Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Русия 23 дипломати Бритониёро ихроҷ мекунад

$
0
0

Вазорати хориҷаи Русия эълон кардааст, ки имрӯз, 17 март сафири Бритониё дар Маскав Л. Бристоу ба ВКХ-и Русия эъзом шуда ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шудааст.

Дар нота омадааст, ки “дар посух ба ҳаракоти иғвоангезонаи ҷониби бритониёӣ ва муттаҳамсозии бидуни далели Федерасюни Русия дар робита бо ҳодисаи шаҳри Солсбери (Бритониё) дар 4-уми март, аз ҷониби Русия чунин дар посух чунин қарор қабул гардид:

23 корманди дипломатикии Сафорати Бритониё дар Маскав  «persona non grata» эълон шуда, дар муддати як ҳафта аз Русия ихроҷ карда мешаванд.

Бо назардошти набудани паритет дар консулгариҳо, розигии Федератсиюни Русия ба кушодашавӣ ва фаъолияти Консулгарии кулли Бритониё дар Санкт-Петребург бозхонд мешавад…”

Чанд рӯз қабл Вазораи корҳои хориҷии Бритониё эълон крада буд, ки 23 дипломати Русия аз Ландан ихроҷ мешаванд.

Муносибати бе ин ҳам сарди ду кишвар баъди заҳролуд карда шудани собиқ сарҳанги ГРУ-и Русия Сергей Скрипал ҳамроҳ бо духтараш дар Солсберии Бритониё сардтар шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>