Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Чаро гоҳе худро шарики Худо медонем?

$
0
0

Достони ронда шудани шайтон аз даргоҳи Худовандро ҳамагон медонанд ва дар ин бора борҳо шунидаем. Аммо дар бораи гуфтугӯе, ки миёни шайтон ва Худованди маннон сурат гирифтааст, диққат намекунем.

Вақте ки шайтон ба Парвардигори худ саҷда накард, Худованд ба ӯ чӣ гуна муносибат намуд? Худованд на ӯро нобуд кард, на ба фариштагонаш дастур дод, ки ӯро саркӯб кунанд, на ӯро маҷбур ба саҷда кардан намуд ва на мушкили дигаре барояш эҷод кард. Балки ба ӯ фурсат дод.

Биёед, бо ҳам ин мунозираро аз забони Қуръон бихонем!

Худо: Эй Иблис! Чӣ чиз монеи ту аз саҷда кардан бар махлуқе шуд, ки бо дастони худ офаридам. Оё такаббур кардӣ ё аз бартариҷӯён ҳастӣ? (сураи Сод, ояти 75)

Шайтон: Ман аз ӯ (одам) беҳтарам, маро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил. (сураи Аъроф, ояти 12)

Худо: Хориҷ шав. Ту рондашуда аз даргоҳи ман ҳастӣ. Ва лаънати ман бар ту то рӯз қиёмат хоҳад буд. (сураи Сод, ояти 77-78)

Шайтон: Парвардигоро! Маро то рӯзе, ки инсонҳо зинда карда мешаванд, мӯҳлат деҳ. (сураи Сод, ояти 79)

Худо: Ту аз мӯҳлат додашудагонӣ, вале на то рӯзи растохез ва мабъус шудани халоиқ, балки то рӯз ва замони муайян. (сураи Сод, ояти 80-81)

Шайтон: Ба иззатат савганд, ки ҳамаи онҳоро, ба ҷуз бандагони боихлосат гумроҳ хоҳам кард. (сураи Сод, ояти 82-83)

Он гоҳ аз пешу пас ва аз чапу  рост бар онҳо ворид мешавам. Ва бештаринашонро шукргузор нахоҳӣ ёфт. (сураи Аъроф, ояти 17)

Худо: Ба ҳақ савганд ҳақиқатро ме‏гӯям, ки ҷаҳаннамро аз ту ва ҳар кадом аз онон, ки аз ту пайравӣ кунанд, пур хоҳам кард. (сураи Сод, ояти 84-85)

Мебинем, ки дар ин ҷо Худованд дорои барномаи хосе ҳаст ва он ҳам хилқати инсон ва ҳидояти ӯ дар роҳи хайру саодат. Аммо шайтон маҳз бо ҳамин барномаи Худованд мухолифат мекунад. Ҳатто ӯ аз Худованди меҳрубон фурсат мехоҳад, то бо ин барномаи илоҳӣ мухолифат кунад. Ӯ мегӯяд: Ба ман фурсат бидеҳ. Ман ҳамаи инҳоро гумроҳ хоҳам кард. Аммо боз ҳам Худованд ӯро нобуд намекунад. Балки ба ӯ фурсат медиҳад ва танҳо ӯро аз оқибати кораш огоҳ мекунад, ки ту ва пайравонатро дар охират дӯзах интизор аст.

Вақте Худованд бо мухолифи худаш, ки шайтон аст ва ошкоро мегӯяд, ки бандагонатро гумроҳ мекунаму бо барномаи ту мехолиф ҳастам, ин гуна муносибат мекунад, чаро мо мехоҳем бо илми камтаринамон даҳони ҳамаро бандем? Вақте як нафар мусалмон бардошти дигаре аз як масъала дорад, чаро мо таҳаммулашро надорем? Оё бо ин корамон мо худро шарик ва ё ҳатто донотару болотар аз Худо намедонем?

Ба ибораи дигар Худованд ӯро аз доираи мансабдорон ва наздиконаш берун кард, вале на зиндонаш карду на аз ҳаёт маҳрумаш намуд.

Бузургтарин зулме, ки имкон дорад дар ҳаққи одам раво дошта шавад, иҷборан таҳмил намудани андешае болои ӯст.

Парвардигори ҳастӣ маслиҳати моро хуб медонад ва огоҳ  ҳасту салоҳро дар ин дидааст, ки ҳар шахсеро бо системаи физикӣ ва рӯҳии муайян ва муносиб ба худаш биёфарад, ки натиҷаи ин офариниш гуногуншаклӣ ва гуногунандешӣ ба назар мерасад.

Ба таври мисол Худои мутаъол мефармояд:

«Ва аз нишонаҳои илоҳӣ, офариниши осмонҳо ва замин ва тафовути забонҳо ва рангҳои шумост. Ҳамоно дар ин амр барои донишмандон нишонаҳои қатъӣ аст». (сураи Рум, ояти 22)

Бино бар ояти мазкур ва оятҳои гуногуни дигар ба ин нуктаи зариф хоҳем расид, ки танаввӯъ ва дигарандешӣ аз суннатҳои илоҳӣ аст.

Фарқе надорад, ки ин ихтилоф дар ҷинс бошад ё ранг ва ё фикр…

Дар асри кунунӣ шоҳиди мавҷҳои азиме аз афкор ҳастем, ки талош мекунанд, бо ин суннати илоҳӣ, яъне танаввӯъпазирӣ биҷанганд ва онро аз саҳнаи рӯзгор маҳв созанд!

Баъзе аз гурӯҳҳо ҳатто барои тавҷеҳи ин амали зиддидиниашон аз дег ҳам далел меоваранд. Ба хусус баъзеҳо таҳаммули шунидани як сухани мухолиф бо бовари худашонро надоранд. Ғофил аз он ки Худованд ҳатто шайтонро ҳам таҳаммул кард, дар ҳоле, ки метавонист дар як лаҳза ӯро нобуд созад.

Касоне, ки мехоҳанд ҳама дар фикр, бовар ва эътиқод шабеҳи онҳо бошанд ё ба таъбире худро соҳиби ҳақи мутлақ мепиндоранд, чаро аз ин суннати илоҳӣ пайравӣ намекунанд?

Худованд мефармояд:

Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи мардумро як уммат (бидуни ҳеҷ гуна ихтилоф) меофарид, вале онҳо ҳамвора мухталифанд.  (сураи Ҳуд, ояти 118)

Ин  оят ва муносибати Худованд бо шайтон баён медоранд, ки Парвардигор дар муомила бо махлуқоташ аз иҷбор истифода накардааст, балки дӯст медорад, ки ҳама озодандеш бошанд.

Ба назар мерасад дар тӯли замон бархеҳо бардоштҳои худашонро аз дин ҷойгузини усули аслӣ кардаанд ва корро то онҷо расондаанд, ки мегӯянд, бояд ҳама мисли мо бошанд, танҳо роҳи наҷот мо ҳастем, дигарон дар гумроҳии комиланд, ҳар чӣ мо медонем ва мегӯем  ҳаққи мутлақ аст.

Тамоми ин боварҳо ва гуфторҳо бо ҳаққи мутлақ будани Аллоҳ дар таноқуз аст. Гӯё  алъаёзу биллоҳ худро баробар бо Худо медонанд. Албатта ин аз рӯи ноогоҳист ва амдан чунин намекунанд. Вале мушкил ҳам дар ҳамин камогоҳиву ноогоҳии мост.

Бобоҷон Қаюмзод


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>