Маркази ҳуқуқи башари Фаластин «Ал-мизон» эълом кард, соли 2017 бадтарин сол дар таърихи навори Ғазза дар заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва беҳдошти буд.
Асом Юнус, раиси маркази ҳуқуқи башар«Ал-мизон»-и Фаластин имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Ғазза изҳор дошт: соли 2017 бадтарин сол дар таърихи навори Ғазза дар заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва беҳдошти буд.
Вай ҳамчунин афзуд: «Агар вазъияти кунунӣ идома ёбад, авзоъ дар оянда бадтар хоҳад шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ростои рисолати худ бар Исроил фишор биёварад то қавонини байналамилалиро риоят кунад ва муҳосираи Ғаззаро поён диҳад.
Муҳосираи навори Ғазза тавассути Исроил аз соли 1967 бесобиқа буда ва таъсири ҷиддӣ бар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ доштааст ва тақсими Фаластин байн фатҳ ва Ҳамос буҳрони ҷомеаро амиқтар кардааст.
Аз давлати оштии миллии Фаластин мехоҳем иқдомоти худ дар навори Ғазза монанди водор кардани ҳазорон корманд ба бознишастагӣ пеш аз мавъид, коҳиши ҳудуди 50 дарсади ҳуқуқ онҳо, қатъи барқ ва коҳиши дармон ва таҷҳизоти пизишкиро мутаваққиф кунад».
Яке аз фаъолони ин марказ тайи суханоне дар ин нишаст гуфт: “Соли гузашта 54 мариз, ки ба далели муҳосира натавонистанд барои дармон ба хориҷа сафар кунанд, ҷони худро аз даст доданд. Нисбати бекорӣ дар миёни ҷавонон ва занон ба тартиб ба 60 ва 85 дарсад расидааст. Замини кишоварзӣ дар натиҷаи симпошӣ тавассути артиши Исроил ва ба далели коҳиши барқ ва об осеб дида аст».
Беш аз 1.9 миллион нафар дар навори Ғазза аз сол 2007 то кунун таҳти муҳосираи шадиди Исроил ба сар мебаранд. Исроил алорағми вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, муҳосираи дарёӣ ва заминии худ алайҳи Ғаззаро идома медиҳад.