Пулиси байналмилал иттиҳомоти Душанбе алайҳи мухолифонашро эътироф намекунад — менависад рӯзномаи “Независимая газета”-и Русия дар гузорише, ки тарҷумааш дар зер оварда мешавад.
Интерпол ба мақомоти Тоҷикистон дар бораи аз рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯи байналмилалибуда берун кардани Муҳиддин Кабирӣ — раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Қамариддин Афзалӣ — узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ иттило додааст. Дар асоси моддаҳои 2 ва 3-и Оинномаи Интерпол, онҳо таъқибшаванда барои ақида эътироф шудаанд ва дигар дар Red Notice (рӯйхати сурх)-и пулиси байналмилал нестанд. Мақомоти Тоҷикистон аз ин қарори Интерпол изҳори бехабарӣ карданд.
Тоҷикистон 35 аъзои ҳизби дар ин кишвар мамнӯъи Наҳзати исломиро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст. Ҳамаи онҳо дар ҳаросафканиву (терроризм) ифротгароӣ (экстремизм) муттаҳам мешаванд. Вале ба созмонҳои байналмилал муяссар шуд собит кунанд, ки аъзои ҲНИТ-ро танҳо бо далоили сиёсӣ таъқиб мекунанд. Аввалин шуда аз рӯйхати дар ҷустуҷӯбудаҳо раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳазф шуд. Чанд рӯз қабл департаменти ҳуқуқии дабирхонаи кулли Интерпол баёнияеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад Қамариддин Афзалӣ ҳам дигар “дар рӯйхати сурхи (Red Notice) Интерпол нест ва дар ҷустуҷӯ қарор надорад”. Дар баёния гуфта мешавад, ки қаблан ӯ аз тарафи пулиси байналмилал дар ҷустуҷӯ қарор дошт, вале дигар ӯ гумонбар нест. “Интерпол комилан мутақоид аст, ки Афзалиро бо далоили сиёсӣ таъқиб мекарданд ва далелҳои пешниҳодкардаи мақомоти Тоҷикистон пурра бофташудаанд” — гуфтааст вакили дифоъи у Анас Кефедер.
“Қарори Интерпол ба ин маънист, ки муҳимтарин созмони пулиси байналмилал иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон алайҳи ман ва ҳамҳизбонамро эътироф намекунад. Бо дарназардошти ин ки Тоҷикистон узви ин созмон аст, раҳбари феълии он намояндаи Чин ва ҷонишинаш намояндаи Русия мебошад, аҳамияти қарори қабулкардаи ин ниҳод барои мо бамаротиб бештар мешавад. Интерпол яке аз созмонҳои байналмилалие аст, ки кишварҳои худкома ҳамеша дар таъассуб муттаҳам мекунанд” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ ба НГ.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷустуҷӯи Қамариддин Афзалӣ ҳам даст кашидани Интерпол, аз он дарак медиҳад, ки масъулини ин созмон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро бо далоили сиёсӣ таъқиб мекунад. “Акнун ба мо зарур аст механизми ҳуқуқиро дуруст истифода намоем, то ҳамаи ҳамҳизбонамон аз ин рӯйхат хориҷ гарданд. Ин метавонад вақти зиёдеро талаб кунад, вале мо барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳоямон истифода хоҳем кард,” — гуфт Кабирӣ. Раҳбари ҲНИТ мегӯяд “мақомоти Тоҷикистон имрӯз чунин вонамуд мекунанд, ки ҳеҷ коре нашудааст ё онҳо чизеро намедонанд”. “Вале дар номаи расмии Интерпол қайд гардидааст, ки дафтари миллии Интерпол дар Душанбе ҳамроҳ бо тамоми мақомоти маҳаллӣ дар ҷараёни қарори қабулшуда гузошта шудааст. Дар мактуб ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳақи бори дигар ворид кардани номи ман ба рӯйхати ҷустуҷӯро надоранд”, — қайд кард Кабирӣ.
“Аз аввал маълум буд, ки иттиҳомҳо алайҳи ҲНИТ заминаи сиёсӣ доранд ва қарори Интерпол ҳам инро тасдиқ кард. Ва ин амри табиист. Ин аз он дарак медиҳад, ки Интерпол танҳо ҳомии манофеъи ин ё он режими сиёсӣ нест. Дар ин робита суолҳое на ба Интерпол ва на ба раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, ки ангезаашон маълум аст, балки ба созмонҳое мисли СҲШ ва СПАД пайдо мешаванд, ки ҲНИТ-ро ба рӯйхати мамнӯъиятҳо ворид кардаанд. Ин қарорҳои СҲШ ва ОДКБ эҳтимолан аз ҳамбастагии нухбагони сиёсии кишварҳои узви ин созмонҳо бо Душанбе об мехӯрад” — гуфт ба НГ таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна Александр Князев.
Хотиррасон мекунем, ки Кабири Тоҷикистонро тахминан ним сол қабл аз қиёми мусаллаҳонаи собиқ ҷонишини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода, баъди интихоботи парлумонӣ дар 1 марти соли 2015, ки ҳизбаш ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд, тарк кард. Дертар Кабирӣ эълон кард, ки Тоҷикистонро аз хавфи ин ки алайҳаш парвандаи ҷаълӣ тартиб дода хоҳад шуд, тарк кардааст. Мақомоти Тоҷикистон Кабириро дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва ҳамдастӣ дар кудатои анҷомнашуда айбдор карданд. Ҳамон рӯзҳо Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ба ҳаросафканӣ, ифротгароӣ, кӯшиши табаддулоти давлативу сарнагункунии сохтори конститутсионӣ ва куштор муттаҳам карда, муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаитро ба ҳабси абад маҳкум сохт. 11 нафари дигар барои 14 то 28 сол равонаи зиндон шуданд. Кабирӣ тибқи баъзе манобеъи расмии Тоҷикистон, ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳамроҳ бо ҳукми ҳабси аъзои Шӯрои сиёсиаш, худи ҲНИТ созмони ифротгаро эътироф ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ гашт. Дар сентябри соли 2016 ҳамаи ин маълумот дар сомонаи Интерпол пайдо шуданд.
Созмонҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва Иттиҳодияи Аврупо он замон аз ҳукми додгоҳ интиқод карданд ва онро “таҳқири адолат” номиданд. Онҳо парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи аъзои ҲНИТ-ро ангезаи сиёсидошта хонданд. Раҳбари идораи HRW дар Осиёи Миёна Стив Свердлов дар сӯҳбар бо хабарнигори НГ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро “бадтарин дар Осиёи Миёна” номид. Ба андешаи ӯ, бинобар фишори мақомот дар ду соли охир фирори шаҳрвандон аз Тоҷикистон бештар шудааст.
Коршиносон тахмин мезаданд, ки баъди манъи ҲНИТ ҷавонон ба тарк кардани Тоҷикистон оғоз хоҳанд кард. Пеш аз ҳама ин таҳлил аъзои ҲНИТ-ро дар назар мегирифт, ки ширкат дар ҷанги Сурия дар сафи ДИ-ро (Давлати Исломӣ — созмоне, ки дар Русия мамнӯъ шудааст) пешбинӣ мекарданд. Ин таҳлилҳо, тибқи гуфтаи Кабирӣ, дар ҳаҷми хеле кӯчаке амалӣ шуданд. “Мошини таблиғотии Тоҷикистон ҳама корро карда истодааст, ки вуҷуди робитаи ақидавиро байни ҲНИТ ва ДИ собит кунад ва дар ҳамин ҳол таъкиди аслӣ бар номи ҳизби мо карда мешавад, ки калимаи “ислом” дар он вуҷуд дорад. Натиҷаи ин сиёсати нодурбинона алъон танҳо афзоиши нобоварӣ ба худи мақомот шудааст. Қарори Интерпол бошад беҳтарин далел бар ин аст, ки мо ҳеҷ нисбате бо ДИ надорем” — қайд кард Муҳиддин Кабирӣ.