҳои пеш хушбахт нестам.Маро зарбаҳои зиндагӣ дарсҳои зиед дод. Ба ҳар ҳол шукр мегӯям, ки ҳамаи ин сахтиҳоро махсус барои ман имтиҳон дорад Худованд.
Умаралӣ нобаҳангом кушта шуд. Намедонист, ки тез реҳлат мекунад, аммо медонист дар роҳи хатарнок қадам гузоштааст. Орзу дошт фарзандонаш чандин забонро омӯзанд ва дар роҳи ислом бошанд. Ҳатто дар дохили Тоҷикистон писари калониям дар мактаби байналмиллал бо забони англисӣ мехонд. Духтари калониям Оиша бошад, аз синни 5 солагӣ Қуръон мехонд. Зиёд мехост фарзандонаш Қуръон хонанд. Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки орзуҳои Умар амалӣ амали шаванд.
Писарам Абубакр, мехохад мисли падараш точиру корчалон шавад. Ӯ 14 сол дорад, дар мактаби пулис мехонад. Писаронам ҳарду озод бо англисӣ ва франсузӣ гап мезананд. Абӯбакр ба варзиш машғул аст, хоккей бозӣ мекунад. Худованд донотар аст, барои ояндаашон. Дуоъ мекунам, ки ояндаи хубе дошта бошанд.Чор нафари дигараш холо хурданд.
Оиша метарсад, ки маро ҳам гум накунанд. Ягон ҷо равам тез-тез аҳвол мепурсад ва мегӯяд “ман метарсам, ки туро ҳам гум накунем. Марги падар барояшон таъсири сахт расондааст. То ҳол бо ман дар як хона мехобанд, шаб метарсанд. Ягон рӯзҳое ҷанг кунам, гиря мекунанд, ки падарам зинда мебуд, намемонд моро ҷанг кунӣ.. бепадари зиёд сахт аст. Кӯшиш мекунам ҳадис хонам ва аз зиндагии пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в) мисол орам, ки чӣ тавр бо ин бузургӣ аз падару модар махрум гашт ва чӣ азобҳоро пушти сар кард. Бисёр хобаш мебинам. Ҳолатҳое, ки бисёр зиқ бошам, хобам меояд. Ман ростӣ шавҳарамро зиед дӯст медоштам ва фикр мекунам ӯ хамеша бо ман аст. Ҳеҷ гоҳ фармӯшаш намекунам. Ӯ дар қалби ман аст, баъди маргаш зиндагии ман, танҳо ба хотири Худост. Ҳукумати Рахмонов шавҳари маро кушт. Ман инро бо боварии комил мегӯям. Қотилони шавҳари ман роҳзанони Раҳмонов ҳастанд. Ва ба онҳо гуфтаниям, ки оё шумо зан, фарзанд, хоҳар надоред, ки чунин корро кардед? Чӣ тавр тавонистед инсони бегуноҳро пеши зану фарзандонаш бикушед? Оё шумо мусалмонед? Ҳеҷ гоҳ намебахшам, қотилонро! Агар дар ин дунё ҷазо надиданд, ҳатман пеши Худо барои ин кори кардаашон ҷавоб медиханд. Ҳамеша ба ман савол медиҳанд ва маломат мекунанд, ки чаро рафтед? Намерафтед Умар зинда мемонд. Ё ин ки кӣ паронд шавҳаратро? Чаро ӯ мурду ту зинда мондӣ? Чаро пеши шавҳаратро нагирифтӣ? Ба ҳамаи инҳо посух доданиям, ки агар пеши роҳи маргро гирифта метавонед, пеши роҳи марги худро гиред! Ва аз ояҳои Қуръони Карим гуфтаниям: Эй касоне, ки имон овардаед, монанди кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд. Худо ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯст, ки корҳои шуморо мебинад! |