Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳаводорони тими Ливерпул ва Муҳаммад Салоҳ мусалмон мешаванд

$
0
0

Бино ба ба гузориши пойгоҳи хабарии «Арабӣ 21» яке аз ҳаводорони тими футболи Ливерпули Бритониё, тариқи саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер мусалмон шуданашро бо такрор кардани шаҳодатайн эълон кардааст.

Ин мухлиси “Ливерпул” дар саҳифаи расмияш «Liverpool Family» мегӯяд он маҳорате ки дар ин мавсим ситораи мисрӣ Муҳаммад Салоҳ аз худ нишон дода истодааст, бисёр мафтун кунанда аст ва илова мекунад ки расман мусалмон шудааст.

Ҳамин тавр дар саҳифае, ки зиёда аз 50 ҳазор хонанда дорад, ин ҳаводор менависад: «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ ва Ашҳаду ана Муҳаммадан Расулуллоҳ».

Бояд тазаккур дод, шанбеи гузашта дар бозии байни дастаҳои Вотфурд ва Ливерпул дар даври 31-уми мусоюиқоти футболи Бритониё, ситораи футболбози Мисрӣ Муҳаммад Салоҳ аз панҷ ҳадафи бе ҷавоби тимаш чортои онро, ки «супер ҳетрик» номида мешавад, ба тасвиб расонид.

Муҳаммад Салоҳ аз беҳтарин голзанҳои даври навбатии мусобиқоти футболи Британиёи  ба шумормеравад. Ӯ шумораи голҳояшро ба 28 расонида, байни бозингарони тимҳои Англия дар ҷои аввал  қарор гирифта аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>